Деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ деҳаи лӯлинишин аст. Солҳои қаблӣ ба таҳсил фаро гирифтани лӯлибачагон кори хеле мушкил буд. Волидони онҳо ба даъвати мактабдорону мақомоти маҳаллӣ бобати таҳсили фарзандонашон сар намефароварданду хурду калон ба анъанаи авлодӣ — садақапурсӣ машғул мешуданд. Ҳоло вазъият тағйир ёфтаасту фарзандони лӯлиҳо ҳама мактабхонанд.
Бояд гуфт, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 соли 2006 дар заминаи синфҳои 1-4 дар Ҷамоати деҳоти Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ сохта шудааст. Ҳоло дар ин таълимгоҳ 246 хонанда аз оилаҳои лӯлиҳо, ки 50 нафарашон духтар ва 196 нафарашон писар мебошанд, таҳсил карда истодаанд. Ба ин хонандагон 16 нафар омӯзгор дарс медиҳанд. Дарсҳо дар 5 синфхона, ки якеаш кабинети фанни физика аст, гузаронида мешаванд. Дар синфхонаи компютерӣ 7 адад компютер мавҷуд аст.
Анорбӣ Иброҳимова, ҷонишини директори таълимгоҳ, иттилоъ дод, ки солҳои аввал ба таҳсил фаро гирифтани лӯлиҳо ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани онҳо осон набуд. Ҳеҷ ба хондан шавқу рағбат надоштанд. Саркаш буданду гапнодаро. Ҳатто волидон таҳсили фарзандонашонро қабул надоштанд. Дар тарбия кардани онҳо омӯзгорони мо заҳмати зиёд кашидаанд. Ҳоло фарзандони лӯлиҳо ба таҳсил тамоман нигоҳи дигар доранд. Сол аз сол шавқу ҳавасашон ба саводнок шудан бештар мешавад. Аксари онҳо дар оянда омӯзгор, милиса, ронанда, муҳандис, варзишгар… шудан мехоҳанд. Соли 2018 хонанда Манучеҳри Тӯрахон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» то ба даври вилоятӣ роҳ ёфт.
Умед Ҳакимов, директори мактаби мазкур, ба ояндаи неки толибилмон аз хонаводаҳои лӯлӣ умеди калон дорад. Ӯ мегӯяд:
«Насли нави лӯлиҳо қолабшикан шудаанд. Қариб, ки ба садақапурсӣ майл надоранд. Баръакс, дилгарм ба таҳсиланду дар оянда соҳиби касбу пешае шудан мехоҳанд. Дар чорабиниҳои фарҳангии ноҳия фаъолона иштирок менамоянд. Қисмате аз онҳо баъди хатми синфи нуҳум ба литсейи касбии техникии ноҳия дохил шуданд. Дар ҳар мавсими даъват 8-10 нафар ҷавон аз оилаи лӯлиҳо ихтиёран озими хизмати Ватан мегарданд. Шумораи онҳо дар мактаб сол ба сол афзоиш ёфта истодааст».
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68, ба истилоҳ мактаби лӯлиҳо, якошёна аст. Аҳолии деҳа сол то сол меафзояд. Вобаста ба ин, норасоии ҷойи нишаст, синфхонаҳои фаннӣ, таълими меҳнат ва майдончаи варзишӣ мушоҳида мегардад.
Муҳаммад Орифзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, дар ин хусус зимни суҳбат бо мо чунин гуфт:
– Мувофиқи нақша, бунёди мактаби нави ҷавобгӯ ба талаботи замон бо фарогирии 500 ҷойи нишаст дар ду баст дар маҳаллаи Заркорон дар соли 2025 дар назар дошта шудааст.
Худододи ИСЛОМ,
«Омӯзгор»













