Омӯзгор, хонанда ва эҳтироми гумшуда

Ҳар субҳ, вақте садои занги мактаб дар кӯчаҳои шаҳр ё деҳоти мо танин меандозад, бо он садо рӯй ба гузашта меорам. Ба замоне ки омӯзгор дар ҷомеа мисли сутуни маърифат ва амонати ахлоқ буд. Чеҳраи равшан, қадамҳои ором, сухани андешидашуда ва нигоҳи пурмаънои ӯ ба мисли шамъ дар торикии ҷаҳолат равшанӣ меовард.

Субҳи барвақт, ҳанӯз офтоб пурра қуллаҳои кӯҳро фаро нагирифта, омӯзгор роҳ ба сӯйи мактаб мегирад. Дасташ пур аз китобу дафтар, чеҳрааш пур аз оромиш, вале дар зеҳнаш ҳазорон фикр мегузарад: чӣ гуна имрӯз ба кӯдак фаҳмонад, ки ададҳо танҳо рамзҳои беҷон нестанд, балки калидҳои фаҳмиши оламанд; чӣ гуна ба шогирди наврас дарси адабиётро на ҳамчун як фан, балки ҳамчун оинаи ахлоқ ва хирад бифаҳмонад?

Вақте омӯзгор аз кӯча мегузашт, мо-хурдсолон бо кунҷкобӣ ба дасти пур аз китобаш менигаристем. Он замон намедонис­тем, ки ин китобҳо танҳо коғаз ва матн нестанд, онҳо рӯшноие ҳастанд, ки фардои моро месозанд.

Ҳамакнун, ҳар гоҳ аз кӯчаи кӯдакиам гузарам, он рӯзҳоеро ба ёд меорам, ки омӯзгор дар зеҳнам бузургтарин шахсият буд. Ӯ дар ҳар як хона мисли меҳмони арҷманд пазируфта мешуд. Сухани ӯ на танҳо дар дарс, балки дар ҳаёти хонаводагӣ низ ҳукми қонун дошт. Падару модар, пиронсолу ҷавонсол, ҳама ба сухани устоду фармудаи ӯ эҳтиром доштанд. Вақте ӯ аз кӯча мегузашт, кӯдакон бо эҳтиром ба як тараф меистоданд, чашм ба замин медӯхтанд ва гӯё нафас дар гулӯяшон баста мешуд…

Дар он рӯзҳо мардум ба омӯзгор эҳтироми воло дошт. Ҳар хонадон ӯро бо самимият қабул мекард. Падару модар аз омӯзгор маслиҳат мепурсиданд, хонанда бо дили пур аз ҳавас ба дарс мерафт. Аммо имрӯз… Чаро он мақому мартабаи баланд, он муҳаббат ва эҳтиром коста гардид? Ва эҳсос мекунам, ки чизе аз даст рафтааст.

Замоне ки устод болонишин буд

Мо бо ифтихор мегуфтем: «Устодам чунин гуфт!» ва ин ҷумла барои ҳар кас далели ҳақиқат буд. Дар он солҳо падару модар худ фарзандашонро ба устод месупориданд ва мегуфтанд:

— Шумо устодед, ҳар чӣ лозим бошад, бигӯед, танбеҳ диҳед, аммо фарзандро ба одам табдил диҳед.

Ин на маънои сахтгирии беандоза дошт ва на маънои шиканҷа, балки боварӣ ба устод буд. Боварӣ, ки вай ҳам илму маърифат ва ҳам ахлоқро парвариш медиҳад. Омӯзгор мисли боғбон буд, ки ҳар як ниҳолро бо меҳру муҳаббат ва баъзан бо қайчии буррои тарбия шакл медод.

Мегӯянд, солҳои 60-80-уми асри гузашта мактаб ва устод ҷойгоҳи беназир дошт. На танҳо дар даврони Шуравӣ, балки пеш аз он, дар мадрасаҳо ва мактабҳои суннатӣ, устод шахсе буд, ки на танҳо илму савод, балки ахлоқу виҷдонро низ меомӯзонд.

Дар асари пандуахлоқии машҳури Саъдии Шерозӣ – «Гулистон» дар боби одоб омадааст: «Ҳар кӣ аз устод наёмӯзад, аз рӯзгор меомӯзад». Ин сухан маънии амиқ дорад: агар шахс аз устод илму одоб нагирад, рӯзгор бо шеваи сахт, бо мусибатҳо ва санҷишҳо ӯро таълим медиҳад. Ва устод касест, ки пеш аз он ки рӯзгор сахт бигирад, бо меҳр дарси ҳаётро меомӯзонад.

Замоне хатои хонанда дар мактаб маънои хатои хонаводаро дошт. Агар фарзанд нодуруст рафтор мекард, падару модар, пеш аз ҳама, аз устод узр мепурсиданд.

Ҷойе инро хонда будам: «Устод чу шамъест, ки худро месӯзад, то дигаронро равшанӣ диҳад». Ин ташбеҳ беҳтарин тасвирест барои шахсияти омӯзгор. Вай вақти худро, саломатии худро, оромии худро фидо мекунад, то хонанда дар зулмати ҷаҳолат намонад. Ӯ мисли шамъ аст: ҳар қадар бештар месӯзад, ҳамон қадар рӯшноӣ мебахшад.

Мутаассифона, имрӯз бисёриҳо ба ин фидокорӣ чун кори маъмулӣ муносибат мекунанд. Чӣ қадар падару модар фаромӯш кардаанд, ки илму саводи фарзанд на бо як китоби дарсӣ, балки бо қалби пур аз меҳри устод парвариш меёбад.

Мо аз насли он падару модаронем, ки агар устод ба хона меомад, курсӣ аз меҳмонхона меоварданд, чойи гарм мерехтанд ва ҳатто кӯдаконро даъват мекарданд, то даст ба сина гузошта салом диҳанд. Ҳар як каломи устод мисли ҳукми қатъӣ қабул мешуд.

Ҳар хонадон медонист, ки устод на танҳо омӯзгор, балки муҳофизи ахлоқу виҷдони фарзанд аст.

Сухани Саъдии бузургвор: «Касе, ки устодро таҳқир кунад, аз баракати илмаш маҳрум мегардад», он замон на ҳамчун ҳик­мат, балки ҳамчун қонуни нонавиштаи зиндагӣ амал мекард.

Бисёре аз мо намебинем, ки пас аз хотимаи дарс, омӯзгор ба хона бо дасти пур аз кори номукаммал бармегардад. На барои маоши зиёд, балки барои масъулияте, ки дар дилаш ҷой гирифтааст. Вай дар фикри он аст, ки шогирди ором чӣ гуна ба гурӯҳ ҳамроҳ шавад, шогирди танбал чӣ гуна дилгарм гардад ва шогирди фаъол чӣ гуна болҳои парвози хешро нигоҳ дорад.

Аз эҳтиром то бетафовутӣ

Ҳоло мебинем, ки омӯзгор дар гӯшае истода, наметавонад ҳатто як сухани баланд гӯяд. Боз ҳам наметавонад аз хатои хо­нанда пешгирӣ кунад. Чаро? Чун дар даҳони баъзе хонандагон калимаҳои падару модар нишастааст: «Агар ба фарзанди ман даст расонед, ман шикоят мекунам».

Чанд рӯз қабл бо омӯзгори риёзиамон вохӯрдам. Аз вазъи зиндагию идомаи фаъолияташ пурсидам. Гуфт, ки аз чизе шикоят надорад, аммо мехоҳад дигар омӯзгор набошад. Сабаб пурсидам, бо ишора ба чанд кӯдаке, ки дуртар аз мо бозӣ мекард, бо чашмони пур аз ашк гуфт: «Ҳо, ана вай кӯдак, ҳамин чанд лаҳза пеш вақте пойафзоли рафиқашро ба роҳи калон ҳаво доду гуфтам, ин корро накун, чун хатарнок аст, гуфт, ки «муаллима, ҳоло таътил аст ва ту дигар ҳаққи насиҳат карданро бар мо надорӣ». Ин сухани кӯдак ба назар чунин намуд, ки гӯё касе оби хунуке ба сарам рехт ва вуҷудам ба ларзиш омад».

Баъд аз шунидани ин сухан, замони хонандаи синфи 6 буданам ба ёд омад. Баъд аз дарси тарбияи ҷисмонӣ дар роҳрави мактаб футболро идома додем. Баногоҳ ин омӯзгор пайдо шуду мо аз омаданаш бехабар мондем. Моро ба синфхона даровард ва дар як саф рост монду ҳамаро як шаппотӣ зад. Баъди дарс ба хона омадам ва ба модарам аз ин амали омӯзгор шикоят кардам. Баъди шунидани асли воқеа, ки мо дар долон футбол карда, шуру мағал бардоштему ба рафти дарси дигар устодон халал ворид сохтем, як шаппотии дигар аз модар хӯрдам.

Имрӯз он боварие, ки замоне пули меҳру муҳаббати омӯзгору падару модар буд, пора-пора шудааст. Имрӯз баъзе падару модарон на ҳамчун шарик, балки ҳамчун назоратчӣ ба мактаб меоянд. Онҳо на барои ҳамкорӣ, балки барои муҳокимаи устод ва як навъ «баҳо» гузоштан ба назди ӯ меоянд.

Хонанда ва эҳтироми гумшуда

Бадтар аз ҳама, хонанда худ медонад, ки устод дигар қудрати пешина надорад. Ӯ бо эҳсоси ҷасорати бардурӯғ ба дарс ворид мешавад, ҷавоби дағал медиҳад, ҳатто аз таҳқир наметарсад. Агар замоне як нигоҳ ё як оҳанги устод барои хомӯш кардани садҳо сухани беҳуда кофӣ буд, имрӯз баъзан даҳ бор такрор кардан ҳам бефоида аст.

Иллати аслӣ мафкураи дигаршуда аст. Бале, мафкураи ҷомеа дигар шудааст. Иллат дар қонунҳо нест, балки дар дили мо аст. Мо дар насли нав эҳсос ва эҳтироми воқеиро нисбат ба устод тарбия накардем. Мо ӯро танҳо як корманди муассисаи давлатӣ донистем, на шахсе, ки рӯшноии маърифат мебахшад.

Агар замоне падару модар худро шарики омӯзгор медонист, имрӯз баъзеҳо ӯро танҳо ҳамчун «хизматрасони таълим» мебинанд. Агар замоне хатои хонанда шарики хатои падару модар шумурда мешуд, имрӯз баъзан волидайн худро дар канор мегиранд ва тамоми масъулиятро ба гардани мактаб меандозанд.

Ин тағйир боис шудааст, ки хонанда эҳсоси тарсу эҳтиромро аз даст диҳад. Ӯ медонад, ки агар ба устод ҷавоби дағал диҳад, эҳтимолан ҷазое нахоҳад гирифт, балки шояд ҳатто падару модар аз ӯ пуштибонӣ кунанд.

Ва ҳоло ки дер нест, мо бояд баргардонем ҷойгоҳи устодро. Мо бояд фаҳмем: устод танҳо омӯзгори фан нест, ӯ омӯзгори зиндагист. Агар дар ҷойи худ набошад, ҷомеа аз пояш фарсуда мешавад. Баргардондани ҷойгоҳи устод маънои додани қудрат надорад, балки маънои барқарор кардани он бовару эҳтиромест, ки замоне байни ӯ, хонанда ва волидайн буд.

Омӯзгор ва фидокорӣ

Фидокории омӯзгор дар он аст, ки вай ҳар рӯз худу зиндагии худро такрор намекунад, балки ҳар рӯз ҷустуҷӯ мекунад, то роҳҳои нав барои фаҳмондани як ҳақиқат пайдо кунад. Омӯзгор медонад, ки на ҳама хонанда яксон мефаҳманд; пас бояд ба ҳар яке калиди фаҳмро ҷудогона бисозад.

Меҳнати ӯ мисли кори боғбон аст: баъзе шогирдон мисли гулҳои нозуканд, ки ба меҳру гармӣ эҳтиёҷ доранд, баъзеҳо мисли буттаҳои сахтанд, ки бояд бо қайчиву арраи сахтгирӣ шакл дод ва баъзеҳо мисли дарахтони навқаданд, ки бояд бо замини ҳосилхез ва муҳити солим иҳота шаванд.

Ба ёд дорам, вақте мактабхон будам, устоде доштем, ки ӯро Мирзо Бобоев ном буд ва сарварии мактабро ҳам ба уҳда дошт. Агар мо ба саволаш ҷавоб намедодем, норанҷида мегуфт: «Ман вақти шуморо намегирам, аммо шумо вақти зиндагии худро мегиред». Ин ҷумла ба мо сахт таъсир мекард. Мо мефаҳмидем, ки дарс на барои қонеъ кардани ӯ, балки барои ояндаи худи мост.

Борҳо шоҳиди манзараҳое шудаам, ки дар кӯча омӯзгори собиқ ба шогирди худ рӯ ба рӯ мешавад ва шогирд бо эҳтироми комил даст ба сина гузошта салом медиҳад. Инҳо нишонаҳои мактабҳоест, ки дар онҳо дарс на танҳо дар синфхона, балки дар дилҳо мегузашт. Аммо имрӯз, чунин манзараҳо кам ба назар мерасанд. Баъзе хонандагон ҳатто баъд аз хатм, агар устодро бинанд, рӯй мегардонанд, чун на эҳсоси қарздорӣ доранд ва на эҳсоси шарм аз бетафовутӣ.

Ман омӯзгореро бо номи Ҳамдам Шарипов мешиносам, ки ҳар пагоҳ аз деҳаи ҳамсоя то мактаб беш аз се километр роҳро пиёдаю велосипедсавор тай мекард. Фасл фарқ надошт: зимистони сарду барфӣ, баҳори боронӣ ё тобистони гарм. Ӯ ҳамеша барвақт мерасид, бо чеҳраи кушод ба хонандагон салом медод.

Шогирдон ӯро на танҳо барои дониш, балки барои инсофу меҳрубониаш дӯст медоштанд. Ӯ ҳар як хонандаро ном мегирифт, ҳатто агар дар синф 35 нафар мебуд. Барои вай ҳар шогирд як олам буд, ки сазовори таваҷҷуҳи ҷудогона аст.

Ёд дорам, ки ин суханро ба мо батакрор мегуфт: «Донише, ки ман медиҳам, музди ман нест, сармояи ман аст. Муздро зиндагӣ ба ман медиҳад, вақте мебинам шогирдам муваффақ аст».

Ҳоло вақте ба хабарҳои охир менигарам, ки дар онҳо муносибати беэҳтиромона ба омӯзгор зикр мешавад, дар дилам ғам менишинад. Чаро мо он эҳсоси амиқи эҳтиромро аз даст додем?

Аз қуллаи эҳтиром то нишебии беарзишӣ

Имрӯз, агар ба ҳолати воқеӣ назар кунем, мебинем, ки омӯзгор мисли пешин қудрати тарбиявӣ надорад. Дарс додан ҳа, аммо таъсир ба ахлоқи хонанда камтар шудааст.

Сабабҳо ҳам маълуманд: тағйири мафкураи падару модар (баъзе волидайн ба устод ҳамчун «хизматрасон» нигоҳ мекунанд, на ҳамчун мураббӣ ва раҳнамо) ва таъсири муҳити иттилоотӣ (интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги хориҷӣ, ки на ҳамеша арзишҳои суннатии эҳтиромро тарғиб мекунанд).

Дар натиҷа, хонанда медонад, ки устод ҳаққи ҷазои ҷисмонӣ надорад, ҳатто оҳанги баланд гуфтан метавонад ба шикояти падару модар бианҷомад. Ин ҷасорати бардурӯғ – эҳсоси «аз ҷазо эмин будан» боиси кам шудани эҳтиром шудааст.

Ҷойи пӯшида нест, ки агар дар баъзе оилаҳо падар-марди хона дар муҳоҷират бошад, дар баъзеи дигар падар рӯз то шом дар кор ва аз пайи дарёфти ризқу рӯзист. Кӯдак имрӯз аз чашми падар дуру аз «ҷазо»-и омӯзгор озод. Ва акнун кор ба ҳадде расида, ки имрӯз мебинем дигар як навъ «тарбияти мардӣ» дар писарон нест ва дар хиёбонҳо душвор шудааст, ки фарқ гузорӣ: кӣ писару кадомӣ духтар.

Чӣ бояд кард?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту суханронии худ ба соҳаи маориф, махсусан, ба омӯзгор ва мақому манзалати ӯ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Борҳо дар суханрониҳои худ ба ин мазмун таъкид намудаанд, ки фидокории омӯзгор ба мисли шамъ аст ва омӯзгор пули нодирест, ки наслҳоро бо ояндаи равшан мепайвандад. Ҳар як дарси омӯзгор ба мисли қатраи обест, ки баҳри маърифатро пур мекунад. Зиндагӣ барои омӯзгор китобест, ки ҳар саҳифаи он бо муҳаббат ба шогирдон навишта мешавад.

1-уми сентябри соли 2024 зимни суханронии худ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба хотири боз ҳама баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва арҷ гузоштан ба заҳмату талошҳои онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ма­қоми омӯзгор» таҳия карда ша­вад. Хушбахтона, қонуни мазкур таҳия ва аз ҷониби Пешвои миллат мақбул дониста шуда, ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуд. Қабули ин қонун ва монанд ба ин гуна санадҳо амри зарурӣ ва саривақтист. Омӯзгор мақоми худро соҳиб мешавад, агар мо-волидон ба заҳмату фидокории ӯ арҷ гузорем ва дар иҷрои ин қонун аз сидқ бикӯшем.

Аммо баргардондани ма­қоми омӯзгор кори як рӯз нест. Ин тағйири фарҳанг ва мафкураро талаб мекунад. Пеш аз ҳама, тарбияи волидайн зарур аст. Бахусус, волидон-насли солҳои ҷанги таҳмилӣ. барои ин барномаҳои махсус ҷиҳати фаҳмондани аҳам­мияти ҳамкории падару модарро бо устод мебояд таҳия кард. Ҳамзамон, эҳёи анъанаҳои эҳтиром ва аз рӯзҳои аввали мактаб, ба кӯдакон бояд ёд дод, ки устод кист ва чӣ рисолате дорад? Муҳимтар аз ҳама, ба кӯдак бояд ба дурустӣ фаҳмонид, ки «меҳри устод аз падар беш аст». Зеро мегӯянд, ки агар устодро қадр накунӣ, илме, ки аз ӯ мегирӣ, баракат надорад. Ин на танҳо як гуфтаи ирфонӣ, балки ҳақиқати таҷрибавист. Ҷомеае, ки сутуни маърифаташро заиф мекунад, дер ё зуд дар гирдоби ҷаҳолат фурӯ меравад.

Ҳамон тавре ки Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст: «Эй шогирд, агар илме, ки гирифтӣ, аз дил нагузашт, ба забон бимонад, он илмат ба амал наояд. Ва илме, ки ба амал намеояд, фақат як борест бар рӯҳ, на рӯшноӣ».

Сухани Шайх Саъдии Шерозӣ ба ёд меояд: «Касе, ки устодро гиромӣ дорад, ҳикматро гиромӣ доштааст». Илова менамоем: Касе, ки устодро фаромӯш кунад, худро фаромӯш кардааст.

Пас волидони азиз, биёед бо омӯзгор ва дар паҳлуи омӯзгор бошем!

Эҳсони ХУШБАХТ

Добавить комментарий