Аз хатарҳои ифротгароӣ эҳтиёт шавем

Терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони имрӯз аз хатарҳои умумибашарӣ маҳсуб ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳарос овардааст. Албатта, дар пешрафтҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дасти ашхоси махсус низ ҳаст, ки манфиати худро аз пешрафти низоъҳои қавмиву нажодӣ ва диниву давлатӣ мебинанд. Таҳким бахшидан ба низоъҳои сиёсии давлатҳо барои густариши терроризм ва экстремизм заминаи мусоид фароҳам меорад. Бояд эътироф кард, ки гурӯҳҳои ифротие, ки ба ҳар гуна зиштиву золимӣ даст мезананд, ҳеҷ иртиботе ба дини ислом надоранд. Дар ин бора борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд. Дар партави сиёсати огоҳонаи Пешвои миллат метавон афзуд, ки терроризм дар ҷомеаи имрӯз ба вабои аср табдил ёфта, хатари ҳамешагиро миёни насли ҷавон ба миён овардааст. Аз вазъи давлатҳои ҷангзада маълум аст, ки дар назди аҳли террор ва экстремист ягон арзишҳои инсонӣ вуҷуд надорад. Ҳанӯзам сабабгори аслии қатли кӯдакон, аз байн бурдани мардуми бегуноҳу осоишта, фақру нодорӣ ва гуруснагӣ миёни мардуми азияткашида террористҳову экстремистҳо мебошанд. Ҳадафи аслии ин гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама, ба сари қудрат омадан ва амалӣ намудани манфиатҳои шахсӣ аст. Дар ин раванд, ба ҳар роҳу восита дар ҷалби ҷавонони нохудогоҳи камсавод ва хурофотиву зудбовар мекӯшанд. Мутаассифона, дар ин самт то ҷое муваффақ ҳам гардидаанд. Яке аз равишҳое, ки гурӯҳҳои ифротӣ барои ба даст овардани ҷонибдорони худ ба роҳ мондаанд, пешниҳод намудани маблағи муайян мебошад. Аксари ҷавонон маҳз барои ба даст овардани ин гуна маблағҳои муфт ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мешаванд, ки оқибати басо нангин дорад.

Дигар аз масъалаҳое, ки ҷавонони моро гирифтори гурӯҳҳои ифротӣ месозад, огоҳии зарурӣ надоштан аз зарурияти диния ва фиқҳи ҳанафӣ мебошад. Дар ҳама китобҳои бузургон омадааст, ки мардуми нодон ва ё ҷавони ноогоҳро ба ин ё он гурӯҳ шомил сохтан кори саҳлу сода аст, зеро ҷавоне, ки аз мус­тақилияти фикрӣ орист, наметавонад ба таври мустақил тасмим бигирад. Дар чунин ҳолат аксари ҷавонони мо ҳам ба ғуломи фикрӣ ва ҳам ба ғуломи худии гурӯҳҳои ифротӣ табдил меёбанд. Мусаллам аст, ки дин ҳамеша инсониятро ба некиву накукорӣ ва покиву растагорӣ раҳнамун месозад. Дини мубини ислом, ки дар ҳар давру замон барои арҷ гузоштан ба арзишҳои инсонӣ муносибтарин пешаҳо ва осонтарин барномаи саодати инсониро пешкаш кардааст, ҳаргиз ба инсонкушӣ иртибот надорад, аммо неруҳои ифротӣ ба номи дин ҳадафҳои ғаразмандонаи худ­ро пиёда мезозанд, ки дар назари ҷавонони ноогоҳ ягона роҳи халосӣ аз мушкилоти ҳаётӣ аст. Ин гуна муносибат теъдоди террорҳоро зиёд карда, мардумро ба ваҳшат меоваранд.
Тоҷикистони азизи мо дар қатори давлатҳои сулҳхоҳи ҷомеаи имрӯз ҷонибдони маҳкум намудани терроризм ва экстремизм мебошад. Таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар аз муҳимтарин қарзи инсонии мо буда, ба ҳазорон қурбониву ҷоннисорӣ ба даст омадааст. Дар ин самт хидматҳои таърихии Пешвои миллат беназир мебошанд.
Дигар аз омилҳои бартараф намудани андешаҳои ифротии ҷавонон эҳтироми мақоми ҷавонон дар низоми давлатдорӣ ва дигар самтҳои ҷомеа маҳсуб меёбад, ки дар ин маврид низ Пешвои миллат бо сиёсати хирадгарои худ пештару беҳтар аз ҳама тасмими таърихӣ гирифтанд. Сиёсати давлатӣ дар самти дастгирӣ ва рушди ҷавонон зери таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор дошта, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди зеҳнӣ, касбӣ ва иҷтимоии насли ҷавон равона гардидааст. Ҷавононро зарур аст, ки дар партави сиёсати хирадгароёна масъулияти иҷ­тимоии худро бештар эҳсос намуда, бо такя ба тафаккури илмӣ, ҷаҳонбинии фарогир ва арзишҳои инсонгароёна дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Эҳсон РАҶАБӢ,

дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий