– Музаффарият дар Озмуни ҷумхуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи дастгириву роҳнамоии падару модар, роҳбарияти мактаб ва омӯзгорон мебошад,-иброз дошт Фариса Холиқова.
– Тариқи оинаи нилгун иштироки довталабонро дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҳавас тамошо мекардам ва ҳанӯз хонандаи синфи 7-ум буданам, дар ин озмун иштирок кардам. Аз соли аввали иштирок дар даврҳои мактабиву минтақавӣ сазовори ҷойҳои намоён шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтам. Дар даври ҷумҳуриявӣ сатҳи иштирокдорон баланд буд, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нашудам. Аз ин ҳолат ноумед нагардидам, пайваста мехондаму меомӯхтам. Дар солҳои минбаъда бошад, созовори ҷойи ифтихорӣ шудам. Сол то сол феҳристи адабиёти мутолианамудаам меафзуд, ҷаҳонбиниам васеъ ва фонди луғавиам зиёд мегардад. Зимни иштироки пайваста дар озмун масоили зиёдеро аз худ намуда, забондониям такмил ёфт. Бо забонҳои русиву англисӣ озодона китоб хондан ва муошират карданро омӯхтам.
– Аз хурдсолӣ бештар афсонаҳои Шарл Перро, Ганс Христиан Андерсен, Марк Твен, Самуил Маршак, Александ Сергеевич Пушкинро мутолиа мекардам. Ҳангоми дар синфи сеюм таҳсил намудан, яке аз афсонаҳои А. Пушкин «Афсона дар бораи шоҳ Салтан» («Сказка о царе Салтане»)-ро пурра аз бар намудам. Ҳамин тавр, меҳри китобхонӣ дар қалби ман маъво гирифт. Дар аввал афсонаҳои кӯдакона, баъдтар ба мутолиаи китобҳои калонҳаҷми адабиёти ҷаҳон пардохтам,-изҳор дошт ӯ.
– Гоҳе ҳамроҳи модарам ба мағозаҳои «Олами китоб» меравем ва аз он ҷо китобҳои мақбуламро харидорӣ мекунам. Дар мавриди хондани осоре, агар дар пайи дарёфти маъние душворӣ кашам, модарам Насиба Бобоева ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик Фарҳод Ҳакимов кумак мекунанд. Дар чопу омода намудани феҳристи китобҳо барои иштирок дар озмун амакам Файзулло Холиқов дастгиру мададгор буд,- бо табасссум қайд кард духтарак.
– Асарҳое ҳастанд, ки онро хонанда дар як лаҳзаи кӯтоҳ хонда ба итмом мерасонад. Яке аз ин қабил асарҳо «Бодбурда» («Унесённые ветром»)-и нависандаи амрикоӣ Маргарет Митчелл аст. Дар ин асар ҳодисаҳои айёми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1860 дар штатҳои ғарбии ИМА ба вуқуъпайваста инъикос гардидааст. Қаҳрамони асосиаш духтараке бо номи Скарлетт О’Хара аст, ки ӯ аз пастиву баландиҳои зиндагиаш руҳафтода нагашта, пайваста баҳри бартараф намудани мушкилиҳо мубориза мебарад ва оқибат ба мақсади дар пеш гузоштаи худ мерасад. Ин китоб дар жанри роман-эпопея нигошта шудааст, ки бароям писанд аст,- зикр кард Фариса.
– Ҳангоми иштироки баъзе аз довталабон дар озмун ба он аҳаммият додам, ки номи қаҳрамонони асарро аз хотир фаромӯш мекунанд. Ман низ дар аввал ба ин мушкили рӯ ба рӯ мешудам, зеро бо хондани 100-200 китоб бештар номи қаҳрамонон омехта ва фаромӯш мешавад. Кӯшиш мекардам, дар зеҳнам тасвири онҳоро кашам, образашонро дар лавҳи хотирам таҷассум намоям. Яъне, тавре ки дар китоб тасвир кардаанд, дар зеҳнам онҳоро меофаридам ва ҳамин тавр муваффақ шудам, ки исмашонро фаромӯш насозам,-қайд кард Ф. Холиқова.
«Омӯзгор»













