МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар муассисаи таълимии №14-и ноҳияи Кӯшониён бо ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ вохӯрд ва ба онҳо аз номи вазорат туҳфаҳо тақдим кард.
Сипас дар маҷлисгоҳи муассисаи таълимии мазкур мулоқоти Раҳим Саидзода бо фаъолони Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид, ки дар он намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Кӯшониён, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва кормандони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд.
Вазири маориф ва илм оид ба масъалаи омодагӣ ба 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди биноҳои наву замонавӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ, кумак расонидан ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон сухан кард.