ЁДЕ АЗ ДОНИШМАНДИ ШЕВАШИНОС

27-уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ, воқеъ дар шаҳри Хоруғ конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 90-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Додихудо Карамшоев дар мавзуи «Масъалаҳои таҳқиқи лексикографӣ ва асосҳои таҳияи корпуси забонҳои помирӣ» баргузор гашт, ки дар он мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ВМКБ Ғ. Ниятбеков, ходимони илмии ин муассиса, роҳбарони сохторҳои гуногун, намояндагони васоити ахбори умум, ба тариқи маҷозӣ олимони муассисаҳои илмии Россия, доктори илмҳои филологӣ, академик Владимир Плунгян, доктори илмҳои филологӣ, профессор Екатерина Рахилина ва дигар забоншиносон ширкат намуданд. Муовини директор оид ба илм ва таълими институти мазкур Марзия Шоидарвозова конференсияро ифтитоҳ намуда, оид ба ҳаёту осори илмии профессор Додихудо Карамшоев маълумот дод. Сипас академик Владимир Плунгян аз рӯйи мавзуи «Карамшоев и исследование грамматики памирскых языков» маърӯзаи илмӣ кард ва дар бораи саҳми боризи ин олим дар масъалаи омӯзишу таҳқиқи забонҳои помирӣ сухан ронд.
Назрӣ Офаридаев, профессор, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик М. Назаршоев аз боби хидматҳои мондагори профессор Д.Карамшоев, аз ҷумла, дар бораи нақши ӯ чун асосгузори Маркази илмии таҳқиқи забонҳои помирӣ дар Тоҷикистон иттилоъ дод. Ҳамчунин, олимон Е.Рахилина, М. Аламшоев, М.Давлатмирова дар бораи паҳлуҳои гуногуни корҳои илмии мавсуф изҳори ақида карданд.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»