ҲАР ОН КИ ТУХМИ ИЛМУ ДОНИШ КИШТ…

Дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон ба омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Дилбарҷон Қосимова ҳамкорон ва волидон эҳтироми самимӣ доранд. Ин зани хоксору ҳалим, хирадманду оқил, устоду сахтгиру меҳрубон бо заҳматдӯстию хушзабонӣ дар дили ҳар як шогирд тухми меҳру муҳаббат коштааст.
Дарсҳои муаллима дарсҳои одобу ахлоқ, тарбияи накукорию покизасириштианд. Дар раванди таълим усулҳои пешқадамро васеъ истифода мебарад. Корҳои мустақилона, истифодаи компютер, санҷишҳои инфиродӣ, корҳои дунафараву гурӯҳӣ, саволу ҷавоб, бо усулҳои таълими интерактивӣ ва дар асоси муносибати босалоҳият гузаштани дарсҳо аз меъёрҳои асосии фаъолияти омӯзгории муаллима мебошанд. Вай кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шавқу ҳаваси шогирдонашро ба забону адабиёти тоҷик зиёд намояд ва дар ин замина дар ниҳоди онҳо дӯстию рафоқат, ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, сулҳпарварӣ ва хушахлоқиро тарбия намояд.
Дилбар Қосимова аз соли 2000-ум то ҳол дар муассисаи таълимии №8-и шаҳри Гулистон ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият менамояд. Шогирдаш Мадина Кенҷаева аз фанни забони давлатӣ дар олимпиадаи шаҳрӣ ҷойи 1-ум ва дар олимпиадаи вилоятӣ ҷойи 3-юмро ишғол намуда, инчунин, Мавзуна Кенҷаева гирандаи стипендияи Президентӣ, Шаҳноза Холматова гирандаи идрорпулии Раиси шаҳр, Фурӯзона Низомиддинова ва Шабнам Мирзоева ғолибони озмуни ”Илм –фурӯғи маърифат” мебошанд.
Вай ҳамчун роҳбари синф солҳои дароз ба рушду такомули қобилияти хонандагон мусоидат намуда, онҳоро дар руҳияи эҳтиром ба падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ, рамзҳои давлатии Тоҷикистон, расму оинҳо ва муҳити зист тарбия менамояд.
Дилбар Қосимова дар давоми фаъолияти худ пайваста меҷӯяд, меомӯзад. Ӯ барои омӯзгорон якчанд дастуру тавсияи методӣ омода кардааст, ба монанди “Роҳҳои омӯзиши забони тоҷикӣ бо усулҳои таълими интерактивӣ”, “Тарзи таҳлили осори бузургон бо усулҳои фаъоли таълим”, “Тарзи таҳлили грамматикӣ ва роҳҳои гузаронидани он” ва ғайраҳо. Ин тавсияҳо бо мақсади амиқ омӯзондани тамоми паҳлуҳои забони тоҷикӣ ва адабиётшиносӣ ба омӯзгорон ҳангоми таълими мавзуъҳо кумак мерасонанд.
Мақолаҳои ӯ дар нашрияҳои ”Омӯзгор”, ”Маорифи Суғд”, ”Ҳомии омӯзгор” ва “Соҳил” чоп шудаанд.

Муқаддам НАБИЕВА,
Омӯзгор