Аз амалҳои зишт бипарҳезем

Коррупсия аз ҷумлаи зуҳуроти номатлубест, ки ба рушди ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ин зуҳурот танҳо ба иқтисодиёт зарар намерасонад, балки метавонад ба муносибатҳои иҷтимоӣ, сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ ва дар маҷмуъ, ба муҳити маънавии ҷомеа таъсири худро расонад.

Коррупсия метавонад дар шаклҳои гуногун зуҳур кунад. Порагирӣ, сӯйистифода аз мақоми хизматӣ, истифодаи ваколатҳои мансабӣ ба манфиати шахсӣ ва дигар амалҳои зиддиқонунӣ аз ҷумлаи чунин ҳолатҳо мебошанд. Хусусияти нигаронкунандаи ин падида дар он аст, ки паҳншавии он метавонад муносибати шаҳрвандонро ба қонун ва адолат заиф гардонад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба масъалаи пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад. Аммо самаранокии ин кор на танҳо ба фаъолияти сохторҳои масъул, балки ба муносибати худи шаҳрвандон вобаста аст. Қонунгузорӣ танҳо дар ҳолате метавонад таъсири бештар дошта бошад, ки мардум онро донанд ва дар зиндагии ҳаррӯза риоя намоянд.
Дар ин миён нақши муассисаҳои таълимӣ низ муҳим аст, зеро тарбияи муносибати дуруст ба қонун аз синни ҷавонӣ оғоз меёбад. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар кафедраи ҳарбӣ ба донишҷӯён дар баробари донишҳои касбӣ, масъалаҳои интизом, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун низ омӯзонида мешаванд. Хизмат ба Ватан ва иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, аз ҳисси масъулият ва поквиҷдонӣ сарчашма мегирад.
Ҷавонон қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа мебошанд. Онҳо бояд дарк намоянд, ки роҳи расидан ба мақсаду муваффақият аз дониш, меҳнат ва қобилияти шахсӣ мегузарад.
Масъалаи дигаре, ки дар мубориза бо коррупсия муҳим аст, бетараф набудани шаҳрвандон мебошад. Вақте инсон аз амалҳои ғайриқонунӣ огоҳ аст, вале ба он беэътиноӣ мекунад, чунин муносибат метавонад барои идомаи ин падида шароити мусоид фароҳам оварад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули мавқеи шаҳрвандӣ аз омилҳои муҳимми пешгирии коррупсия мебошад.
Мо, омӯзгорон ва кормандони соҳаи таълиму тарбия, дар ин масъала масъулияти хос дорем, зеро донишҷӯ имрӯз таълим мегирад ва фардо ҳамчун мутахассис дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолият мекунад. Коррупсия мушкилест, ки мубориза бо он муносибати пайваста ва масъулияти умумиро талаб мекунад. Давлат, ҷомеа, муассисаҳои таълимӣ ва шаҳрвандон дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ҳар кадом саҳми худро гузошта метавонанд.
Ҳасан ҚОСИМЗОДА,
сардори қисми таълимӣ,

муовини сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, полковник

Добавить комментарий