ОҒОЗИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

30 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, роҳбарият ва намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон ва варзиш, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Китобхонаи миллӣ, муовинони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва волидайну омӯзгорони онҳо иштирок намуданд.
Нахуст муовини раиси комиссияи озмун, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода қайд намуд, соли панҷум аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Сипас раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ҳозиринро ба муносибати панҷсолагии озмун табрик гуфта, баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро намунаи боризи фарҳангию китобдӯст будани мардуми тоҷик унвон кард. Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба мақоми китоб ҳамчун ҷузъи фарҳанги хирадгароӣ, маъ­рифатафрӯзӣ дар тарбият, савод ва маънавиёти ҷомеа, интишори осори суханварон ва донишмандони гузаштаву имрӯза дорои мақоми шоиста мебошад. Сол то сол зиёд шудани шумораи иштирокчиён ва афзудани маблағгузории озмун далели дар миёни ҷомеа маҳбубияти зиёд касб кардани он аст.
Зикр шуд, ки имсол ба даври чоруми озмун 528 нафар роҳ ёфтаанд ва шумораи иштирокчиён нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад. Озмун то 15 ноябри соли 2023 давом меёбад ва барои иштирокчиён барномаҳои гуногуни фарҳангӣ пешбинӣ гардидааст.
«Омӯзгор»