Оре, омӯзгор сарчашмаест, ки аз он ҳама баҳра мегиранд. Тамоми олимони рӯйи дунё устодони худро доштанд, ки онҳоро ба қуллаҳои баланди илму фарҳанг расонидаанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки омӯзгор мисли шамъ аст, худ месӯзад ва ба дигарон нур мепошад. Шахси дорои илм, равшанфикр аст ва ӯ ҷавшане дар бар дорад, ки онро аз тири нохалафи бадгумон ҳимоя мекунад. Ба ин маънӣ, байти машҳури устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ёд меояд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Пешравии тамоми соҳа ба рушди илм вобаста аст. Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш (28 декабри соли 2024) қайд карданд: «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Ҳамаи ин пирӯзию пешравӣ ва рушди илм ба фаъолияти пурсамари устодону омӯзгорон иртиботманд мебошад. Аз ин рӯ, дар хотир дошта бошем, ки омӯзгор сарчашмаи илм ва нуру хирад аст.
Шарифҷон Сатторов,
омӯзгори калони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд













