Дар бораи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҳамасола сару садову баҳсу баррасиҳо сурат мегиранд. Аз масъалаҳои ташкил ва баргузории озмун сар карда, то тарзу усули пурсишу посухҳо. Аз омодагии довталабон то омодагии худи доварон. Мутахассисони соҳаи филологияву равоншиносӣ ва фалсафа, мактабшиносиву адабиётшиносиро лозим аст, ки дар алоҳидагӣ ин ҳамаро таҳлил кунанд. Ба озмун ҳамасола қариб ним миллион одам ҷалб мешавад, магар барои ин қадар одам таъсиси як сохтори мустақили пажуҳишӣ зарурат нест? Албатта, ҳаст.
Дар ташкили озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бояд тағйироти ҷиддӣ сурат гирад: 40 дарсади довталабони даври ниҳоӣ (ба андешаи ман, албатта) аз сатҳи минтақаҳо бояд ба ин тараф намегузаштанд, чаро гузаштанд ва ба даври ҷумҳурӣ омаданд, номаълум.
Тибқи диалектика, бояд се навъи довталабон дар озмун ширкат мекарданд: якум, онҳое, ки саводу дониши ниҳоят баланд доранд, дуюм, онҳое, ки нисбатан соҳиби донишу маҳорати хуб ҳастанд ва аз аввалиҳо андаке фарқ мекарданд ва сеюм, онҳое, ки дониши миёна доранд.
Аввалиҳоро ҷудо ва муайян кардан чандон душвор набуд. Дуюминҳо набуданд, яъне, ҷойҳояшон холӣ буд. Сеюминҳо анбуҳи бузурги довталабонро ташкил медоданд: омодагиҳояшон аз категорияи якум хеле фарқкунанда.
Барои ҳамин ҳам, дар муайян кардани ҷойҳои сеюм (се ҷой) мушкилиҳои зиёде ба вуҷуд омад.
Дар масъалаи доварон. То кунун на дар комиссиюни ҷумҳуриявӣ ва на дар сохторҳои маорифу илм ва таълимгоҳҳои олӣ як андешаи маълум ва кайҳо собитшударо ба эътибор намегиранд, ки доктор ё номзади илм дигар асту шахси огоҳ аз осори бадеӣ дигар. Ба ибораи дигар, доктори илм дигар чиз асту донистани асари бадеӣ дигар. Боз ба қавли дигар, доктору профессор будан маънои донистани асари бадеиро надорад (аз ҷониби доктору номзадҳо хондани қиссаву роман ё ҳикояҳо ва дигар маводи адабиро дар назар дорам). Чун оина маълум, ки баъзе доктору номзадҳо ҳатто даҳ роман нахонда доктору номзад шудаанд. Магар ҳамин гапе ҳаст, ки пинҳон бошад? Баръакс, ассистентҳо ва ҳатто магистрҳое ҳастанд, ки садҳо роману қиссаҳо хондаанд, инҳоро ба озмун ҷалб кардан лозим, то ки дуруст суол дода тавонанд ва агар довталаб иштибоҳе кард, ошкор бигӯянд.
Мисол меорам. Довталаб беш аз чиҳил роман хондааст ва доварон панҷ нафаранд. Аз рӯйи инсоф, агар ҳар доваре 8 романро дар зарфи 10-12 дақиқа бипурсад, довталаб пурра қонеъ хоҳад шуд. Аммо ҳамагӣ чор роман (ва он ҳам аз ҷониби доваре, ки ин осорро хондааст) пурсида шудаасту халос. Дигарон, ки нахондаанду намедонанд, чӣ суол бидиҳанд?
Магар бо суолҳое, аз қабили «ин чӣ асар аст, муаллифаш кист, дар бораи чӣ сухан меравад, канӣ, як шунавем», дониши довталабро муайян кардан мумкин аст? Донишро ҳамон вақт дақиқ кардан мумкин, ки аз даруни асар суол бидиҳӣ, аз лаҳзаву эпизодҳо бипурсӣ, авҷи ҳаводиси асар ва анҷоми онро пурсон шавӣ, шарҳи андешаи ниҳоии муаллиф ё ғояи онро аз довталаб тақозо кунӣ. Ва боз чандин варианти пурсишҳо ҳаст, ки агар худи довар он асарро хонда бошад.
Барои омодагии соли оянда ҳайати комиссияро зарур аст, ки дар интихоби доварон хеле талош кунад. Гумонам, барои доварони оянда як аттестатсияи ҷиддӣ баргузор кардан ба мақсад мувофиқ аст. Камтарин меъёр барои довари сатҳи ҷумҳурӣ: пурра донистани 500 роман, 2 ҳазор қиссаву ҳикоя ва 100 драма.
Маълум, ки дар сатҳи минтақаҳо озмун дар шакли лозим сурат намегирад, агар мегирифт, довталабон бо саду як камбуду нақсу иллатҳо (бузургсол, аммо бо дусаду чанд афсонаву масал, хонандаи синфи 10, аммо ҳамагӣ 4 роман, дафтарҳои пурғалат, ҷузвдонҳои пур аз мазмуни мухтасари асарҳо…) намеомаданд. Магар дар даври сеюм ин ғалатҳо ва корҳои беҳударо ислоҳ кардан имкон надошт? Ин ҷо ҳам бояд меъёр бошад, вагарна дар даври ниҳоӣ хараҷу мараҷ зиёд хоҳад шуд. Инак, меъёри роҳ ёфтани довталаб ба даври ниҳоӣ – на кам аз 100 роман, 50 қисса (повест), 50 драма, 200 шеър.
Масъалаи роҳ ёфтани бузургсолон (дар гурӯҳи охир) ислоҳ мехоҳад: аксарияти онҳое, ки синнашон аз 70 гузаштааст, вақти пурсиш асарҳоро дар ёд надоранд, лаҳзаҳоро фаромӯш кардаанд, рӯйирост мегӯянд, ки «ман ин китобро дар наврасиҳо хондаам, ҳоло дар ёдам нест» ва ғайра. Шарм ва эҳтироми шарқиёна имкон намедиҳад, ки бигӯйӣ: пас чаро ба ин ҷо омадед? Хуб мешуд, ки аз ин гурӯҳ танҳо онҳое ба даври ниҳоӣ биёянд, ки хотираву ҳофизаи қавӣ дошта, саломатиашон хуб бошад. Ва боз хубтар мешуд, ки қишри бузургсолонро ба ду гурӯҳ ҷудо кунанд: то 60-солаҳо ва баъди онҳо.
Маълум, ки дар даври ниҳоӣ ҳама мудирони шуъбаи маориф ва ҳатто муовинони раисони вилоятҳо барои фаҳмидани «вазъият» ба озмун меоянд. Табиист, ки сабқат байни ин вазифадорон низ сурат мегирад: кадом минтақа дар сафи аввал аст ва кадом минтақа заифтар. Пешниҳод ҳамин аст, ки калимаи «минтақа» аз лексикони озмун ба чоҳи фаромӯшӣ партофта шавад. Ба ҷойи ин калима калимаҳои «шаҳру ноҳия» ба гардиш дароварда шавад. Сабқат миёни шаҳру ноҳияҳо сурат гирад, на минтақаҳо. Шаҳру ноҳияҳое ҳаст, ки ҳатто дар сатҳи вилояту минтақаҳо ягон намоянда надоштанд.
Дар муайян кардани ғолибони ҷойҳои яку ду аслан баҳс нест. Чаро? Чунки ҳам миқдор ва ҳам сифати асарҳои хондаашон гувоҳӣ медиҳанд, ки инҳо аз ҳама беҳтаранд. Аммо дар муайян кардани ҷойҳои сеюм баҳс мешавад. Хуб мебуд, ки ҳама номзадҳо барои ҷойҳои сеюмро ҷамъ карда, иншо ва ё эссе (моҳиятан инҳо яке ҳастанд) гирифта шавад.
Ба тарзи қуръапартоӣ аз ҷузвдони худи онҳо романеро интихоб карда, бигзор, дар чор-панҷ саҳифа андешаҳояшонро нависанд. Банда ба ин фикр банд шуда, суолномаеро мухтасар сохтам, ки чунин аст: 1) Асари бадеӣ (дар кадом жанре бошад) дар бораи чист? 2) Чаро чунин ном дорад? 3) Аз рӯйи сюжет воқеаҳои асар дар куҷо ва кай мегузаранд? 4) Асар аз чӣ оғоз мешавад? 5) Кадом ҳодиса ё воқеа, аз назари шумо, асосист? 6) Кадом лаҳза ба шумо бештар писанд уфтод? 6) Киҳо дар асар иштирок мекунанд? 7) Қаҳрамони асосиро тавсиф кунед, ӯ чӣ гуна шахсият аст? 8 ) Дар бораи қаҳрамони асосӣ дигар персонажҳо чӣ мегӯянд? 9) Назари муаллиф ба қаҳрамон чӣ гуна аст? 10) Асар аз чанд қисм иборат аст? 11) Унсурҳои сужетро (оғоз, гиреҳбандӣ, авҷ, гиреҳкушоӣ, хотима) мувофиқи имкон таҳлил кунед. 12) Жанри асар кадом аст? 13) Аз ин асар ба шумо чӣ писанд омад? 14) Идея ё муроди муаллиф чӣ будааст? 15) Хулосаи шумо баъди мутолиаи ин асар. Ин суолномаро метавон таҳрир кард, шояд андаке зиёд бошад, аммо муҳим, ки як суолномаи хуб бошад.
Қишр ё гурӯҳи дувуми синнусолиро ба ду ҷудо кардан лозим аст: синфҳои 5-8 ва 9-11. Ҳоҷат ба шарҳ надорад, ки хонандаи синфи панҷ куҷову синфи 11 куҷо. Ба ҷуз онҳое, ки қобилияти фавқулода доранд.
Ҳафиз РАҲМОН,
раиси ҳайати ҳакамони номинатсияи адабиёти ҷаҳони озмун













