КОМЁБӢ АЗ МУТОЛИАИ БИСЁР АСТ

Панҷ сол мешавад, ки дар ҷумҳурӣ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад ва дар он доираи васеи довталабон иштирок менамоянд.
Оғоз аз моҳи март даври якуми озмун дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва даври дуюм, нимаи аввали моҳи май дар маркази мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Вобаста ба ин, 16 марти соли 2023 даври аввали озмун дар Вазорати маориф ва илм бо иштироки 8 нафар корманди дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат доир карда шуда, 6 довталаб ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 10 то 17 майи соли 2023 даври дуюми озмун дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардида, 6 нафар корманди вазорат ва зерсохторҳои он дар озмун фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо ва роҳхат ба даври сеюм шуданд.
Ҷамъбасти даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Точикистон таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода баргузор гардид.
Баъди натиҷагирӣ Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм, аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ бо 33 хол соҳиби ҷойи 1, Фаттона Ғуломова, лаборанти кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо 31 хол сазовори ҷойи 1, Наврӯз Бобиев, мусаҳҳеҳи нашрияи кӯдакон ва наврасон «Пайрав» (замимаи нашрияи «Омӯзгор») аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир бо 26 хол сазовори ҷойи 2, Шамсуддин Раҷабов, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, аз рӯи номинатсияи адабиёти муосир бо 23 хол соҳиби ҷойи 1, Имомназар Холназаров, омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, аз рӯи номинатсияи эҷоди назм бо 26 хол соҳиби ҷойи 2, Салима Мӯсоева, муҳаррири шуъбаи рӯзномаи «Омӯзгор», аз рӯи номинатсияи эҷоди наср бо 25 хол соҳиби ҷойи 2 шуданд.
Ғолибон бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд. Аз 10 то 17 майи соли 2023 даври дуюми озмун дар ноҳияи Шоҳмансур доир гардид. Дар он 6 нафар корманди вазорат ва зерсохторҳои он фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо ва роҳхат ба даври сеюм гардиданд.
Мо бо чанде аз иштирокчиён ва ғолибони даври дуюм суҳбате оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Ҷалолиддин Амиров, сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ақида аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои таҳрик додани ҷомеа ба китобхонӣ ва бадин васила, баланд гардидани маърифати табақаҳои гуногун нақши ногусастанӣ дорад. Таъсири озмуни мазкурро баъд аз гузаштани якчанд сол эҳсос менамоем, ки чӣ нақше дар раҳнамоии насли наврас дошта, чӣ пайомади хубе бар ҷой гузоштааст.
Баргузории ду даври озмун дар Вазорати маориф ва илм ва ноҳияи Шоҳмансур собит сохт, ки хонандагону донишҷӯён ва намояндагони қишрҳои дигари ҷомеа бо шавқу ҳавас китобҳои мутолианамудаи хеш ва абёти азёдкардаашонро муаррифӣ менамоянд.
Насима Назирова, омӯзгори забони давлатии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Шоҳмансур (аз номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти муосири тоҷик) чунин ибрози андеша намуд:
— Соли дуюм аст, ки ман иштирокчии озмун мебошам ва ба ин хулоса омадам, ки омӯзиш ва мутолиа ба синну сол рабте надорад. Тавре ки гуфтаанд: «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ!». Ва шахси китобдӯсту китобхон ва маърифатнок дар кадом ҷомеае, ки набошад, ҷой ва мақоми худашро пайдо карда метавонад. Яке аз нишонаҳои ҳувияти миллати тоҷик китобхону китобдӯст будан аст ва мо, омӯзгорон, ҳамеша шогирдони хешро ба китобу китобхонӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ менамоем, то ки дар оянда мавқеи худро дар ҷомеа ба таври шоиста пайдо намояд.
Сурайё Абдуллоева, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Шоҳмансур чунин изҳори ақида намуд:
— Ман соли аввал аст, ки дар озмун аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз бар намудани осори адибони муосири тоҷик иштирок менамоям. Китоб хондан дониши инсонро сайқал медиҳад. Ҳар як шахс бояд ҳар рӯз на камтар аз 15 саҳифа ё бештар аз ин осори бадеиро мутолиа намоянд.
Фарзона Саидова, омӯзгори факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти классикии тоҷик дар озмун иштирок намуда, иброз дошт, ки озмун такони ҷиддие барои тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Ман аз он хурсанд ҳастам, ки соли дуюм аст дар ин озмуни бонуфуз иштирок мекунам. Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида будам. Мақсад аз иштирок дар ин озмун сазовори ҷойи намоён гардиданам мебошад.
Туғрал Икромов, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ба номи Юсуфбек Рустамбеки ноҳияи Шоҳмансур, ки дар озмун аз рӯйи номинатсияи хондан ва аз ёд намудани адабиёти муосири тоҷик дар даври ноҳиявӣ иштирок дошт, зикр кард, ки ман дар баробари иштирок дар озмун ба он кӯшиш менамоям, ки хонандагони муассиса, хусусан, шогирдони хешро ба он бештар ҷалб намоям ва меҳри китобдӯстию китобхониро дар дили шогирдон бедор намоем.
Мавҷуда Шарифова, донишҷӯи соли 4-уми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, ёдовар шуд, ки ман ҳам мисли ҷавонони зиёди кишвар азм намудам дар озмун аз номинатсияи назм ширкат намоям. Ба ду давраи аввали озмун тайёрӣ дида, ҷойҳои намоёнро соҳиб шудам. Аз доварони сахтгиру нуктасанҷ миннатдорам, ки шеърҳои моро хонда, баҳогузорӣ намуданд ва барои ислоҳи норасоиҳо боз маслиҳатҳо доданд. Инак ба давраи шаҳрӣ бо ҷиддият омодагӣ дида истодаам ва умеди пирӯзӣ дорам.
Шодӣ Раҷабзод, нависанда ва рӯзноманигор, довари озмун:
— Аз иштироки довталабон дар озмун, ки дар синну сол аз ҳам тафовут доштанд, хеле хушҳол шудам. Ин ба он маънӣ, ки дар ҳамаи номинатсияҳо довталабон малакаю маҳорати хуби худро ба намоиш гузоштанд.
Посухҳои корманди Вазорати маориф ва илми кишвар Ҷ.Амиров аз номинатсияи адабиёти классикӣ, корманди ДҶТИБКСМ И.Холназаров ва Ф.Ғуломова, корманди нашрияи «Пайрав»-(замимаи ҳафтаномаи «Омӯзгор») Наврӯз Бобиев писандам омад. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам андухтаҳои иштирокдорони озмун қонеъкунанда намебошад. Осоре, ки дар Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавсия ва пешниҳод шудааст, бояд аз мадди назари довталабон дур намонад. Дар умум, ҷаҳду талоши довталабони озмун лоиқи таърифу ситоиш мебошад.

Дилдода МӮСОЕВА,
“Омӯзгор”