Аз таҷрибаи талх бояд ибрат гирифт

Дар замони муосир терроризм ва экстремизм ба яке аз мушкилоти хатарзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мубаддал гардида, кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст. Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҳудуди ҷуғрофии амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои пасошуравӣ роҳ ёфтанд. Дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ дар заминаи буҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ дар байни пайравони дини ислом тамоюли боло рафтани сатҳи таъсири ҷаҳонбинии динӣ шиддат гирифт. Баъд аз хурӯҷи неруҳои Шуравӣ аз Афғонистон дар фаъолияти аксар ҳизбу созмонҳои исломӣ тамоюли қудратталабӣ авҷ гирифта, дар зери таъсири онҳо исломи сиёсӣ мавқеъ пайдо кард. Ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар Тоҷикистон боис шуд, ки баъзе гурӯҳҳои иртиҷоъпараст ва кишварҳои манфиатдор онҳоро сӯйи худ ҷалб кунанд. Ба кишвар созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ва хатарнок ворид шуданд. Ин ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ дар даҳсолаи нахустини даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди кишвар мавқеъ пайдо карда, дар низоми ҳуқуқию сиёсии давлат халал ворид карданд.

Муборизаи сиёсии созмонҳо ва ҳаракатҳои тундраву ифротгаро дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ омили нахустини буҳрон ва муташанниҷ шудани вазъи ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар гардид. Аз ин рӯ, бо дарназардошти таҷрибаи солҳои 1990-92 барои Тоҷикистони тозаистиқлол зарурат пеш омад, ки низоми сиёсиеро интихоб кунад, то ин ки тавозуни идеологиро дар ҷомеа таъмин намуда, мақом ва нақши арзишҳои миллӣ ва диниро дар ташкили давлатдории миллӣ муайян созад. Аз ин лиҳоз, мардуми тоҷик низоми давлатдории дунявиро, ки дар низоми давлатдории кишварҳои ҷаҳон мавқеи хосса дорад, интихоб карда, мақому нақши онро дар доираи низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд. Принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ дарҷ гардида, дар он дунявият ҳамчун низоми давлатдорӣ ба расмият дароварда шудааст.
Бояд қайд кард, ки вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки ба сифати қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа шинохта шудаанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд.
Таҷрибаи талхи ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ ба мо нишон дод, ки дар зери таъсири созмонҳои террористӣ ва ифротгаро қарор гирифтани гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа оқибатҳои номатлубро ба миён овард. Намояндагони ин созмонҳо то ҳол дар кишварҳои хориҷа қарор гирифта, амалҳои хушунатомези худро идома дода истодаанд. Таҳлил ва омӯзиши равандҳои солҳои охир ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ ва терроризм имрӯз ба як василаи идеологии онҳо табдил ёфтааст. Ҳадафи аслии ин гурӯҳҳои хатарнок ноором сохтани ҷомеа, барангехтани низоъ ва ба гирдоби ҷангу ноамнӣ дохил кардани кишварҳои минтақа мебошад.
Як қатор гурӯҳҳо ва паймонҳои ифротгаро, ба мисли «Паймони миллӣ», бо такя ба ғояҳои ифротгароӣ тайи солҳои охир фаъолияти худро барои бадном кардани ҳукумати конститутсионии кишвар равона кардаанд. Ҳадафи асосии онҳо ба миён овардани фазои нобоварӣ дар миёни мардум, барангехтани кинаю адоват ва коҳиш додани эътимоди шаҳрвандон ба сохтори ҳукумати конститутсионии кишвар мебошад, ки хушбахтона, тирашон ҳамеша хок мехӯрад. Самти таблиғоти онҳо ба бадномсозии сохтори иҷтимоию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нодида гирифтани дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ равона гардидааст, ки итминон дорем, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳанд расид. Аз ҷумла, баъзе тоифа аз гурӯҳҳо, бо истифода аз сомонаҳо ва барномаҳои интернетӣ, аз ҷумла, тавассути як шабакаи ба андешаи худашон «маъруф», вале ифротгарову ихтилофкор, бо номи «Минбари муҳоҷир» пайвас­та, бо барномаҳои пур аз таҳриф ва дорои хусусияти иғвоангезиву ихтилофкорӣ ҷомеаро ба нооромӣ даъват менамоянд.
Ин гуна барномаҳо фақат ва фақат бо ҳадафи барангехтани кинаву адоват, тафриқаандозӣ дар як ҷомеаи муттаҳид ва халалдор сохтани ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, ба амнияти давлат ва суботи ҷомеаи мо таҳдиди ҷиддӣ ворид мекунанд.
Ашхосе, ки пайи иҷрои чунин амалҳо қарор доранд, танҳо барои чанд пайсаи ночиз, бо истифода аз арзишҳои аслию ахлоқии ислом, ки худ аз онҳо дур ҳастанд, меъёрҳои умумиинсонии рафтори шоистаро поймол намуда, модару Ватани худ ва ҳувияту асолати хешро бохтаанд.
Ҷомеаи сулҳпарвари Тоҷикистон дигар аз пайи ин гуна ҳувиятбохтагон намеравад ва имрӯз ин ҷомеа дар баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон ба камолоти сиёсӣ расида, қодир аст ҳақиқатро аз ботил, созандаро аз тахрибкор ва некро аз бад фарқ намояд. Аз ин рӯ, бо итминон метавон гуфт, ки иғвою фитнаҳои навбатии душманони миллат дигар наметавонанд ба шуури ҷомеаи огоҳи мо таъсир расонанд. Мардуми бофарҳанги Тоҷикистон дигар фирефтаи даъватҳои бардурӯғ ва ифротгароёна намегардад ва дар масири ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлатӣ ба таври устувор гом мегузорад.
Воқеияти аслие, ки имрӯз дар кишвар ҳукмрон аст, шаҳодат аз он медиҳад, ки дар як шароити мураккаби таърихӣ сарнавишти миллатро қаҳрамонони он таҳти роҳбарии худ гирифтанд. Бештар аз 30 сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати созандаю хирадмандонаи худ ҷомеаро ба сӯйи ваҳдат, субот ва рушди устувор раҳнамоӣ доранд. Маҳз тавассути натиҷаи роҳбарии чунин абармардон Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати мустақил, амн ва дорои мавқеи устувор дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст. Пас бояд тавассути ақли солим амал намуд.
Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки Ватани хешро дӯст медорад, вазифадор аст, ки аз ин неъмати бузург, аз шаҳди истиқлол, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ шукрона кунад ва онро пос дорад. Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванди он сарзамини муқаддас, мояи ифтихор ва бахти бузург мебошад.
«Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлоли миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст»,-чунин таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарафманди тоҷик. Пас мо бояд шукр кунем, ки Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро дорем, ки он шабеҳ ба биҳишт аст. Алалхусус, ҷавонони моро зарур аст пайрави Сарвари хирадманди худ бошанд, сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллатро дастгирӣ намуда, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва аз ҳар як ҳаракати номатлуб канораҷӯӣ карда, баҳри ободию пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.
Амиршоҳ АМИРАЛИЗОДА,

муаллими калони кафедраи метеорология, стандартикунонӣ ва сертификатсияи ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ, номзади илми техникӣ

Добавить комментарий