ПИРӮЗӢ ДАР ПОРТУГАЛИЯ

5-7-уми июн дар шаҳри Портои Португалия Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогӣ дар доираи 10 кишвар бо иштироки наврасон, омӯзгорон, мутахассисони соҳаи маориф, шарикони рушд ва намояндагони Вазорати маориф аз кишварҳои гуногун баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар форуми мазкур Назокат Маҳмадиева, омӯзгори химияи мактаби № 2-и ноҳияи Данғара муаррифӣ намуд.
Ёдовар мешавем, ки Назокат Маҳмадиева дар озмуни Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар», ки дар шаҳри Бохтар миёни ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида шуд, бо лоиҳаи «Хазинаи табиат» ғолибият ба даст оварда буд. Бо ишғоли ҷойи якум мукофоти пулӣ, диплом ва роҳхат барои ширкат дар Форуми глобалӣ оид ба таҷрибаи пешқадами педагогиро дар шаҳри Портои Португалия сазовор гардид. Акнун ба қавли худ устувор монда, баҳри баланд бардоштани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни дигар давлатҳои ҷаҳон кӯшиш кард ва баромади ӯ баҳои баландро соҳиб гашт.
Назокат Маҳмадиева оид ба ширкаташ дар форуми мазкур изҳор намуд, ки «Ман аз пешниҳод намудани лоиҳаи худ дар Форуми ҷаҳонии «Мактабҳои 2030» хеле хушнуд шудам, зеро он ба ман имкон дод, то таҷрибаи худро бо омӯзгорони мухталифи ҷаҳон мубодила намуда, аз дигарон биомӯзам ва таҷрибаҳои мувофиқ ба кишвари худро бо ҳамкоронам амалӣ намоям. Миннатдории хешро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Лоиҳаи Мактабҳои 2030 барои чунин имкони бузург изҳор менамоям».
Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи
вилояти Хатлон