Ташаккули мактабҳои илмии математикӣ

Истиқлоли давлатӣ барои мардуми шарифи тоҷик муҳимтарин санаи тақдирсоз дар таҳаввулу ташаккули давлатдории навин аст. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ марҳалаҳои аввалини пояҳои худшиносии миллӣ дар низоми муосири сиёсиву иҷтимоӣ гузошта шуд ва имкон фароҳам овард, то мустақилият дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ пойдор гардад, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ба вуҷуд ояд ва амсилаи миллии рушди давлатдории навини тоҷикон сохта шавад.

Дар тӯли 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҷумҳурии мо роҳи пуршебу фарозеро тай намудааст, ки ин масир бо ҳама муваффақияту комёбиҳо беназир мебошад. Ин дастоварди бузург маҳсули иродаи қавии давлату миллат, хиради созанда, худшиносии миллӣ ва талошҳои пайгиронаи мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Истиқлол имконият фароҳам овард, то Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, маориф ва илм муайян намуда, дар рушди зеҳни инсонӣ, қобилияти тавлиди дониш, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва ҳалли масъалаҳои миллӣ комёб гардад. Дар ин радиф соҳаи маориф яке аз сутунҳои асосии давлатдории миллӣ муаррифӣ гардид. Маориф бо аҳаммият ва арзиши худ яке аз соҳаҳои муҳимми сиёсати имрӯзаи ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Маориф, дар ҳақиқат, пойдевори ҳама пешрафту таҳаввулоти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба масъалаҳои рушди илм, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, дастгирии олимони ҷавон ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуда, низоми маориф ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Дар ин ҷода мактабҳои миллии илмӣ мақоми меҳвариро касб намуда, ҳамчунин, ҷузъи асосии пешбарандаи сиёсати давлат муаррифӣ гардиданд. Дар заминаи баланд гаштани маънавиёту маърифати ҷомеа мактабҳои илмӣ имконият фароҳам оварданд, то таҷрибаи илмӣ аз як насл ба насли дигар интиқол ёфта, дар ҳар як марҳала бо ғояҳои нав, усулҳои муосири таҳқиқ ва натиҷаҳои нави илмӣ ноил гарданд. Аз ин ҷиҳат, яке аз дастовардҳои муҳимми 35 соли истиқлол ҳифз, таҳким ва рушди мактабҳои илмӣ ба ҳисоб меравад, ки самти илмҳои дақиқ дар ин росто истисно нест. Маҳз мактабҳои илмӣ ва неруи созандаи олимони кишвар донишҳои нави инноватсиониро ба вуҷуд оварда, низоми таълимро тақвият бахшиданд.

Тавре ки ишора гардид, дар миёни мактабҳои илмии ҷумҳурӣ саҳми илмҳои дақиқ назаррас аст. Хусусан, мактабҳои илмии самти математика ва технологияҳои иттилоотӣ дар ин давра ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда тавонистанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд: «Ҷаҳони имрӯзаро бе рушди илмҳои дақиқ, хусусан, математика, мошинҳои ҳисоббарор ва технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст». Агар дар асри гузашта неруи саноатӣ асоси пешрафти давлатҳо ба ҳисоб мерафт, имрӯз дониш, технология ва қобилияти кор бо технологияи иттилоотӣ ба яке аз сарчашмаҳои асосии қудрати ҷомеаҳо табдил ёфтааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мактабҳои илмии математика таърихи ташаккулёфта ва анъанаҳои устувори илмӣ доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин замина на танҳо ҳифз, балки бо самти нави тадқиқотӣ бо татбиқи технологияҳои муосир табдил ёфт. Имрӯз дар доираи мактабҳои илмии математика масъалаҳои мубрами математикӣ, амсиласозии компютерӣ ва математикаи ҳисоббарорӣ таҳқиқ ва таҳлил мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки ташаккул ва рушди мактабҳои илмии математикаи тоҷик падидаи муҳимми илмӣ-маърифатӣ ба ҳисоб меравад.

Мактаби илмии академик Н. Раҷабов дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор дошта, бо донишгоҳҳо ва марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳон ҳамкории зич дорад. Инчунин, мактаби илмии М. Шаҳбозов дар арсаи байналмилалӣ тавонист нуфузи илми тоҷикро баланд бардорад.

Дар самти амсиласозии математикӣ ва компютерӣ низ мактаби илмии М. Юнусӣ ва Ф. С. Комилиён рушд намуда, натиҷаҳои илмии онҳо дар конгрессу конференсияҳо дар Федератсияи Россия, Хитой, ИМА, Эрон, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Туркия, Белгия, Австрия, Германия, Франсия, Нидерландия, Булғория, Юнон, Малта, Италия, Испания, Бенин, Гана, Того, Украина, Белорус, Қазоқистон, Гурҷистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки ин ҳама самараи даврони истиқлол мебошанд.

Моҳияти ин мактабҳо дар он зоҳир мегардад, ки дониш, таҷрибаи илмӣ, методологияи тадқиқот ва фарҳанги пажуҳиш аз устод ба шогирд интиқол ёфта, дар фаъолияти насли нав мазмун ва самтҳои тоза пайдо намудаанд.

Таҷрибаи 35 соли соҳибистиқлолӣ имкон медиҳад, ки рушди математикаи тоҷикро ҳамчун гузариш аз ҳифзи мероси илмӣ ба рушди иқтидори зеҳнӣ, аз фаъолияти инфиродии олим ба мактаби илмӣ, аз мактаби миллӣ ба ҳамкории байналмилалӣ ва аз тадқиқоти назариявӣ ба тадқиқоти байнисоҳавӣ ва технологӣ арзёбӣ намоем. Аз ин ҷиҳат, вазифаи асосии марҳалаи оянда бояд ташаккули муҳити илмие бошад, ки дар он олимони ҷавон на танҳо идомадиҳандаи дастовардҳои насли гузашта, балки тавлидкунандаи масъалаҳо, методҳо ва технологияҳои нави илмӣ бошанд.

Ҷойи инкор нест, ки яке аз масъалаҳои муҳим — таҳаввулу доман густурдани зеҳни сунъӣ марбут ба ҳамин натиҷаҳо мебошад. Албатта, то кадом андоза дуруст корбарӣ карда тавонистан аз тавонмандиҳои ЗС (ИИ) марбут ба идроки дурусти ҷомеа мебошад. Вобаста ба ҳамин ҷиҳатҳо буд, ки Роҳбари давлатамон аз минбари баланди СММ аз дурнамои мусбату манфии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор доданд. Мактабҳои илмӣ дар самтҳои математика, информатика, барномасозӣ ва амсоли инҳо, ки бо шарофати даврони соҳибистиқлолӣ поягузорӣ гардидаанд, дар оянда метавонанд ба як омили таҳрикбахш дар ташхиси ҳақиқатҳои раванди ҷаҳонишавӣ табдил ёбанд.

И. САИДЗОДА,
доктори илмҳои физикаю математика, дотсент, декани факултети механикаю математикаи ДМТ

Добавить комментарий