ИСТЕЪДОДҲОРО ТАРБИЯТ БОЯД КАРД

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати дарёфт ва тарбияи хонандагони болаёқат ва соҳибистеъдод бо дастури Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирию иқдоми Ҳукумати кишвар Вазорати маориф ва илми мамлакат корҳои зиёдеро ба анҷом расонд, ки ташкили марказҳои вижаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ аз ин қабил амалҳост.
Сол ба сол, марҳала ба марҳала раванди ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳои гуногун (фаннӣ, даставӣ, байналмилалӣ, номӣ) дар сатҳи мактаб, ноҳия, минтақа, ҷумҳурӣ, миқёси ҷаҳон вусъату такомул ёфта, хонандагони хушзеҳну заковатманд ва донову пешқадам ба дастовардҳои намоён ноил гардиданд. Ба тасдиқи директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, соли равон даври чоруми (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаи фаннӣ баргузор шуда истодааст. Даври сеюми он, яъне минтақавӣ бо иштироки довталабон аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ташкил ва гузаронида шуд. Тавре маълум аст,аз 13 то 16 апрели соли ҷорӣ дар мактаби байналмилалии Президентӣ даври чоруми олимпиадаи фаннӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимгоҳҳои типи нав баргузор гардид, ки дар он 859 нафар довталаб аз тамоми шаҳру навоҳӣ иштирок намуданд.
Соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии олимпиада аз фанҳои табиӣ – риёзӣ 607 нафар довталаб (хонандагони синфи 11) аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва типи нав ширкат карда, 217 нафар сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла, 35 нафар соҳиби ҷойи якум, 58 нафар ҷойи дуюм ва 124 нафар ҷойи сеюм гардиданд.
Имсол нисбат ба соли гузашта 2 нафар зиёдтар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор шуданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаи имсола 219 нафар хонанда ғолиб баромада, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Бояд зикр кард, ки дар ин даври олимпиада аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанб 254 нафар хонанда иштирок ва сабқат намуда, 9 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм, 58 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд, ки дар маҷмуъ, 80 нафарро ташкил намуд. Аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 137 нафар иштирок карданд, ки 30 нафар, аз ҷумла, 3 нафар соҳиби ҷойи аввал ва 27 нафар сазовори ҷойи сеюм, аз вилояти Хатлон 232 нафар иштирок намуданд, ки 1 нафар ба гирифтани ҷойи аввал, 6 нафар ҷойи дуюм ва 41 ҷойи сеюм, дар умум, 48 нафар, аз вилояти Суғд 171 нафар ширкат варзиданд, ки 6 нафар соҳиби ҷойи аввал, 12 нафар ҷойи дуюм, 40 нафар ҷойи сеюм, ҷамъ 58 нафар, аз ВМКБ 65 нафар иштирок намуданд, ки аз ин теъдод 3 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Нишондиҳандаҳои довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимгоҳҳои типи нав бозгӯи онанд, ки сатҳи саводу дониши онҳо ба талаботи Низомномаи олимпиадаи фаннӣ ҷавобгӯ набуда, боиси ташвишу нигаронӣ мебошад.
— Таассуфовар он аст, ки аз шаҳру навоҳии Истиқлол, Қубодиён, Роғун, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Мурғоб ягон нафар хонанда дар даври чорум ширкат накарданд, — мегӯяд Н.Саломзода ва меафзояд, ки хонандагон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Роштқалъа, Турсунзода, Фархор, Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш, Истаравшан, Муъминобод, Носири Хусрав, Файзобод, Бӯстон, Ҷайҳун, Шаҳритус, Рӯшон, Дарвоз, Гулистон, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Темурмалик, Балҷувон ва Ишкошим иштирок карда бошанд ҳам, сазовори ягон ҷойи ифтихорӣ нагардиданд. Тибқи банди 10-и зербанди 48-и Низомномаи олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони фаъоли даври сеюми олимпиада метавонанд тариқи дархост дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок намоянд. Мутаассифона, аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ягон нафар ба ин тартиб низ ба даври ҷумҳуриявӣ пешниҳод нагардид. Мувофиқи Низомнома, дар олимпиадаи фаннии даври ҷумҳуриявӣ аз ҳар як минтақа ва шаҳру навоҳӣ вобаста ба фанҳои таълимӣ 12 – нафарӣ довталаб (6 нафар аз муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ ва 6 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти типи нав – литсейю гимназия ва мактабҳои ғайридавлатӣ) иштирок мекунанд. Аз таҳлили оморӣ бармеояд, дар шаҳру навоҳие, ки зикрашон дар боло рафт, ба ҳаракати олимпӣ ва тарбияву тайёр намудани хонандагони донишманду болаёқат ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Ба таъкиди директори ҷумҳуриявии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо нишондиҳандаҳои довталабон аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо аз фанҳои биология, география ва технологияи иттилоотӣ беҳтар буда, аз 178 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – иштирокдори даври ҷумҳуриявии озмун аз фанни биология касе ҷойи аввалро соҳиб нагардида бошад ҳам, 10 нафар ба гирифтани ҷойи дуюм ва 85 нафар ба мақоми сеюм сазовор шуданд. Дар маҷмуъ, 95 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз 144 нафар иштирокдори озмун аз муассисаҳои типи нав, аз фанни биология низ нафаре пирӯзӣ ба даст наовард, вале 5 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 42 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Аз фанни география аз 61 нафар довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1 нафар ба гирифтани ҷойи дуюм ва 12 нафар мақоми сеюм ва аз 58 нафар иштирокдор аз муассисаҳои таҳсилоти типи нав дунафарӣ сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Аз фанни технологияи иттилоотӣ аз 29 нафар довталаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 нафар соҳиби ҷойи аввал, 3 нафар ҷойи дуюм ва 4 нафар ҷойи сеюм гардиданд. Аз муассисаҳои таълимии типи нав, аз 42 нафар иштирокдори озмун, 14 нафар пирӯз гардида, 6 нафар ҷойи дуюмро соҳиб шуданд. Нишондиҳандаҳои довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимгоҳҳои типи нав аз фанҳои математика, физика ва химия бозгӯйи он аст, ки дониш ва маҳорату малакаи хонандагон дар сатҳи нокифоя қарор дошта, ба талаби замон чандон ҷавобгӯ намебошад. Дар воқеъ, аз 41 нафар иштирокдори озмун аз фанни математика аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нафаре (!) ягон ҷойи ифтихориро соҳиб намегардаду аз муассисаҳои типи нав (литсейю гимназияҳои давлатию ғайридавлатӣ) аз 49 нафар танҳо 1 нафар (!), он ҳам ба гирифтани ҷойи дуюм ноил мегардад, магар мӯҷиби таассуфу нигаронӣ ва андеша намебошад? Аз фанҳои физикаю химия низ маҳорату дониши довталабон қонеъкунанда набуда, аз 52 нафар иштирокдори озмун аз фанни физика, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ягон нафар ҷойи якумро соҳиб нагардидаву 1 нафар ба гирифтани ҷойи дуюм ва 6 нафар мақоми сеюм ноил гардидаанду халос.
Аз муассисаҳои таълимии типи нав, аз 49 довталаб якнафарӣ соҳиби ҷойҳои якуму дуюм ва 7 нафар сазовори ҷойи сеюм гаштаанд. Аз фанни химия, аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 93 нафар иштирокдор ягон нафар ҷойи якуму дуюмро сазовор нагардида, танҳо 7 нафар ҷойи сеюмро соҳиб шудаанд. Аз муассисаҳои таълимии типи нав, аз 63 довталаб нафаре ҷойи аввалро соҳиб нагардидаву 1 нафар ҷойи дуюм ва 4 нафар мақоми сеюмро сазовор шудаанд. Чаро чунин вазъият ба амал омадаву мутасаддиёну масъулон ва дастандаркорони олимпиадаи даври ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиӣ-риёзиро ба ташвишу изтироб ва нигаронӣ мувоҷеҳ сохтааст? Воқеан, нисбат ба солҳои қаблӣ нишондиҳандаҳои хонандагон паст буда, маҳорату малака ва дониши онҳо дар умум 51,60 фоизро ташкил медиҳад. Дар олимпиадаи мазкур, дар қиёс бо дигар шаҳру навоҳӣ, довталабон аз шаҳри Душанбе сазовори 80 ҷой, вилоятҳои Суғд 58, Хатлон 48, ВМКБ 3 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 30 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Шаҳру ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Данғара, Ваҳдат, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Фирдавсию Исфара пешсаф буда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Сабаби аслию муқаддами иштироки сусту нокифоя ва посухгӯ набудан ба талаботи замонро аз ҷониби довталабон дар озмуни мазкур директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Н.Саломиён дар иҷро нагардидани «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025», ки соли 2021 қабул гардидааст, меҳисобад. Барномаи давлатӣ аз 88 банд иборат буда, роҳу шеваҳои татбиқи амалии онҳо дар робита бо вазифаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия ва вилоятҳо, раёсату шуъбаҳои маориф, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди раёсату шуъбаҳои маориф, зерсохтору идораҳои тобеи Вазорати маориф ва илми кишвар (Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ), донишкадаю донишгоҳҳо, шарикони рушд ва амсоли инҳо равшану дақиқ баён карда шудааст. Ду маротиба аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар мактуби расмӣ ирсол карда шудааст. Мутаассифона, бандҳое, ки (27 банд) ба ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо ва раёсату шуъбаҳои маориф (31 банд) тааллуқ доранд, иҷро нагардида мондаанд. Дар Барнома тамоми нақша – чорабиниҳои амалӣ дар хусуси дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз байни хонандагон инъикос гардидааст. Аз ҷумла, дастгирию ҳавасманд гардондани омӯзгорону устодон, хонандагон ва падару модарон, тарбия ва тайёр намудани хонандагони хушзеҳн ва соҳибқобилият ба озмунҳо, рушди ҳаракати олимпӣ ва фароҳам овардани базаи моддию техникии марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз омилҳое маҳсуб меёбанд, ки ба пешрафти кор дар ин самт мусоидат хоҳанд кард. Яке аз вазифаҳое, ки дар назди роҳбарияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ қарор дорад ва дар Барнома зикраш рафтааст, таъсиси воҳиди кории муовини директори таълимгоҳ оид ба рушди ҳаракати олимпӣ ба шумор меравад. Боиси ташвиш ва нигаронии амиқу ҷиддӣ мебошад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вазифаи муовин ташкил карда нашудааст. Хушбахтона, дар бахши аъзами муассисаҳои типи нав (давлатию ғайридавлатӣ) муовинони директор оид ба рушди ҳаракати олимпӣ фаъолияти густарда доранд. Дар аксар шаҳру ноҳияҳо марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ намеёбанд. Ба сабаби таъмин набудани марказҳои зикршуда бо мустақилияти молиявӣ бештари ин муассисаҳо соҳиби бинои махсус ва воҳидҳои зарурии корӣ намебошанд.
Ҳол он ки иҷрои бандҳои 6, 12, 13, 14, 15, 16, 24, 25, 31, 32, 33, 39, 41, 45, 46, 48, 49, 53, 56, 60, 61, 62, 70, 74, 76, 77, 83, 85, 86, 87-и «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025», ки ба мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ва раёсату шуъбаҳои маориф тааллуқ дорад, маҳз ба ҳалли таъхирнопазири масоиле, ки зикраш рафт, нигаронида шудааст. Бояд ба таври оҷил мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии Мурғоб, Роғун, Нуробод, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, Қубодиён, Турсунзода, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ. Балҷувон, Вахш, Левакант, Муъминобод, Носири Хусрав, Темурмалик. Фархор Ҷайҳун, Шаҳритус, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Дарвоз, Ишкошим, Роштқалъа ва Рӯшон ба иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Дар зимн, баъзе омилҳои дигарро, ки низ ба раванди ташкил ва баргузории олимпиадаи фаннӣ дар даври ҷумҳурӣ таъсиргузор аст, зикр намудан аз фоида холӣ намебошад.
Ба андешаи иддае аз устодону омӯзгорон ва коршиносони масоили соҳаи маориф, саволномаҳое, ки таҳия ва пешниҳод шудаанд (аз ҷумла, аз математика), дар шакли мушкил интихоб гардидаанд. Ҳарчанд саволҳо ба таври хаттию тестӣ дар заминаи барномаҳои таълимӣ интихоб ва пешниҳод шудаанд, вале аз ҷиҳати моҳият саволу масъалаҳо то андозае аз ин доира берун, дар сатҳи баланд буданд. (Манзур он аст, ки номи мавзуъ, мисолу масъалаҳо ба барномаи таълимӣ мувофиқат мекарданд, вале саволу масъалаҳо ба сабаби мушкилу мураккаб ва дар сатҳи мактаби олӣ интихоб гардидан, созгор набуданд). Ба андешаи омӯзгори муваффақ ва таҷрибаманд Ҷонибек Баротов аз шаҳри Душанбе, барои минбаъд саволномаҳои олимпиада аз фанни математика дар доираи 16 савол – 10 саволи тестӣ аз дохили барномаи таълимӣ, 3 савол аз барномаи таълимӣ, вале моҳиятан мураккабтар ва 3 саволи боқимонда берун аз барнома интихоб ва пешниҳод шавад, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Мутахассиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Ниёзов ба он назар аст, ки саволномаҳо аз фанни математика дар доираи талаботи Низомномаи олимпиадаҳо чун солҳои қаблӣ таҳия, интихоб ва пешниҳод гардида, ҳеҷ мушкилие надоштанд. Танҳо иқрор бояд шуд, ки омодагии довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо ва донишу маҳорати онҳо дар муқоиса бо солҳои гузашта дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ суст ва камранг ба мушоҳида расид.
Сафаралӣ Ниёзов афзуд, ки соли 2022 Низомномаи нави олимпидаҳои фаннӣ таҳия ва қабул гардид, ки баҳогузории донишу маҳорати довталабонро аз рӯйи меъёри аз 50 бал боло муқаррар намудааст, ки ин ба воқеият мутобиқат намекунад. Бо дарназардошти фанҳои дақиқ ва табиию риёзӣ, ба хусус, математика, химия ва физика ин масъала бояд дар Низомномаи наве пешниҳод шудааст, бознигарӣ ва коркард шавад.
Дар Низомномаи нави олимпиадаҳои фаннӣ аз математика (алгебра, геометрия), аз ҷумла, зикр шудааст, ки дар баҳогузорӣ ба натиҷаи кори иштирокдори олимпиада ва муайян намудани холи ниҳоии ӯ аз рӯйи низоми 100-хола истифода карда мешавад. Таносуби холҳо чунин муқаррар карда мешавад:
— барои супориши кори хаттӣ то 60%; — супоришҳои тестӣ 40% дар маҷмуъ, кумитаи тадорукот ҳадди ақалли холҳоро ҷиҳати арзёбии мусбат барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ на камтар аз 50% ва барои муассисаҳои таълимии типи нав на камтар аз 60% муқаррар менамояд.
— Дар байни хонандагон – довталабоне, ки аз фанҳои математика дар озмуни фаннии даври ҷумҳуриявӣ ширкат доштанд, онҳое кам набуданд, ки донишу маҳорати баланд нишон доданд, вале тибқи меъёри баҳогузорие, ки дар Низомнома пешниҳод гардидааст, сазовори ҷой нагардиданд, — изҳор дошт С. Ниёзов.
Ба тасдиқи директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нусратулло Саломиён, яке аз омилҳои ба натиҷаҳои баланд ноил нагардидани довталабон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ба талаботи меъёрҳои Низомномаи нави олимпиадаҳои фаннӣ вобаста ба баҳогузории донишу савод ва маҳорату малакаҳои довталабон (хонандагони синфи 11) мутобиқ нагардидани онҳо низ мебошад.
Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Зиёдулло Абдулзода перомуни нишондиҳандаҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва типи нав (синфҳои 11) дар даври ҷумҳуриявии озмун аз фанҳои табиӣ-риёзӣ андеша ронда, зимнан, зикр намуд, ки масъалаи омода намудан ва иштироки довталабон аз муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар дар ҷаласаҳои вазорат пайваста таъкиду хотиррасон гардида, ба сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф супоришҳои мушаххас дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ аз 219 нафар гирандагони ҷойҳои намоён 113 нафар аз шумораи хонандагоне мебошанд, ки ба рӯйхати иловагӣ ворид гардидаанд. Ин рақам аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулону мутасаддиён дар маҳалҳо олимпиадаро ба таври зарурӣ намегузаронанд. Дар натиҷа хонандагони воқеан болаёқат аз мадди назар дур монда, хонандагоне ба олимпиада фиристода мешаванд, ки донишу саводи ҷавобгӯ ба талаби замон надоранд.
Дар умум, масъалаи мазкур аз ҷониби раҳбарияти Вазорати маориф ва илми кишвар ба гунаи доимӣ зери назорати махсус қарор дорад ва умед аст, ки минбаъд мушкилот дар ин самт ҳалли мусбати худро меёбанд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»