Бо пайгирӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми апрели соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Кохи Суруш маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, олимпиада оид ба «Шоҳмот», олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва «Spelling bee» баргузор гардид.
Дар маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Дилбар Одилзода, сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ва масъулини сохторҳои маорифи пойтахт иштирок намуданд.
Маросими супурдани ҷоизаҳо ба ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 8 номинатсия «Даҳ муассисаи типи нав дар ҳаракати олимпии фаъоли пойтахт», «Даҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпии фаъоли пойтахт», «Се ноҳияи дар ҳаракати олимпӣ фаъоли пойтахт» «Се маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои дар ҳаракати олимпӣ фаъоли пойтахт», «Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ»-и олимпиадаи даставии «Истеъдод», «Беҳтарин дастаи муассисаҳои типи нав»-и олимпиадаи даставии «Истеъдод», «Беҳтарин дастаи писарон» дар олимпиадаи «Шоҳмот», «Беҳтарин дастаи духтарон» дар олимпиадаи «Шоҳмот», «Беҳтарин дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ»-и олимпиадаи даставии «Spelling Bee», «Беҳтарин дастаи муассисаҳои типи нав»-и олимпиадаи даставии «Spelling Bee», «Ғолибони даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаҳои фаннӣ» баргузор гардид.
Боиси хушнудию фараҳмандист, ки имрӯз 219 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ки ҷойҳои фахрии олимпиадаҳои фанниро сазовор гардиданд, қадрдонӣ шуданд.
Бояд зикр кард, ки имрӯз наврасони пойтахт дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат намуда, бо дастовардҳои илмию эҷодии худ маҳорату қобилияти фарзандони Тоҷикистонро дар миёни кишварҳои дигар ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.
Маркази матбуоти
сарраёсати маорифи
шаҳри Душанбе