Тарбия дар ташаккул ва хотираи шахс нақши мондагор дорад, зеро дар хурдӣ майнаи кӯдак дорои қобилияти баланди дарку қабули андешаву мулоҳизаҳо мебошад.
Ҳангоми таълиму тарбия бояд хусусиятҳои психологии хонандагон ба эътибор гирифта шавад. Пӯшида нест, ки толибилмон ҳар кадом дорои мизоҷи ба худ хос мебошанд. Ин аз омӯзгорон муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Омӯзиши хислатҳои хонандагони синф барои роҳбари синф муҳим аст.
Омӯзиши хислатҳои шогирдон бо истифода аз методҳои гуногуни равоншиносӣ муяссар мегардад. Дар ин самт ба роҳбари синф бештар методи мушоҳидаи ҳамарӯза маълумоти зарурӣ дода метавонад. Тибқи ин равиши таҳқиқ, фаъолияту қобилият ва рафтору муносибатҳои хонандагон ҳангоми таълим ва машғулиятҳои тарбиявӣ баръало намоён мегардад ва ба диққат, ҳофиза, тафаккур, ба машғулияту иҷрои супоришҳо чӣ гуна муносибат доштани ҳар як хонанда мушаххас карда мешавад. Методи суҳбат (фардӣ ва гурӯҳӣ) ҳам яке аз роҳҳои муайян кардани хусусиятҳои фардии хонандагон буда, истифодаи он аз аҳаммият холӣ нест. Роҳбари синф зимни суҳбат бо шогирдон ва волидон то ҷое сир ё худ баъзе норасоии ҷисмонӣ, аз ҷумла, сустии узвҳои биноӣ, шунавоӣ, хусусиятҳои заифии ҳофиза, фаъолияти тафаккуру тасаввуроти онҳоро фаҳмида мегирад.
Таҷрибаҳо собит кардаанд, ки агар талаба аз се намуди супориши хонагӣ ҳамаашро мунтазам иҷро карда ояд, ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ нисбат ба ин ё он фан хеле шавқманд аст. Вазифаи асосии роҳбари синф мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии мақсаду вазифаҳои тарбияи миллӣ, яъне, ташаккули инсони комил ва садоқатманд ба халқу миллат мебошад.
Имрӯз ҳар қадар мо дар таълиму тарбияи насли наврас ҷидду ҷаҳди пайвастаю бомаром ва ҳадафмандона намоем, ҳамон андоза дар таъмини пешрафту шукуфоии минбаъдаи диёри арҷмандамон саҳмгузор хоҳем буд. Бояд шогирдони мо ба омӯзиши пайваста иштиёқманд бошанд, ба илму дониш таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, моҳияти соҳибҳунар гаштанро дарк созанд, ба накукорию хушрафторӣ гараванд ва ба қадри ҳар лаҳзаи зиндагии худ бирасанд. Муассисаи таълимӣ ва омӯзгорону роҳбарони синфҳо вазифадоранд, ки барои расидани шогирдон ба ин ҳадафҳои воло аз имкониятҳое, ки доранд, босамар истифода намоянд.
Зумрад Юсуфзода,
омӯзгори МТМУ №139-и шаҳри Ваҳдат