Вокуниш ба мақолаи «Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ беҳбудӣ мехоҳад» («Омӯзгор», №3 аз 25 январи соли 2025)
Дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» (№3 аз 25 январи соли 2025) мақолаи сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Маҷидов ва рӯзноманигор Ш. Раҷабзод таҳти унвони «Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ беҳбудӣ мехоҳад» ба нашр расида, дар он тибқи нақшаи кории вазорат вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Бобоҷон Ғафуров мавриди санҷиш қарор дода шуд. Зимни санҷиш, ҳамзамон, ба масъалаҳои сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, маблағгузорӣ барои ғизо, иҷрои барномаҳо дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳ карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳо, вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд низ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Хушбахтона, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ба истиснои баъзе аз камбудиҳо вазъ хеле хуб ба назар мерасад. Ҷиҳати иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар (аз 21.05.2022) оид ба баргардондани муассисаҳои томактабӣ, ки ғайримақсаднок истифода мешаванд, шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд корбарӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, дар ин самт аз 3 муассисаи ғайримақсаднок фаъолияткунанда 2 адад муассиса баргардонида шуд. Ҳамчунин, дар муддати се сол ду муассиса бунёд ва ду муассисаи томактабӣ азнавсозӣ гардид.
Албатта, зимни таҳлил ин аснод дар мақола ба таври комил оварда шудааст. Оид ба фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Хуҷанд низ пешрафтҳои назаррас мушоҳида мешавад. Тибқи маълумоти дастрасгардида, фарогирии кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2022 58%, дар соли 2023 62%, соли 2024 65 фоизро ташкил медиҳад, ки аз натиҷаҳои беҳтарин маҳсуб мешавад.
Дар идома бо таҳлилҳои амиқ ҳолати санитарӣ, раванди таълиму тарбия, таъминот бо ҷойи хоб, иҷрои талаботу стандартҳо дар муассисаҳои томактабӣ мавриди санҷиш қарор дода шудаанд. Дар ин самт ба таври мушаххас вазъи кӯдакистонҳои №20 ва №18-и шаҳри Хуҷанд таҳлил гардида, барои ислоҳи камбудиҳо тавсияҳои судманд пешниҳод карда шудааст. Аз ҷумла, оид ба ҳолати санитарӣ, мувофиқати нақшаву барномаҳои таълимӣ, зиёд будани шумораи кӯдакон дар гурӯҳҳо, назорати дохилимуассисавӣ ва ғайра пешниҳодҳо ироа гардидааст, ки дар ин самт шуъбаи маориф корбариро пурзӯр намуда, масъулинро муваззаф намуд, ки барои ислоҳи саривақтии камбудиҳо дар муассисаҳои зикршуда ва дигар кӯдакистонҳо чораҳои фаврӣ андешанд.
Ба ҳамаи мудирони кӯдакистонҳо ва мураббиён супориш дода шуд, ки матлаби мазкурро хонда, барои ислоҳи камбудиҳо тадбирҳои зарурӣ биандешанд. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамкориро бо васоити ахбори умум дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, матбуотро ҳамчун оинаи ҷомеа инъикосгари дастоварду комёбиҳои аҳли маориф ва ошкоркунандаи камбудиҳои мавҷуда дониста, барои ислоҳи камбудиҳои дар мақолаи мазкур овардашуда, тадбирҳои саривақтиро роҳандозӣ менамояд.
Мадинахон САЛИМЗОДА,
мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд













