Мактаби ҷасорат ва худогоҳии миллӣ

9-уми май дар саҳифаҳои таърихи башарият ҳамчун рамзи пирӯзии адолат бар зулм, рӯшноӣ бар торикӣ ва озодӣ бар асорат бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 на танҳо имтиҳони сангини низомӣ, балки набарди ирода ва худогоҳӣ низ буд. Барои мо, тоҷикистониён, ин сана танҳо як ҷашни тақвимӣ нест, иди хотираи неки фарзандони содиқи Ватан аст, ки дар набардҳои шадид зидди фашизм ҷони худро дареғ надоштанд.

Иштироки фаъоли зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг ва фидокории онҳо дар ақибгоҳ нишонаи олии ватандӯстӣ буд. Ин қаҳрамонӣ маҳз аз ҳисси баланди худшиносӣ сарчашма мегирифт.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нақши таърихии ин сана ва ҷойгоҳи он дар тарбияи насли ҷавон чунин таъкид намудаанд: «Мо бо ифтихор мегӯем, ки дар таъмини Ғалаба бар фашизм саҳми фарзандони Тоҷикистон низ хеле назаррас мебошад. Таҷлили ин санаи таърихӣ барои насли ҷавони мо дарси ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ ба шумор меравад».
Ҳар як тоҷик дарк мекард, ки ҳимояи марзу буми давлат – ин ҳимояи хонаву дар ва номуси миллати худи ӯст. Ин эҳсоси масъулият пойдевори худогоҳии миллиро дар шароити нави таърихӣ мустаҳкам намуд.
Барои он ки корномаи ниёгон дар шуури насли имрӯза нақш бандад ва боиси болоравии ҳисси ватандӯстии онҳо шавад, пешниҳод мегардад, ки дар муассисаҳои таълимӣ бештар дар бораи қаҳрамонони ҳамон шаҳру ноҳия ва деҳаҳое, ки ҷавонон дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, маълумот дода шавад, то онҳо робитаи наздики худро бо таърих эҳсос кунанд.
Ғалаба бар фашизм барои миллати тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад. Мо бояд дарк кунем, ки худогоҳии миллӣ бидуни эҳтиром ба гузашта ва омӯхтани сабақҳои таърих имконнопазир аст. Иди Ғалаба ба мо ёдрас мекунад, ки сулҳу озодӣ қимати гарон доранд ва ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикис­тон мебошад.
Мақсуд МИЗРОБЗОДА,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии
таърихию кишваршиносии ба номи

Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий