Сада аз давраҳои бостонӣ дар радифи Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудонопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.
Дар асоси сарчашмаҳои асотирӣ ва адабӣ шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.
Тибқи асотиру ривоят, кашфи оташ ва вобаста ба он истеҳсоли оҳан ва таҷлили ҷашни Сада боиси ба вуҷуд омадани бисёр касбу ҳунарҳои мардумӣ ва асбобу олоти корӣ гардидааст, ки имрӯз дар фаъолияти ҳаррӯзаи кишоварзон истифода мешаванд.
Моҳияти ҷашни Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил дода, мардум онро бо афрӯхтани гулханҳои бузург таҷлил мекарданд.
Сада ҳамасола 10-уми моҳи баҳмани солшумории ҳиҷрии хуршедӣ таҷлил мегардад, ки баробар ба 30-юми январи солшумории мелодӣ мебошад.
Ғояи асосии ҷашни Сада гиромидошти нуру рӯшноӣ ва гармӣ аст. Дар устураҳои бостонӣ омадааст, ки мардум бо афрӯхтани оташ фасли баҳор ва гармию равшаниро даъват мекардаанд. Муроду мақсади мардум аз баргузории он, оғоз намудани омодагиҳо ба корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ маҳсуб меёбад.
Оид ба шарҳи истилоҳи «сада» дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ андешаҳои гуногун зикр шудаанд. Аз ҷумла, машҳуртарин тафсири мардумии он ин аст, ки «сада» аз шумораи сад (100) гирифта шудааст ва иборат аз панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз будани замони расидани Наврӯзро ифода мекунад. Аммо ба ақидаи олимони устурашинос, истилоҳи «сада» аз калимаи «санд»-и авестоӣ ба маънои падид омадан, равшан ва зоҳир шуданро дорад, яъне, падид омадани равшанӣ ва гармӣ.
Ҳанӯз аз даврони хеле куҳан, ки забонҳои авестоию форсии қадим, аз як тараф, ведию санскритӣ, аз тарафи дигар, аз ҷиҳати сохти грамматикию захираи луғавӣ умумият доштанд, дар парастиши оташ, дар таҳияи нӯшобаи муқаддаси ҳаома (ба ҳиндӣ сома нӯшобаи оташбор), дар эътиқод ба сухани ҳакимона ва сеҳрангези мантра аз якдигар қариб тафовуте надоштанд.
Мувофиқати тақвими табиӣ, ки танзими ситораҳоро бо офтоб ва ҳисоби солшумори инсон ба вуҷуд овардааст, тақсими ҳаракати солонаи хуршедро миёни ҷирмҳои беҳаракат дар фосилаи 12 пораи баробар бо шумораи моҳҳои қамарӣ муқаррар мекунад. Онро, дар муҷмуъ, бурҷ мегӯянд. Ҳаракати офтобро миёни бурҷҳо бобулиҳо, тақрибан дар соли 500 то милод мушоҳида намуда, ҳар фосила ё пораро ба 30 дараҷа қисмат карада буданд. Сол бо ҳисоби табиӣ аз бурҷи Барра (Овен) оғоз меёбад, ки баробарии шабу рӯз аст. Бо воридшавии Офтоб ба бурҷи Саратон тобистон, ба Мизон тирамоҳ ва ба Ҷаддӣ зимистонро муқаррар мекунанд. Ин як навъи муайян кардани фаслҳои сол мебошад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сада дар кишвари фарҳангпарвари мо ҳамасола 30-юми январ ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки дар он ҷашҳои Меҳргон ва Сада расман дар рӯзҳои муайян таҷлил мешаванд.
Париноз МИРЗОЕВА,
омӯзгори таърихи МТМУ №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ













