Шумораи навбатии «Омӯзгор», (№ 14, аз 6 апрели соли 2023) бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Шаҳсутуни таърихи тоҷикон» оид ба таҷлили иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд шуруъ гардидааст. Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат дар ин ҷо як қатор муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумиро ифтитоҳ намуда, ба як гурӯҳ ятимони шаҳру ноҳияҳои вилоят туҳфаҳои идона супориданд. Доир ба ин мавзуъ таҳти унвони «Файзи истиқлол» навиштаҳои зиёде ба нашр расидаанд.
Зери рубрикаи «Ҳафтаи вазорат» матолибе ба табъ расидааст, ки инъикосгари набзи маорифи ҷумҳурианд. Навиштаи корманди рӯзнома Салима Мӯсоева аз хусуси ҷараёни баргузории озмун оид ба дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои хонандагони муассисаҳои зинаҳои гуногуни таҳсилоти чор ноҳияи шаҳри Душанбе маълумот медиҳад.
Маводи кормандони «Омӯзгор» «Сохтмони мактаби Дарнайчӣ таъхир меёбад. Чаро» (муаллиф Ш. Абдулҳамид) ва «Қонун иҷро мешавад?» (муаллиф С. Азизӣ) проблемавӣ буда, аз камбудиҳо ва саҳлангорӣ дар МТМУ №38-и ноҳияи Восеъ ва вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қисса мекунад.
Чунонки маълум аст, ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи апрел дар ҷумҳурӣ Фестивали китоби кӯдакону наврасон доир мегардад. Дар ҳошияи ин ҳамоиши муҳим Ҳусайн Сафарзода – директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар андешаҳои хешро доир ба тарғиби китобу китобдорӣ бо номи «Зиёбахши дунёи кӯдакон» баён кардааст.
Зери рубрикаҳои «Идеология» ва «Ифтихор» матолибе ба нашр расидааст, ки аз ватандӯстӣ, қонуни ватандорӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва монади ин маълумот медиҳанд. Ҳамчунин, дар саҳифаҳои дигари рӯзнома чанд андеша доир ба ҳаёти соҳаи маориф, аз ҷумла, баргузории олимпиадаҳо, иштироки шогирдон дар сабқатҳои фаннӣ баён гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳар ҳафта рӯзнома ба масоили ифротгароӣ, мазаммати дигари амалҳои номатлуби ҷомеа, заминаҳои худшиносии миллӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз терроризму экстремизм матолиби зиёдеро ба нашр мерасонад. Дар ин шумора низ аз ин силсила мақолаҳои хонданӣ ба табъ расидааст, ки навиштаи корманди ВМИ ҶТ Ҷалолиддин Амир бо номи «Хиёнат ба башарият» аз ҳамин ҷумла аст.
Рӯзномаи «Омӯзгор» дар ҳар шумораи хеш фикру андешаҳои омӯзгорони пешқадамро бо мақсади тақвият бахшидани сифати таҳсилот ба нашр мерасонад. Дар ин шумора низ аз ин силсила навиштаҳои Убайдулло Соатов, Файзулло Усмонов, Сабзбаҳор Кӯчакшоева, Одилҷон Мирзоев, Файзулло Боқизода, Ф. Эшонҷонова, Марҷона Ғуломова ва ғайра ба табъ расидааст.
Зери рубрикаи «Дастовард» мусоҳибаи мухбири рӯзнома дар ВМКБ Ҷангибеки Улфатшоҳ бо номи «Вусъати фаъолият – тақозои замон» бо Ректори ДДХ ба номи М. Назаршоев, доктори илмҳои сиёсӣ Комилбек Амид Ёрбек ба нашр расидааст, ки аз фаъолияти ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ маълумот медиҳад.
Бояд гуфт, нашрияи «Омӯзгор» бахшида ба мавзуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа озмунҳои зиёде эълон кардааст, ки қариб ҳар шумора таҳти унвони «Тоҷикистон диданист!», «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба», «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо», «Омӯзгор машъалафрӯзи ҷомеа» ва ғайра навиштаҳои хонанадагон чоп мешаванд. Ин дафъа зери рубрикаи «Тоҷикистон диданист!» навиштаи озмунии омӯзгори мактаби рақами 12 – и ноҳияи Ёвон Зайнулобиддин Ҳусейнов ба табъ расидааст.
Дигар маводи рӯзнома низ хонданӣ буда, ихлосмандони «Омӯзгор»-ро бо навигариҳои соҳаи илму маориф ошно месозад.
Навбатдори шумора Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»