САНАВБАР АБДУЛЛОЗОДА — ҒОЛИБИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2023»

Аз 25 то 27-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2023» баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи он муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Зиёдулло Абдулзода довталабонро ба муносибати роҳ ёфтан ба даври минтақавии озмун табрик намуда, ҳадафи озмунро пайдо кардани чеҳраҳои шоиста дар соҳаи маориф маънидод кард. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки озмун ба ҳадафҳои Барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020 – 2040» созгор омадааст, зеро аз ёздаҳ нафар иштирокдор панҷ на- фарашон мутахассисони фанҳои табииву риёзӣ мебошанд.
Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Ҷамшед Намоззода – раиси Кумитаи тадорукот ва раиси ҳакамони озмун Умар Умаров – дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ довталабонро бо шартҳои озмун шинос намуданд.
Озмун аз рӯйи ҳафт шарт – муаррифии таҷрибаи корӣ, маҷлиси падару модарон, дарси озмунӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, кор бо компютер ва ҷавоб додан ба даҳ савол вобаста ба қарору қонунҳо ва санадҳои меъёрии соҳа баргузор шуд. Дар озмун ёздаҳ довталаб, ки ҳафт минтақаи кишварро муаррифӣ мекарданд, ширкат варзиданд. Довталабон дар оғоз ба инъикоси таҷрибаи кории хеш шуруъ карданд.
Тибқи қуръапартоӣ нахус-тин шуда фаъолияти кории худро Қамариддин Салоҳов (омӯзгори физика ва математикаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 – и ноҳияи Нуробод) аз рӯйи шарти аввал – муаррифии таҷрибаи корӣ шарҳ дод. Тибқи гуфтаи номбурда, ӯ дарсҳояшро бо усулҳои гуногуни таълим, аз ҷумла, ангезиши зеҳн, методҳои инфиродӣ, интерактивӣ, истифодаи варақаҳо, тестҳо, воситаҳои техникии таълим ва ғайра ба таври фаровон истифода мебарад. Қ. Салоҳов факултаи физика ва математикаи ДДОТ ба номи С. Айниро хатм карда, ба шогирдони мактаби деҳааш аз ин фанҳо дарс мегӯяд.
Шогирдонаш дар даври ноҳиявӣ ва минтақавии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Худи омӯзгор барои иштироки фаъолона дар олимпиадаҳо, озмунҳои соҳаи маориф ва фаъолияти ҷамъиятиаш бо ифтихорномаҳои ВМИ ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, АМИТ сарфароз гардидааст ва дар ташкили чорабиниҳои мактабӣ маҳорати хоса дорад.
Омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №11, ноҳияи Файзобод Навкар Саидов таҷрибаи беш аз 20 – солаи омӯзгорӣ дорад. Вай маҳорати хешро тавассути маърӯза бо истифода аз тахтаи электронӣ намоиш дод. Бино ба гуфтаи ӯ, муваффақиятҳояшро дар ҳамкорӣ бо устодони мактаб, ҳамкорон ва мутолиаи асарҳои педагогӣ доир ба таълими синфҳои ибтидоӣ мебинад. Номбурда дар асоси омӯзиши пайваста худ низ доир ба тарзу усулҳои манфиатбахши дарс мақолаҳои методӣ навиштааст, ки қисми зиёди онҳо дар нашрияҳои «Омӯзгор» ва «Парвин» чоп шудаанд. Н. Саидов иттилоъ дод, ки дар синфи чорум дарс мегӯяд ва панҷ нафар шогирдаш дар озмуни минтақавии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки дар ноҳияи Ҳисор баргузор гардида буд, ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Омӯзгор Н. Саидов бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Сабзбаҳор Кӯчакшоева, омӯзгори физикаи МТМУ №4 – и шаҳри Ваҳдат, аслан, зодаи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ буда, бо сабабҳои оилавӣ сокини шаҳри Ваҳдат гардида, соли 2007 ДМТ- ро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Фаъолияти кориаш аз соли 1998 шуруъ шуда, як муддат дар мактабҳои шаҳри Душанбе фаъолияти омӯзгорӣ намуда, аз соли 2008 то ҳол омӯзгори мактаби рақами 4 – и шаҳри Ваҳдат аст. Тӯли фаъолияти 24 – солаи кориаш омӯзгор тавонистааст, ки шогирдони зиёдеро тарбия намуда, меҳри фанни интихобнамудаи худро дар замири онҳо ҷой кунонад. Тавассути ВАО мақолаҳои зиёде ба табъ расонда, аз таҷрибаи кориаш маълумот додааст. Вай вобаста ба методҳои таълими фанҳои физика ва математика ба ҳамкасбонаш маслиҳатҳои методӣ додааст. Номбурда мехоҳад, ки бо дониш ва таҷрибаи ғуннамудааш меҳри фанҳои табииву риёзиро дар дили шогирдон боз ҳам бештар ҷой кунонад. Вай бо ин мақсад дар ҳамқаламӣ маҷмуаеро бо номи «Саволу ҷавобҳо аз физика» (бо қарори мушовараи раёсати маорифи шаҳр тасдиқ гардидааст) таҳия намуда, пешкаши шогирдону ҳаводорони фанни физика гардонадааст.
Муаррифии фаъолияти омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №28, ноҳияи Варзоб Нозигул Ашӯрова низ ҷолиб буд. Нозигул хатмкардаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ буда, ҳамеша ба он мекӯшад, ки дарсҳояшро бо усули навтарини таълим ба роҳ монад. Мехоҳад шогирдонаш дониши мукаммал дошта бошанд, зеро синфҳои ибтидоӣ зинаи аз ҳама муҳими таҳсилот мебошад. Бо ин мақсад омӯзгор дарсҳояшро бо истифодаи тахтаҳои электронӣ, ҳар гуна бозиҳои зеҳнӣ ва асбобҳои техникии худсохт баргузор мекунад. Бартарии муаллима боз дар он аст, ки бо лаҳни шевою гуворо дарсро ташкил менамояд. Ин имкон медиҳад, ки шогирдон ба дарсҳои муаллима ҳарчи бештар таваҷҷуҳ намоянд. Омӯзгор Н. Ашӯрова худомӯз буда, як маҷмуаи шеърашро бо номи «Умеди дил» ба табъ расондааст. Бо телевизиони кӯдакону наврасон – «Баҳористон» ҳамкорӣ дошта, як идда шогирдонаш дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкати фаъолона кардаанд.
Омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №7, ноҳияи Сангвор Умаралӣ Саъдуллозода фаъолияти хешро ба таври ҷолиб муаррифӣ кард. Номбурда дар таҳияи маводи методӣ таҷрибаи зиёд дорад. Вай дар машғулиятҳояш бештар аз унсурҳои салоҳиятнокӣ истифода бурда, бо ин усул мехоҳад хонандаҳо ҳама якҷо дар дарс масъулият дошта бошанд.
Хатмкардаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Зайтуна Қараева, омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №18, ноҳияи Шаҳринав дар синфҳои 7 – 11 дарс мегӯяд. Ба иқрори Зай-туна, ӯ дарсҳояшро бештар тавассути воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ бо намоиши пораҳо аз филмҳои ҳуҷҷатӣ, усулҳои интерактивӣ ташкил мекунад. Панҷ нафар шогирдаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ва шаҳри Душанбе «Илм – фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ҷойи аввалро соҳиб гардидаанд. З. Қараева, ҳамчунин, роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони мактаб буда, ба ҳамкорон барои ташкили машғулиятҳояшон маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Ба намояндагӣ аз шаҳри Турсунзода дар озмун омӯзгори забони англисии МТМУ №1 Нилуфар Меликова ширкат варзид. Вай соли 2014 коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзодаро хатм карда, сипас, ДДЗТ ба номи С. Улуғзодаро ба итмом расонидааст. Ӯ таҷрибаи даҳсолаи корӣ дошта, як шогирдаш дар олимпиадаи фаннии шаҳрӣ ҷойи аввалро соҳиб гардидааст.
Иштирокчии дигари озмун Нигора Раҳмонова низ омӯзгори ҷавон буда, дар МТМУ №3, шаҳри Роғун ба шогирдон аз фанни физика дарс мегӯяд. Ҳангоми муаррифии фаъолияти кориаш Нигора афзуд, ки соли 2002 – юм тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон факултаи физикаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро хатм карда, аввал ба ҳайси омӯзгор дар мактаби рақами 2 – и шаҳри Истаравшан ба кор шуруъ кардааст. Айни ҳол омӯзгори мактаби №3, шаҳри Роғун, роҳбари иттиҳодияи методии омӯзгорони фанҳои табиӣ – риёзӣ ва роҳбари маҳфили «Физикони ҷавон» мебошад. Ду сол боз дар озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» иштироки фаъолона дорад.
Омӯзгори гимназия – парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Абдуллозода факултаи химияи ДДД – ро хатм кардааст. Ҳангоми дар курси сеюм хонданаш дар мактаби рақами 2 – и ноҳияи Данғара дарс мегуфт. Аз хурдӣ меҳр ба ин фан дошт ва дар дарси омӯзгори химияашон иштироки фаъолона дошт. Ӯ бештар худомӯз аст, дар ин соҳа асару мақолаҳои методии зиёди олимонро мутолиа карда, таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст. Муаллифи 18 мақолаи илмист.
Дилшод Абдуллоев низ омӯзгори ҷавон буда, ҳамагӣ таҷрибаи панҷсолаи омӯзгорӣ дорад. Ба шогирдонаш дар мактаби рақами 29 – и ноҳияи Рашт аз фанҳои химия – биология дарс мегӯяд. Вай хатмкардаи Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт аст.
Мавзуъҳои баргузор кардани маҷлиси падару модарон аз тарафи ҳайати ҳакамон эълон гардид. Довталабон бо истифода аз қонуну қарорҳо ва санадҳои меъёрии соҳа дар зарфи бист дақиқа «маҷлиси падару модарон»-ро ташкил карданд. Мавзуъҳо чандон душвор набуда, ба рӯзҳои таърихӣ ва қонунҳои ҷории мамлакат ва монанди ин рабт доштанд. Аксари омӯзгорон аз уҳдаи иҷрои он ба хубӣ баромаданд.
Баргузор намудани дарсҳо дар мактаби рақами 35 – и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сурат гирифт. Гузаштани дарс дар синфи ношинос аз шартҳои муҳимест, ки донишу маҳорат ва кордонии омӯзгорро собит менамояд. Ҳамаи довталабон мекӯшиданд, ки дарсашон диққатҷалбкунанда ва бо аёниятҳо, бахусус, тавассути воситаҳои техникӣ гузарад. Ҳар кадом омӯзгор дар ин самт сабку салиқа ва маҳорати хосаи хешро доро буд.
Довталаб Н. Ашӯрова дар мавзуи «Ифодаҳои ҳарфӣ» дар синфи 2 машғулият баргузор намуд. Вай хонандагонро ба се гурӯҳи шартӣ – «Офтобак», «Моҳтобак» ва «Ситорача» ҷудо карда, байни онҳо як навъ мусобиқа ташкил намуд. Ба ин васила аксар мисолу масъалаҳо вобаста ба мавзуи номбаршуда ҳал шуданд. Пурсиши вазифаи хонагӣ, вобастагии он ба мавзуи нав ва ҳамчунин, бо мавзуъҳои такрорӣ хеле хуб мушоҳида гардид. Муаллима аз тахтаи электронӣ ба таври фаровон исифода бурд. Ин усул ба бачаҳо бештар писанд буд ва қисми зиёди онҳо ҳар лаҳза барои ҷавоб додан ба саволҳо даст боло мекарданд.
Омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №11, ноҳияи Файзобод Н. Саидов бо иштироки 23 нафар хонанда дар синфи 4 дарси забони тоҷикиро дар мавзуи «Аҳамияти забономӯзӣ» ташкил намуд. Вай тавассути ҳикояи «Марди дарвеш» (аз «Бӯстон» — и Саъдии Шерозӣ) ба бачаҳо барои тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва тарзу усулҳои истифодаи он маслиҳатҳо дод. Тавассути пурсишу саволҳои зиёде дарс ҷамъбаст гардид. Омӯзгор тавонист ҳангоми гузаштани як соати дарсӣ ба мақсади худ бирасад. Бино ба иттилои узви ҳайати ҳакамон, мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ – и ВМИ ҶТ Зуҳро Холзода омӯзгор тавонист дар ҷараёни дарс методҳои гуногунро истифода кунад. Масалан, омӯзгор дидактика, технология, шунавонидан, хонондан, гурӯҳбандӣ, тарҷума кардан, кор бо луғат дар тахтаи синф, кор бо варақаҳо ва монанди инҳоро ҳадафмандона истифода кард. Омӯзгори дов-талаб, ҳамчунин, аз тахтаи электронӣ ҳадафмандона истифода бурда, баъзе калимаҳои душворфаҳмро дар тахтаи синф навишт ва якҷо бо шогирдон онҳоро бо садои бурро талаффуз намуд, ки минбаъд ба луғатдонии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Хулоса, омӯзгор ба мақсад расид, дар вақти муайяншуда дарсро ба охир расонд, ба хонандагони пурсидашуда баҳои муносиб гузошта тавонист.
Машғулиятҳои довталабон З. Қараева, Н. Ашӯрова, Н. Меликова низ бо истифода аз усулҳои нави таълим — технологияи муосир, салоҳиятнокӣ ва монанди инҳо хеле ҷаззоб буд.
Дар қисмати таҳлили дарс довталабон аввал андешаҳои хешро доир ба дарсҳои гузаштаи худ, сипас оид ба дарси ҳамкасбонашон, ки дар машғулиятҳои якдигар иштирок доштанд, иброз намуданд. Маълум, ки омӯзгори имрӯза бе дониши технологияи компютерӣ ба комёбӣ муваффақ нахоҳад гардид. Ба ҳар сурат, дар ин самт байни довталабон фарқи куллӣ буд. Маълум гардид, ки онҳо ҳанӯз аз технологияи иттилоотӣ ба таври васеъ истифода наменамоянд. Чунин ба назар менамуд, ки довталабон тахтаи электрониро, аслан, барои ба назар гирифтани ҳакамон истифода менамуданд (на барои истифода бурдани мақсаднок дар дарсҳо), ки ҷойи таассуф аст.
Раиси ҳакамон Умар Умаров, дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ иброз дошт, ки имсол дар баргузории маҷлиси падару модарон аз тарафи дов-талабон ба роҳ мондани соати тарбиявӣ фаъолмандӣ нишон дода шуд. Тақрибан ҳамаи онҳо дар дарси худ тавонистанд диққати «падару модарон» — ро ба ҳалли мавзуъ ҷалб намоянд. Довталабон дар ташкили дарси тарбиявӣ, бо он ки вақт ниҳоят кам буд, ҳунари хуб нишон дода тавонистанд. Раиси ҳакамон вобаста ба ҳар як шарти иҷрошуда аз тарафи довталабон хулосаи узви ҳакамонро баён намуд. Шарти дигар — ҷавоби дуруст додан ба даҳ савол бо мақсади донис-тани асноди меъёрӣ — ҳуқуқӣ буд, ки мутаассифона, на ҳамаи ҷавобҳо саҳеҳ буданд.
Ниҳоят озмун бо иштироки кормандони масъули Вазорати маориф ва илм, мухлисон, намояндагони ВАО ҷамъбаст гардид. Муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода ба шаффофияти озмун баҳои баланд дода, фаъолияти ҳамаи довталабонро ситоиш намуд.
— Хуб аст, ки довталабон ҳар сол бештар аз фанҳои дақиқ ширкат менамоянд. Албатта, бе истифода аз технология дарси муосир ба таври бояду шояд анҷом намепазирад. Аз ин рӯ, довталабонро зарур аст, ки минбаъд бештар бо ин усул ва муносибати босалоҳият кор бигиранд. Дар ин самт Вазорати маориф ва илм ҳамеша ба онҳо кумаки худро хоҳад расонид, — гуфт муовини вазир.
Ҳакамон фаъолияти довталабонро таҳлил намуда, ба онҳо баҳогузорӣ карданд. Дар натиҷа омӯзгори химияи гимназия – парваришгоҳи ба номи Б. Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Санавбар Абдуллозода (бо 193,25 хол) сазовори ҷойи якум гардид. Ҷойи дуюм насиби омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №28, ноҳияи Варзоб Нозигул Ашӯрова (бо 192, 1 хол) ва ҷойи сеюм насиби омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №18, ноҳияи Шаҳринав Зайтуна Қараева (бо 178, 5 хол) шуд. Ба ғолибони озмун аз тарафи ВМИ ҶТ, ДҶТИБКСМ ва Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илм мукофотҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор