МЕҲРНОМАСАРОИ ВАТАН ДАРГУЗАШТ

24-уми марти соли равон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳоҷӣ Мурод аз олам даргузашт.
Устод Ҳоҷӣ Мурод (Маҳмадмурод Хоҷаев) 17 июли соли 1942 дар рустои Ялдамичи ноҳияи Ғарм (Рашти ҳозира) таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаби ҳафтсолаву миёнаи махсус вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин гардида, таҳсилро соли 1967 муваффақона ба итмом расондааст. Ҳамон сол дар нашрияи «Қаротегини Советӣ» ба фаъолият пардохта, баъдан дар Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон ба сифати муҳаррир, дар рӯзномаҳои “Тоҷикистони Советӣ”, «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор», «Маданияти Тоҷикистон» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ба ҳайси ходим ва мудири шуъба ифои вазифа доштааст. Аз соли 1987 дар нашриёти «Адиб» ба кор пардохта, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Аз соли 2013 то охирин нафаси ҳаёташ машғули фаъолияти эҷодӣ буд. Муддате дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва котиби Сафорати Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият доштааст. Заҳматҳояш бо ифтихорномаҳо ва ордени «Шараф» қадрдонӣ шудаанд. Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Нахустин шеъри ӯ соли 1960 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» («Омӯзгор») ба табъ расидааст. Баъдан ашъори гуногунаш дар маҷмуаҳои дастҷамъӣ ва нашрияҳои мухталифи ҷумҳурӣ чоп шудаанд. Ҳамчунин, намунаҳои ашъораш дар авроқи маҷмуаҳои «Суроғ» (1989), «Хӯшабанд» (1992), «Хокистари сиришк» (1996), «Исёни сукут» (2000), «Қаламрави таманно» (2003), «Нилуфари бомдод» (2007), «Сувари фитрат» (2012) ва «Шеваи офариниш» (2019) манзури алоқамандони каломи мавзун гардидаанд. Китоби «Хокистари сиришк»-и ӯ соли 1997 сазовори Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст.
Дӯстону пайвандон ва ҳаводорони каломи бадеъ аз устод Ҳоҷӣ Мурод ҳамеша ба некӣ ёд хоҳанд кард.