Муҳити оилавӣ ва тарбияи кӯдак

Оила яке аз институтҳои асосии ҷомеа буда, дар ташаккули шахсияти инсон нақши ҳалкунанда дорад. Кӯдак аз лаҳзаи таваллуд дар муҳити оила ба воя мерасад. Ӯ дар оила сухан гуфтан, фикр кардан, муносибат бо дигарон ва риояи меъёрҳои ахлоқиро меомӯзад.

Имрӯз тарбияи кӯдак дар муҳити оилавӣ яке аз масъалаҳои муҳимми педагогика ва равоншиносӣ ба ҳисоб меравад, чунки тарбияи дуруст дар оила асоси ташаккули инсони боодоб, донишманд ва масъулиятшинос мебошад.
Муҳити оилавӣ аз чанд ҷанба иборат аст:
– муносибатҳои байни падару модар;
– тарзи муоширати онҳо бо фарзандон;
– анъана ва арзишҳои оилавӣ;
– фазои равонӣ ва ахлоқии оила.
Агар дар оила муҳити дӯстона ва ором бошад, кӯдак худро бехатар эҳсос мекунад. Ин эҳсоси амният ба рушди равонӣ ва зеҳнии кӯдак таъсири мусбат мерасонад. Дар чунин шароит кӯдак фаъол, кунҷков ва ташаббускор мешавад.
Аммо агар дар оила низоъ, нофаҳмӣ ва муносибатҳои нодуруст зиёд бошанд, он метавонад ба ҳолати равонии кӯдак таъсири манфӣ расонад. Кӯдак метавонад худро танҳо ҳис кунад, тарсу изтироб пайдо намояд ва дар муошират бо дигарон мушкилӣ дошта бошад.
Муоширати дуруст бо кӯдак яке аз шартҳои муҳимми тарбияи муваффақ мебошад. Волидайн бояд бо фарзандон бо меҳрубонӣ ва эҳтиром муносибат кунанд.
Илова бар ин, падару модар бояд ба кӯдак арзишҳои муҳимми зиндагӣ, аз ҷумла, эҳтиром ба калонсолон, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, кумак ба дигаронро омӯзонанд.
Давлатбӣ ҚАЛАНДАРОВА,

корманди ДҶТИБКСМ

Добавить комментарий