Ҳифзи ҳақиқат ё иғвои ҳадафмандона?!

Дар шароити муосир, ки фазои иттилоотӣ ба яке аз майдонҳои асосии бархӯрдҳои сиёсӣ ва идеологӣ табдил ёфтааст, соҳаи маориф низ аз таваҷҷуҳи гурӯҳҳо ва афроде, ки кӯшиши таҳриф намудани воқеиятро доранд, берун намондааст. Мутаассифона, имрӯз баъзе нафарон, ки берун аз Тоҷикистони азиз қарор доранд, бо истифода аз минбарҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсати давлат ва ҳукуматро дар самти маориф ҳадафи иғвогариҳои беасос қарор медиҳанд. Ин гуна суханон, ки аксаран аз воқеият дур буда, бар пояи эҳсосот ва ҳадафҳои ғаразнок такя мекунанд, наметавонанд рушди маорифро ба таври воқеӣ инъикос намоянд.

Соҳаи маориф дар сиёсати давлатии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Давлат ва Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба рушди низоми маориф ҳамчун пояи асосии пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд. Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, таҷдид ва навсозии инфрасохтори мавҷуда, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор ва ворид намудани технологияҳои муосири таълимӣ далели равшани ин сиёсат мебошад. Бо вуҷуди ин, иғвогарони дур аз Ватан кӯшиш мекунанд, ин дастовардҳоро нодида гирифта, бо истифода аз маълумоти якҷониба таҳлилу андешаҳои таҳрифшуда пешниҳод намоянд.
Яке аз хусусиятҳои асосии чунин иғвогариҳо дар он аст, ки онҳо аз таҳлили воқеъбинона ва муқоисавӣ канорагирӣ мекунанд. Мушкилоте, ки дар ҳар як низоми маориф вуҷуд дорад, ба шакли муболиғаомез нишон дода шуда, тадбирҳои амалӣ ва ислоҳоти пайгиронаи давлат қасдан сарфи назар мегарданд. Дар ҳоле ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки рушди маориф раванди пайваста ва марҳалавӣ буда, ислоҳот дар ин соҳа вақт ва заҳмати муштаракро талаб мекунад.
Давлат дар солҳои охир бо дарки амиқи нақши маориф дар ташаккули ҷомеаи донишбунёд як қатор барнома ва стратегияҳои соҳавиро амалӣ намуд. Тақвияти пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, дастгирии иҷтимоии омӯзгорон, ҷорӣ намудани стандартҳои нави таълим ва таваҷҷуҳ ба тарбияи насли худшинос аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки самаранокии худро нишон медиҳанд. Ин воқеиятҳо, ки бо далелҳо ва нишондиҳандаҳои мушаххас тасдиқ мешаванд, мутаассифона, дар суханони иғвогарон ҷой надоранд.
Бояд таъкид намуд, ки танқид дар соҳаи маориф, агар созанда ва масъулона бошад, метавонад омили беҳбудӣ гардад. Аммо онҳо бидуни дарки воқеияти дохилии низоми маориф, сатҳи омодагии омӯзгорон ва шароити иҷтимоии ҷомеа хулосаҳои беасос мебароранд, ки ҳадафашон бештар коҳиш додани эътимоди мардум ба сиёсати давлатӣ мебошад.
Дар ин раванд нақши омӯзгорон, муҳассилин ва ҷомеаи илмӣ муҳим аст. Онҳо бо фаъолияти касбӣ, дас­товардҳои илмӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифат метавонанд ҷавоби амалии чунин иғвогариҳоро диҳанд. Маҳз натиҷаҳои воқеии таълим ва тарбия беҳтарин далел дар радди суханони беасос мебошанд.
Ҷавонон низ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи низоми маориф бояд дарк намоянд, ки ояндаи онҳо ба сатҳи рушди маориф дар кишвар иртиботи мустақим дорад. Эътимод ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, иштироки фаъол дар равандҳои таълимӣ ва худтакмилдиҳӣ имкон медиҳад, ки онҳо зери таъсири таблиғоти берунӣ қарор нагиранд ва мавқеи огоҳонаи шаҳрвандиро нигоҳ доранд.

Фирӯза Сангмадова,
омӯзгори синфҳои ибтидоии мтму №4-и шаҳри Кӯлоб

Добавить комментарий