Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро 5 феврали соли 2023 аз хобгоҳи донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд дидан намуда, бо шароити будубоши онҳо дар хобгоҳ аз надик шинос шуд.
Зимни боздид Раҳим Саидзода бо донишҷӯён – истиқоматкунандагони хобгоҳ аз наздик мулоқот намуда, таъкид дошт, ки дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс ба забономӯзӣ ва мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул гарданд.
Ба роҳбарияти коллеҷ баҳри фароҳам овардани шароити хуби таълим, будубош ва тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб», «Илм — фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Тоҷикон — оинаи таърихи миллат» дастурҳои мушаххас дода шуд.
