ҲИДОЯТ БА ОЛАМИ МАЪРИФАТ

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи моро барои соли нав ва солҳои минбаъд муайян намуд.
Дар Паёми навини Сарвари давлат, ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, барои омӯзгорон ва ҷавонон низ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар қатори ҳамаи қишри ҷомеа таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба ду табақаи ҷомеа, ки пояи маърифат дар фаъолияти онҳо устувор мебошад ва яке тухми маърифат мекораду дигаре аз он баҳра мебардорад, рӯзафзун аст.
Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мактаб ва муаллимон воқеан равшанкунандаи роҳи маърифат ҳастанд ва сарчашмаи асосии тарбияи инсон мебошанд. Ояндаи босаодат ва муваффақияту комёбиҳои инсон ба шахсияту тадриси омӯзгор вобастагии махсус дорад. Ҳангоме ки маорифи миллӣ ташаккул ёфтааст, тарбияи инсон аз ҳадафҳои миллӣ бояд сарчашма бигирад. Маорифи миллӣ, воқеан, зодаи даврони истиқлол аст ва ворид гаштани он ба фазои таҳсилоти байналмиллалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Чунонки дар Паём зикр ёфт: “Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат ҳар сол ба соҳаи маориф эътибори хоса зоҳир менамояд.
Доир ба хусусиятҳои шахсии муаллим Абуалӣ Ибни Сино гуфта буд: «Тарбиякунандаи кӯдак бояд дорои сифоти зерин бошад: оқил, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат». Омӯзгор бояд соҳиби хираду заковати баланд бошад, донишу фаҳмиши ӯ хонандаро қаноатманд ва барои эҷодкориву офарандагӣ роҳбаладӣ карда тавонад. Хусусиятҳои ахлоқӣ барои омӯзгор аз муҳимтарин ҷузъиёт ба ҳисоб мераванд. Ин хусусиятҳо агар дар фаъолияти ӯ дар сатҳи зарурӣ дида шаванд, дарси ӯ дарси одамсоз мешавад. Дастпарварони ӯ ҷомеасоз ва муваффақу пешрав ба воя мерасанд ва миллатро дар арсаи олам муаррифӣ менамоянд.
Академик Б. Лихачев гуфта буд: “Муаллим бояд “ҳунарманди (артисти) саҳнаи педагогӣ бошад”. Бале, ӯ ҳунарманде бояд бошад, ки ҳар лаҳза завқи хонандаро ба илмҷӯӣ бедор кунад ва ошиқи дарси хеш намояд. Замони муосир ва рушди технологияи ҷадид тақозо менамояд, ки соати дарсии омӯзгор пур аз маводи барномавӣ ва иловагӣ бошад. Агар омӯзгори имрӯз аз технологияи муосир балад набошад, боиси истеҳзои наврасон мегардад.
Мо шоҳиди ҳолем, ки қисмате аз наврасону ҷавонон аз берабтӣ ва бенизомии таълиму тарбия тавассути сомонаҳо зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ мондаанд. Дар ин радиф, бояд зикр намоем, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҳуҷуми ақлӣ ба наврасону ҷавононе менамоянд, ки онҳо камсаводанд, ҷаҳолат ва хурофотро дар мағзи онҳо қолаб кардан осонтар аст. Таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Сарвари кишвар ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷавонон дида мешавад. Таъсиси квотаи Президентӣ барои ҷавонони лаёқатманд, стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Дурахшандагон”, садҳо ташаббуси дигар ва аз ҳама муҳим, ташкил ва баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм — фурӯғи маърифат”, ки маҳз ба ибтикороти Пешвои миллат дар кишвар роҳандозӣ шудааст, кафили саодати ҷавонону наврасон мебошад. Дар Паёми имсола низ Пешвои миллат барои ҷавонон дар кишвар мавҷуд будани имконияти омӯзиши бештари илмҳои риёзию дақиқ ва табиӣ, забонҳои хориҷӣ, технологияи нав ва касбу ҳунарро таъкид карданд. Ҷавонон созандагоне мебошанд, ки бақову мондагорӣ ва тақвияти эътибору мақоми ҷаҳонии миллат дар оянда ба дасти онҳост. Ҷавонони дорои ҳувияти миллӣ дар оянда метавонанд, тамоми умедҳои неки Ҳукумати мамлакатро амалӣ намоянд.

Муҷибахон Ҷавҳарӣ,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий