ҲАМКОРИҲО ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

4-уми марти соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода бо Нидоев Давлат Назридинович – муовини ноиби ректор, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Трофимов Сергей Викторович – директори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Ғаниев Рустам Ғафурович – директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар Душанбе баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илм аз густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм ёдовар шуд. Ӯ аз фаъолияти пурсамари Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки он дар қатори дигар филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия дар Душанбе барои омода намудани кадрҳои барои иқтисоди мамлакат зарур нақши арзанда мегузорад.
Муовини ноиби ректор – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Нидоев Давлат Назридинович аз дастгириҳо ва ҳамкориҳои судманди Вазорати маориф ва илм, ки баҳри беҳтар намудани фаъолияти Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар Душанбе равона шудааст, изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки роҳбарияти донишгоҳи мазкур баҳри беҳтар кардан ва густариш додани фаъолияти филиал иқдомҳои пайвастаро ба роҳ мондаанд.
Дар охир ҷонибҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илм бо Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани равобити дуҷониба изҳори омодагӣ намуданд.