Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои бузургтарини замони Истиқлоли давлатӣ ба шумор рафта, кафили амният ва бехатарӣ, ҳифзи тамомияти арзии кишвар, таъмини зиндагии оромонаи мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот ба шумор рафта, рисолати худро бо сари баланд ва касбияти олӣ адо менамояд. Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қодир аст, ки аз ҳама гуна иғвою дасиса, марзшиканӣ, сӯиқасди ҳарбӣ, ошӯбу исёни зиддидавлатӣ, қонуншиканӣ, таҳдид ба амнияти кишвар ҷилавгирӣ намояд.
Дар он солҳои душвор, дар вазъи печидаи сиёсӣ ва авзои сангини иқтисодиву иҷтимоии даҳсолаи охири асри XX таъсиси Артиши миллӣ кори мураккаб ҳисоб меёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар он айёми душвор иброз медоранд: «Артиши миллии Тоҷикистон, ки дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи боэътимоди сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт».
Таъсиси нахустин ҷузъу томҳои Артиши миллӣ барои пойдор намудани сулҳу субот дар кишвар, барҳам додани ҳар гуна гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ нақши ниҳоят муҳим бозид. Дар саркӯб намудани ошӯбу исёни зиддидавлатӣ, гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва ҷиноятпеша Артиши миллӣ дар иртибот бо дигар сохторҳои қудратию интизомӣ таҷрибаи хуби ҷангӣ ҳосил намуд. Садҳо нафар низомиён шуҷоату қаҳрамонӣ зоҳир намуда, ба мукофотҳои олии Ватан сазовор гаштанд. Бисёре аз сарбозони асил барои ободию озодии Ватан, пойдор намудани сулҳу субот дар кишвар қаҳрамонона ҷон бохтанд ва номи худро абадан дар китоби таърихи Ватан сабт карданд.
Қатъи назар аз мушкилоти зиёди айём, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар майдонҳои ҳарб обутоб ёфта, таҷриба андӯхт ва бо мурури вақт ба артиши ботаҷриба мубаддал гашт.
Аз рӯйи омӯзишу тадқиқот ва таҳлили коршиносони масоили сиёсӣ, ҷараёну равандҳои иртиҷоии ҷаҳони муосир бештар густариш ёфта, ба амнияти минтақа ва ҷаҳон хавфу хатарҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд. Имрӯз доираҳои муайян ҳадафҳои нопоки худро пайгирӣ намуда, бо ҳар роҳу восита амалҳои террористиву ифротгароӣ анҷом медиҳанд ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаро тақвият мебахшанд, бо ин роҳу восита ба корҳои дохилии мамлакатҳои мустақил дахолат менамоянд ва вазъро муташанниҷ месозанд.
Дар паёмади афзудани зуҳуроти террористиву экстремистӣ, бархӯрди манфиатҳои қудратҳои ҷаҳонӣ истиқлоли бисёр кишварҳои олам таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст. Ин ҳолат зарурату фаъолияти Артиши миллиро бештар мекунад. Хушбахтона, Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ қудрату тавони барҳам задани ҳар гуна иғвою дасиса, рафъ намудани ҳар хатарро ба хоки кишвар доранд.
Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хидмат дар сафи Артиши миллиро барои худ мояи ифтихор меҳисобанд. Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои насли наврас муҳимтарин ва муқаддастарин мактаби обутоби ҳаёт ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ, Ватану ватанпарастӣ омӯхта, баҳри ҳифзи марзу буми кишвар бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ камар мебанданд. Вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпараст афзун намудани дастовардҳои истиқлол ва таҳкими рукнҳои давлатдорист, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»













