Тарбияи хонаводагӣ ва ташаккули шахсияти ахлоқӣ

Тарбия раванди ҳадафманди иҷтимоиест, ки тавассути он шахсият сохта шуда, барои хидмат ба ҷомеа омодаву равона мегардад.

Мушкили ахлоқие, ки солҳост дар ҷомеа тасаллут пайдо карда, қариб, ки ба эпидемия табдил ёфтааст, поин будани сатҳи эҳтиромдории насли наврасу ҷавон ба наслҳои бузургсоли ҷомеа аст.
Дар баробари анвои гуногуни тарбиятӣ (тарбияи ахлоқӣ, тарбияи ҳувиятӣ, тарбияи фикрӣ, тарбияи маданӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, тарбияи тафаккури танқидӣ, тарбияи миллӣ ва амсоли инҳо), тарбияи хонаводагӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Чунин хурдсолону наврасон дар хонавода нахустин гомҳои тарбиятиро бардошта, аз тими пуртаҷрибаи хонаводагӣ (бобою бибӣ, падару модар, бародарбузургу хоҳарбузург) алифбои тарбияро меомӯзанд.
Барномаи тарбиятӣ дар муҳити хонаводагӣ ва фазои ҷамъиятӣ аз тариқи ду равиши тарбиятӣ – равиши тарбиятии механикӣ ва равиши тарбиятии органикӣ роҳандозӣ мегардад. Равиши тарбиятии механикӣ бар асоси усулу мабодии тарбиятии асру солҳо тарҳрезишудаю шахшуда арзи вуҷуд карда, хонавода ва ҳам ҷомеа ба таври механикӣ дар иҷрои онҳо саъй мекунанд. Равиши органикӣ бошад, бар мабнои тағйироту таҳаввулоти тарбиятӣ ва эҳсосоти эҷодию зебоишиносии хонавода ва аъзои ҷомеа шакл гирифта, дар ҳоли тағйиру таҳаввул мебошад. Албатта, муҳит ва фазои берунӣ (манзур хориҷ аз хонавода: кӯча, бозор, мактаб, донишгоҳ, ташкилоту муассисот ва амсоли инҳо дар назар аст) низ дар кайфияти тарбиятӣ нақши калидӣ дорад, вале чигунагии тарбияти наслӣ аз муҳити хонаводагӣ сарчашма мегирад. Ба сухани равшантар, дар тарбияти насли наврасу ҷавон муҳити тарбиятии хонаводагӣ, аз як тараф ва фазои берунӣ, аз тарафи дигар, ба таври баробару мувозӣ таъсиргузоранд. Аз ин ҷо мувозинати тарбиятӣ дар муҳити хонаводагӣ ва фазои хориҷ аз хонавода ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, арзишҳои ахлоқие, мисли накукорӣ, мурувват, эҳсон, ёрмандӣ, эҳтиромдорӣ сараввал дар муҳити хонаводагӣ ташаккул меёбанд ва минбаъд ба хориҷ аз хонавода – ба фазои берунӣ мунтақил мешаванд. Дар воқеъ, баръакси ин равандро ҳам мушоҳида кардан мумкин аст: категория-мақулаҳои ахлоқии накукорӣ, эҳтиромдорӣ, масъулиятписандӣ, шарофатмандӣ, муҳаббатсолорӣ, дӯстдорӣ ва амсоли инҳо метавонанд дар муҳити атроф ташаккул ёфта, ҳангоми ҳамкориҳои иҷтимоӣ аз берун ба фазои хонавода интиқол шаванд. Дар зимн, ҳар қадар ки хонавода (оила) ба лиҳози тарбиятӣ мустаҳкам бошад, ҳамон қадар ба фазои хориҷӣ ва муҳити атроф метавон эътимод кард.
Ба ин тартиб, тарбия дар маънии васеи иҷтимоӣ, интиқоли таҷрибаи андӯхташудаи насли солманду калонсол ба наслҳои наврасу ҷавон аст. Таҳти мафҳуми таҷриба дониш, маҳорат, тарзи тафаккур, меъёрҳои ахлоқӣ, эстетикӣ, ҳуқуқӣ ва мероси маънавии инсоният фаҳмида мешавад. Дар ин робита, субъектҳои асосии тарбияти дар хонавода бобову бибӣ ва падару модар мебошанд ва агар ин табақа ё тоифа мактаби тарбиятиро дурустҳисобӣ гирифта бошанд, ҷараёни минбаъдаи тарбият ба таври решаӣ иҷро мегардад ва агар барномаҳои тарбиятии хонаводагӣ нодуруст таҳия гардида бошанд (аз ҷумла, инҳирофоти ахлоқие, мисли дуруштгӯйӣ, дағалӣ, дурӯғпароканӣ, фиребгарӣ, тақаллубкорӣ, бемасъулиятӣ, беадолатӣ дар барномарезиҳои хонаводагӣ ҷой дошта бошанд), ҳатман кӯдакро зери бор қарор медиҳанд ва шахсияти нодурустеро ба ҷомеа «ҳадя» менамоянд.
Эҳсоси масъулият ва эҳтиром нисбат ба бузургсолон ва эҳтироми насли солманди ҷомеа дар хонавода ташаккул ёфта, минбаъд дар муҳити атроф шакл гирифта, таҳаввул пазируфта, фазосозӣ мешавад. Агар муҳассаноти ахлоқие, мисли эҳтиромдорӣ ва накукорӣ нисбат ба бузургсолону солмандон дар ҷомеа тасаллут пайдо намояд ва дар шакли органикӣ (на хаотикӣ) нуфуз ёбад, ҳам хонавода ва ҳам муҳити берунӣ аз буҳронҳои ахлоқию ҳувиятӣ эмин мемонанд ва агар хонавода ва ҷомеа ба арзишҳои ахлоқии эҳтироммадорию накукорӣ дар қиболи бузургсолон бетафовут бошад, тадриҷан беарзишӣ дар ҷомеа тасаллут пайдо карда, пайомадҳои ногувореро ба дунбол хоҳад дошт. Ба ин маънӣ, қаҳрамонони асосии хонавода – падарбузургу модарбузург, падару модар ва насли нисбатан бузургсоли хонавода муваззафанд, ки бар асоси равиши тарбиятии органикӣ муҳассаноти ахлоқӣ: меҳру муҳаббат, дӯстдорӣ, покизагӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиромдорӣ, накукорӣ, ёрмандӣ ва амсоли инҳоро аввал худ доро гарданд ва пасон миёни аъзои хонавода (фарзандону пайвандон) тарғибу ташвиқ намоянд. Ба ин тартиб, хонавода ва ҷомеаи ахлоқӣ шакл мегирад ва арзишҳои ҳувиятию ахлоқӣ дар бастагӣ бо таҳаввулоти иҷтимоию маданӣ ниҳодина мешаванд.
Тарбият ва мутаносибан тарбияти ахлоқӣ вижагиҳои масъулиятшиносӣ, меҳрубонӣ, шафқат, некхоҳӣ, накукорӣ ва амсоли инҳоро дар худ фаро мегирад. Ҳар буҳрони ахлоқию ҳувиятие, ки сар мезанад, пеш аз ҳама, бар асари бетаваҷҷуҳӣ ва фориғболии масъулин, дастандаркорон, зиёиён ва насли миёнсолу калонсол иттифоқ меафтад.
Дар баробари сели таҳоҷумоти иттилоотӣ, фарҳангию маданӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳувиятию ахлоқӣ чӣ кор бояд кунем, ки миёни насли наврасу ҷавон эҳсоси масъулият, муҳаббат, накукорӣ ва некманиширо тақвият бидиҳем? Таваҷҷуҳ ба ин масъалаҳо зарур аст:
Якум. Бузургсолону миёнсолон бояд сараввал худ тавассути муносибати баланди ахлоқӣ: масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ, покдоманӣ, меҳрубонӣ, накукорӣ, ёрмандӣ ва амсоли инҳо намунаи ибрат бошанд. Он чи ки мегӯянд, аввал худ иҷро намоянд. Кӯдак чунон ҳассос аст, ки одитарин талаффуз, гуфтор, ҳарфзанӣ, кирдор ва амалу рафтори бузургсолонро ба мушиҳида мегирад ва бар мабнои фаҳмишҳои кӯдакона ва беғаши худ тасмим мегирад.
Дуюм. Ҷомеаи маданӣ, фаъолони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомоти марбутаи давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ватанӣ, зиёии миллӣ бояд дар боло бурдани сатҳи тарбиятии насли нав­расу ҷавон саҳмгузор бошанд.
Сеюм. Бетарафӣ, саҳлангорию бепарвоию фориғболӣ ба сарнавишти миллату давлат хатари ҷиддиест, ки ба он ба таври махсус таваҷҷуҳ бояд кард. Ҳар қадар бетаваҷҷуҳӣ дар ҷомеа зиёд гардад, ҳамон андоза буҳронҳои пайопай ҷомеа ва давлату миллатро дунболагир мешаванд ва аз пештафту тараққиёт бозмедоранд.
Чаҳорум. Нармгуфторӣ, хуштакаллумӣ, зебосуханӣ, меҳрубонӣ ва отифати инсонӣ бояд ба меҳвари умури иҷтимоӣ табдил ёбад ва дар ин кор, пеш аз ҳама, нақши бузургсолону солмандону миёнсолоне, ки дар вазифаҳои давлатӣ ва симатҳои расмӣ фаъолият мекунанд, калон аст. Хуштакаллумӣ, нарммуомилагӣ, хушсуханӣ, отифати каломӣ ва муҳаббати самимӣ ба барномарезии амалии ҳамагонӣ бояд бадал шавад. То ин масъала ба таври бояду шояд дар доираву муҳитҳои иҷтимоӣ ҳал нагардад, беҳбудии ҷиддии ахлоқиро миёни насли наврасу ҷавони ҷомеа интизор шудан хобу хаёле беш нест. Ин аст, ки ба ин масъала ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард.
Панҷум. Меҳрубонӣ, накукорӣ, ёрмандӣ, дӯстдорӣ, эҳтиром аввал дар муҳити хонавода роҳандозӣ мегарданд, пасон ба сатҳи иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Ҳар қадар авангардону пашравони иҷтимоию маданӣ дар татбиқи барномарезиҳои ахлоқию ҳувиятӣ саҳмгузор бошанд, ҳамон андоза имкони пешрафту шукуфоии маданӣ имконпазир мегардад.
Шашум. Тифл, кӯдак, наврас аз забони бузургсолони хонавода, аз ҷумла, бобою бибӣ ва модару падар нахустин муҳассаноти ахлоқӣ, аз қабили меҳр, муҳаббат, дӯстдорӣ, эҳтиромдорӣ, накукориро меомӯзад ва аз тариқи ҳамкориҳои хориҷӣ ба ҷомеа мунтақил месозад. Бинобар ин, нақши хонавода дар татбиқи барномарезиҳои муваффақи ахлоқию ҳувиятӣ хеле бузург аст. Дар ин робита, ба рушди хонавода ва оила дар кишвар ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард.
Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

Добавить комментарий