ДАР ДБССТ ИХТИСОСҲОИ НАВ ИФТИТОҲ ГАРДИД

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ дар бораи фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ, байналмилаливу иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ дар шаш моҳи аввали соли 2023 маълумот дод. Мавсуф зикр кард, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, раёсати донишгоҳ, қабл аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳи азхудкунии сифати таҳсилот ва омода намудани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
Аз ҷумла, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ иқтидори илмии донишгоҳ рӯ ба афзоиш ниҳода, докторҳои илм панҷ нафар ва номзадҳои илм ҳашт нафар зиёд гардиданд. Ҳамчунин, дар доираи таъмини эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои миллӣ ва стратегияҳо, барномаҳои соҳавии рушди иқтисодиёти мамлакат донишҷӯён аз рӯйи ёздаҳ ихтисоси нав — ташкили робитаҳои байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, танзими ҳуқуқии молия ва қарз, тибби сайёҳӣ, сайёҳии осоишгоҳӣ – табобатӣ, сиёсати беруна ва дипломатия, забонҳои хориҷӣ (англисӣ ва чинӣ) ва ғайра, ки тавассути ММТ-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ қабул гардиданд, ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
— Дар баробари ин, — зикр намуд У. Асрорзода — бо дархости раёсати донишгоҳ ва хулосаи мусбии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтисоси нави «Рӯзноманигории байналмилалӣ» ва ихтисосҳои равияҳои табиӣ – риёзӣ ва омӯзгорӣ иҷозатнома гирифта шуд.
Бино ба таъкиди ректори донишгоҳ, бо дарназардошти бори нахуст дар фазои таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Тоҷикисон таъсис ёфтани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалидошта, аз ҷумла, ДБССТ зарурати коркард ва татбиқи Стандарти нави таҳсилот барои муассисаҳои дорои мақоми байналмилалӣ пеш омад. Аз ин рӯ, бо пешниҳоди мақоми ваколатдор – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори ҲҶТ аз 26 июни соли 2023 Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалидошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз ибтидои соли таҳсили 2023 – 2024 мавриди амал қарор мегирад.
Чунонки У. Асрорзода иброз дошт, муқаррароти мазкур имкон медиҳад, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ фаъолиятҳои таҳсилоти дуалӣ, таҳсилоти дудиплома, барномаи таҳсилотии муштарак, тағйир додани муҳлати таҳсил барои барномаҳои таҳсилотии муштарак ва дудиплома, табодули академӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон дар хориҷи кишвар ва ғайра, ки фазои ҷаҳонии таҳсилот дар замони муосир тақозо менамояд, ба таври васеъ амалӣ созанд.
— Баргузор кардани чорабиниҳои фаннӣ, олимпиадаву озмунҳои гуногун дар донишгоҳ ба ҳукми анъана даромадааст, — гуфт ректор. – Ба раёсати донишгоҳ муяссар гардид, ки озмуни ҷумҳуриявиро барои дарёфти «Ҷоми раёсати ДБССТ» дар доираи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020 – 2040) ташкил намояд. Ғолибони озмун бо Ҷоми раёсати донишгоҳ, диплом ва маблағҳои ҳавасмандии то 5000 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд. Дар баробари ин, дар даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони литсейҳои донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, 33 нафар соҳиби ҷойҳои намоён шуда, барои иштирок дар даври шаҳрии озмунҳо роҳхат гирифтанд.
Дар нишаст зикр гардид, ки дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ раёсати донишгоҳ бо 28 муассисаи таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкории нав ба имзо расонид, ки онҳо ташкили табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорону кормандон, татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак, ҷорӣ намудани таҳсилоти дуалӣ ва дудиплома ва ғайра нигаронида шудааст.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»