Коррупсия амали нангин буда, ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт, маънавиёт, сиҳатии омма, оромӣ, сатҳи зиндагии арзанда ва ниҳоят, ба сулҳу суботи ҷомеа, ба пешрафт, тараққиёт, инкишоф ва ташаккули ояндаи ҷомеа халал мерасонад. Баъзеҳо бо роҳи ришва соҳибмансаб ва боз ба ҳамин роҳ соҳиби пулу моли муфт мешаванд. Ришваю фасод мисли алафи бегона сабзида, ба заҳрпечак мубаддал мегардад. Ин ҳолати хавфнок оқибат ба амнияти миллат ва давлат зарари моддӣ ва маънавӣ мерасонад.
Яке аз сабабҳои сар задану афзудани амалҳои коррупсионӣ дар сатҳи паст будани шуур, маданият, маърифат, худшиносӣ ва дониши ҳуқуқии қисмате аз шаҳрвандони кишвари азизамон мебошад…
Бо супориши Луқмони Ҳаким ғуломеро, ки ором наменишаст, аз киштӣ ба об партофтанд. Ғулом дастак зад, доду фарёд бардошт. Танҳо пас аз он ки ӯро аз об берун оварданд, ором нишаст. Ҳам худаш ва ҳам дигаронро аз ҳолати ногувор раҳонид…
Мисле ки дар ҳикояи боло омадааст, шахси худношиносу бемаърифат оби зулолро аз оби шӯр фарқ намекунад ва даст ба амалҳои ношоиста мезанад. Ҳикматҳои бузургонро хонад ҳам, ба ҳадафи онҳо сарфаҳм намеравад, амали неку бадро тафовут бахшида наметавонад. Бузурге фармудааст:
Мурғе, ки хабар надорад аз оби зулол,
Минқор ба оби шӯр дорад ҳама сол.
Файласуфе фармудааст:
«Коррупсия бемориест, ки дар ибтидо фаҳмиданаш душвору табобаташ осон ва дертар аллакай фаҳмиданаш осону табобаташ қариб имконнопазир аст».
Чанд аср пеш як роҳи «табобат»-и ин бемориро роҳбари мазҳаби тоҷикони дунё Имоми Аъзам-Абуҳанифа ибни Собит пешниҳод карда буд. Вай гуфтааст: «Ҳар ки панд омӯзаду фиқҳ наомӯзад, ҳамчунон аст, ки дорую давоҳоро ҷамъ карда бошад ва то табиб наояд, онҳоро надонад ва нашиносад». Муҳимтарин василаи табобат ва пешгирии амали номатлуб баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон ва ҷавонони бофарҳанги Ватан мебошад. Дар моддаи 314-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки барои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ шахсони мансабдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ҷой доштани коррупсия-фасодангезӣ, порадиҳӣ, порагирӣ дар ҷомеа имкон намедиҳад, ки ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Ин ҳолат боварию эътиқоди шаҳрвандонро ба ояндаи неку хайр коста мегардонад.
Динҳои ҷаҳонӣ низ амалҳои номатлубро маҳкум кардаанд. Пайғамбари Ислом ашхоси палидро сазовори лаънати Худо хондааст.
Дар натиҷаи даст ба амалҳои коррупсионӣ задани гурӯҳе аз шаҳрвандон дар ҷомеа бемаърифатӣ, худношиносӣ, бесаводӣ, паст рафтани соҳаҳои мухталифи ҳаёт носолимӣ истеҳсолу истеъмоли молҳои зараровар ба миён меояд, ки оқибати ногувор дорад.
Саидмуъмин Амонзода,
омӯзгори МТМУ №27-и
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ













