КАФОЛАТИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

Зӯроварӣ дар оила мушкили дар тамоми ҷаҳон паҳнгардида буда, барои аъзои ҳар як хонадон аз ҷиҳати ҷисмонӣ, эҳсоси руҳӣ, молиявӣ ва иҷтимоӣ оқибатҳои ҷиддӣ дорад ва ба ҷомеа низ таъсиргузор мебошад. Зӯроварӣ дар оила зуҳуроти хатарноки ҷамъиятист, чунки он, дар навбати аввал, ҳуқуқи конститутсионӣ ва озодиҳои занон, кӯдакон ва солхӯрдагонро поймол менамояд. Баҳри пешгирии ин ҳолат дар кишварамон 19 – уми марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул гардид.
Оила, ки асоси ҷамъият аст, таҳти ҳифзи давлат қарор дошта, ҳамчун зуҳуроти номатлуб барои аҳли ҷомеа ва давлат хавфнок мебошад. Ҳамчунин, зӯроварӣ тавассути расонидани таъсири равонӣ ба ҳар як узви оила метавонад аз доираи он берун баромада, ба сар задани ҷиноятҳои вазнин расонад.
Бо мақсади пешгирии зӯроварӣ дар оила кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои хидматрасонии худ нақши муҳим мебозанд.
Солҳои охир, мувофиқи маълумоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ, оид ба зӯроварӣ дар оила, 162 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба 43 нафар, ки дар хонаводаҳояшон бедодгарию зулм содир намудаанд, санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Барои риоя накардани талаботи моддаи 21 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ба 261 нафар амрномаи муҳофизат дода шудааст.
Ба иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, 35 фоизи занон дар ҷаҳон дар давоми зиндагии худ бо хушунат рӯ ба рӯ мешаванд. Аз ин маълумот бармеояд, ки занон қишри осебпазири ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, зӯроварӣ нисбат ба онҳо бештар ба назар мерасад.
Мутаассифона, ин гуна ҳолатҳо аксаран пешгирӣ карда намешаванд ва ба оқибатҳои нохуш сабаб мегарданд.
Зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ мебошад, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари он содир шуда, боиси поймол гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани осеби ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.
Бояд зикр кард, ки нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа хеле бузург аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафту илмомӯзии занон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, мубориза бо хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, рушди соҳибкории бонувон аҳамияти махсус зоҳир намуда, баҳри такмили қонунгузории соҳа ва рушди соҳибкории занон шароити мусоид фароҳам меоварад.
Ин дастгирӣ имкон дод, ки занону духтарони деҳот дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, ташкили ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, коркарди меваи хушк ва дигар навъҳои ҳунармандӣ фаъолияти худро бомуваффақият ба роҳ монанд.
Ҳадафи асосии таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии мамлакат ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон фаъолкардани қишрест, ки ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гашта, дар замони соҳибистиқлолии давлат тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модариву ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро менамоянд.

Намозхон БОБОЕВ,
омӯзгори калони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф