МАКТАБИ ҶАСОРАТУ МАРДОНАГӢ

Яке аз сарчашмаҳои асосӣ ва муҳимми омода намудани ҷавонони мо барои хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Зеро маҳз дар мактабҳои миёна таҳкурсии асосии ҳувият, ватаншиносӣ ва ватанпарастии наврасон тавассути омӯзгорони пуртаҷриба ва худогоҳ гузошта мешавад. Яке аз фанҳое, ки дар баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ ва огоҳ намудани хонандагони мактабҳои миёна аз зарурати ҳимоят намудани марзу буми муқаддаси Ватани аҷдодӣ саҳми мондагор мегузорад, фанни омодагии ибтидоии ҳарбист. Ҳадафи асосии омӯхтани ин фан ва машғулиятҳои заруриро иҷро намудани хонандагон пеш аз ҳама омода намудани онҳо барои хидмат дар сафҳои Артиши миллӣ мебошад. Омӯзгороне, ки фанни омодагии ибтидоии ҳарбиро ба хонандагон дарс медиҳанд, меъмороне ҳастанд, ки хишти аввали қасри муқаддасу мубораки Артиши миллиро мегузоранд, зеро маҳз онҳо ба хонандагон тариқи сафороӣ, қадам задан ва ҳамеша ҳушёру зирак буданро омӯхта, онҳоро ба лавозимоту асбобу аёнияти фанни мазкур, аз қабили автомати таълимӣ, воситаҳои ҳимояи фардӣ, ниқоби зиддигаз (противогаз) ва ғайраҳо шинос менамоянд.
Аз ин рӯ, мактабҳо бояд на танҳо даргоҳи аз худ намудани донишҳо, балки омӯзишгоҳи ҷасорату матонат бошанду дар зеҳни хонандагон хидмат намудан ба ватанро ҳамчун қарзи муқаддаси фарзандӣ сабт намоянд.
Омӯзгорони мактабҳои миёна, хусусан омӯзгороне, ки фанни омодагии ибтидоии ҳарбиро ба хонандагон меомӯзонанд, бояд симои Артиши миллиро ба таълимгирандагон сазовор муаррифӣ намоянд ва огоҳ кунанд, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон беҳтар кардани шароити хидмат, зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ буда, ҳамасола дар доираи ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ музди кор ва маоши вазифавии хидматчиёни ҳарбӣ мунтазам зиёд карда мешавад.
Ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ машғул бояд шуд. Дар ин ҷодаи мушкил давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангии худро ба он равона намояд.
Анис ШАРИФЗОДА,
омӯзгор, ноҳияи Айнӣ