Таълиму тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Фарзанд амонатест дар дасти падару модар, ки бояд бо дили пок ва ахлоқи хубу наку тарбия ёбад ва сазовори номи нек гардад.
Падару модароне, ки ин масъаларо дарк мекунанд, фарзандашонро бо покию назокат, меҳрубонӣ, ростию ҳақиқатпарастӣ, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмӣ, зебоӣ ва донишандӯзӣ ба воя мерасонанд. Мутаассифона, баъзан дар кӯчаю хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маъракаҳо бо наврасони беодоб вомехӯрем.
Чанде пеш ба мошини мусофирбар нишастам. Зане бо чаҳор писараш вориди мошин шуду ба ронанда ба ҷойи 10 сомонӣ 6 сомонӣ дароз кард. Ронанда ба зан гуфт, ки фарзандонатон калонанд, роҳкироро ба пуррагӣ пардохт кунед. Зан бо шунидани сухани ронанда бо қаҳру овози баланд дағалона ҷавоб дода, роҳкироро пардохт намуд. Сипас ба писаронаш амр кард, ки дар курсиҳо шинанду аз ҷой нахезанд. Аз ин рафтори зан дар тааҷҷуб мондам. Хостам ба зан нодуруст будани рафторашро фаҳмонам, аммо абрувони дарҳамкашидаю чеҳраи ғазаболудашро дида, худдорӣ кардам. Фарзандони ин зан чунин муомилаи модарро бо атрофиён дида, чӣ хулоса мебароранд? Чаро дар бисёр маврид одамон ба одоби муошират риоя намекунанд? Ман ин мавзуъро чандин сол мушоҳида карда, ба хулосае омадам, ки омилҳои асосии коста гаштани ахлоқи наврасону ҷавонон инҳоянд:
— муомилаи дурушти падару модар бо атрофиён дар ҳузури кӯдак;
— ҷангу ҷидоли падару модар дар назди фарзандон;
— аз ҳад зиёд эрка кардани фарзанд, сухани нодурусти ӯро сари вақт ислоҳ накардан;
— беаҳаммиятӣ ба тарзи либоспӯшӣ, хӯрокхӯрӣ ва муносибати кӯдак бо атрофиён;
— масъулият ва вазифаи худро бар дӯши падару модар гузоштан ва баръакс, аз масъулияти тарбияи кӯдакон худро канор гирифтани иддае аз омӯзгорон;
— аҳаммияти зарурӣ надодан ба рафтору ахлоқи кӯдак дар мактаб аз ҷониби роҳбарият ва омӯзгорон;
— бетарафии ҳамсояҳо, хешу табор ба амалҳои нодурусти наврасону кӯдакон.
Имрӯз тарбияи ахлоқии хонанда аз мадди назари баъзе муассисаҳои таълимӣ ва падару модарон дур мондааст. Баъзе хонандагон дар соати муайяншуда ба мактаб намеоянд, ё ки бе иҷозат аз мактаб баромада мераванд. Мутаассифона, роҳбарони синф ва омӯзгорон дар ин бора ба падару модари онҳо чизе намегӯянд. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, хонандагони дарсгурез дар ҳамин соатҳо ба кирдору амалҳои нодуруст даст мезананд. Яъне, дар ин ҳолат мушоҳида мешавад, ки ҳамкории мактабу оила дар таълиму тарбияи фарзанд ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Аз рӯйи анъанаи неки ниёгон модарон духтаронро дар наздашон шинонда, дӯхтани курта, яккабанд, ҷиҳак (шероза), бофтани рӯймолча, тӯри болишт, шарфу ҷӯробҳои пашминро меомӯзониданд. Ҳоло бошад, иддае аз модарон духтаронро дар паҳлуяшон шинонда, силсилафилмҳои туркӣ тамошо мекунанд, ки мазмуни аксари ин филмҳо ҷангу ҷидол аст, ки ин омил ба руҳия, рафтору гуфтор ва кирдори онҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар ҳамсоягии яке аз хешовандони мо оилаи тифоқе мезист. Зану шавҳар ҳаёти тинҷу осуда ба сар бурда, соҳиби ду писар ва як духтари зебо буданд. Духтари ягонаашон эркаю якрав ба воя расид. Чун ба шавҳар баромад, зиндагӣ кардан дар муҳити оилаи дигар барояш душвор буд, зеро дар хонаводаи шавҳар тарзу усули рӯзгордорӣ фарқ мекард. Духтари нозпарвардаи падару модар, ки аз уҳдаи ягон кори хона намебаромад, дар хонаи шавҳар тоқат карда натавонисту соле нагузашта, ба хонаи падару модараш баргашт.
Агар ҷавонону наврасон боахлоқу ботарбия, зиндагидӯст, ҳунарманду нексиришт ба воя расанд, ҷомеа пеш мераваду ҳодисаҳои нохуш дар зиндагӣ кам мешаванд. Яъне, ҷомеаи солим аз тарбияи дурусти хонаводагию мактабии фарзандон ва дилсӯзию ғамхории аҳли ҷомеа сарчашма мегирад.
Падару модаронро зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро ба пуррагӣ омӯзанд.
Аз таҷрибаи омӯзгорӣ ба чунин хулоса омадам, ки тарбия он гоҳ пуртаъсир ва муваффақ мешавад, ки хусусиятҳои руҳию равонии кӯдак омӯхта шавад. Чунин омил имкон медиҳад, ки бо лаёқат, малакаву истеъдоди кӯдак беҳтар шинос шавем. Ман моҳе ду маротиба маҷлиси падару модаронро гузаронда, масъалаҳои мазкурро ба миён мегузорам. Муҳити хубу ороми хонаводагӣ имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон боиродаву устувор ба воя расанд.
Фазолат УМАРОВА,
омӯзгори МТМУ №71-и шаҳри Панҷакент













