Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба такмили таълим, тақвияти корҳои илмию таҳқиқотӣ, густариши забономӯзӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудааст. Дар баробари ин, дар муассисиса ба боло бурдани салоҳияти касбии омӯзгорон, дастгирии ташаббусҳои илмии донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Ҳангоми ворид шудан ба саҳни донишгоҳ диққати моро ба худ Маркази фарҳанг ва маърифати миллӣ бо номи «Истиқбол ва истиқлол: Ганҷинаи ҳунаристони маърифат ва фарҳанги миллӣ», ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтааст, ҷалб намуд. Марказ аз се бахш – «Дасторо», «Китобнамо» ва «Ширинсаро» иборат буда, дар онҳо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои илмӣ-таълимии омӯзгорон, аз ҷумла, осори илмӣ ва тарҷумаҳои тозанашр, маҳсулоти омоданамудаи таълимгирандагони Парки технологии донишгоҳ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Ҳангоми танаффус дохили бино пур аз донишҷӯён ва омӯзгороне буд, ки ба намунаҳои маҳсулоти нигораҳо таваҷҷуҳ менамуданд.
Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, номзади илми филологӣ Бахтиёр Абдураҳимзода иттилоъ дод, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои панҷошёнаи таълимии донишгоҳ бо тамоми шароити муосир ба анҷом расид ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
мавриди истифода қарор дода шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 29.12.2022) ин мактаби олӣ мақоми байналмилалиро соҳиб гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ ба оғози марҳалаи рушди таълим, таҷдиди сохтор, навсозиҳои барномаҳои таҳсил ва мутобиқ гардидани фаъолияти донишгоҳ ба талаботи фазои байналмилалии таҳсилот замина гузошт.
Мунавваршо Мираҳмадзода – сардори раёсати таълим зикр кард, ки ташкил ва баргузории раванди назорат, афзун гардондани сифати таҳсилот ва назорати таҳияи китобҳои дарсӣ, ташкили ихтисосҳои нави таълим ба зиммаи мост. Имрӯз дар донишгоҳ фазое созмон дода шудааст, ки навоварӣ, фарҳанги миллӣ бо технологияҳои муосир, китоб бо зеҳни сунъӣ ва омӯзиши забонҳо бо дипломатияи байналмилалӣ ба ҳам омадаанд. Ин аст, ки ҳоло дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот – бакалавр, магистратура ва докторантура (РhD) омодасозии мутахассисон аз рӯйи 74 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, донишгоҳ ба яке аз бузургтарин марказҳои забономӯзии мамлакат табдил ёфтааст. Дар ин ҷо омӯзиши 14 забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, чинӣ, куриёӣ, ҳиндӣ, ӯзбекӣ, фаронсавӣ, ҷопонӣ, испанӣ, итолиёвӣ, олмонӣ, форсӣ ва арабӣ роҳандозӣ гардидааст. Айни замон шумораи донишҷӯён ба ҳафт ҳазор нафар расидааст.
Бо тавсияи муовини ректор Б. Абдураҳимзода ҳамроҳи мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти донишгоҳ Шаҳзод Қаюмов бо чанд паҳлуи дигари фаъолияти ин муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, рафти машғулиятҳо китобхонаву синфҳои компютерӣ аз наздик шинос гардидем. Диққати моро нигораҳои осорхонаи донишгоҳ ба худ ҷалб кард. Мудири осорхона, ҳамзамон, муаллими калони кафедраи назария ва амалияи донишгоҳ Зуҳро Азимова гуфт, ки ин осорхона ҳанӯз соли 2016 ташкил карда шуда буд ва ба таври расмӣ соли 2021 ифтитоҳ гардид. Ба ин ҷо дар вақтҳои фориғ аз дарс донишҷӯёну устодон, меҳмонон ва сафирони давлатҳои хориҷӣ ворид гардида, аз таърихи донишгоҳ ва мардуми тоҷик аз наздик ошно мешаванд. Воқеан ҳам, экспонатҳои он ба мо низ маълумоти фаровон дод. Осорхона ҳамагӣ аз як толори калони барҳаво иборат буда, аз ҳашт гӯша таркиб ёфтааст. Гӯшаи аз ҳама муҳимми он дар бораи адиби шинохтаи тоҷик Сотим Улуғзода, ки донишгоҳ номи ӯро дорад, бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нақл мекунад. Дар гӯшаи «Сотим Улуғзода – адиб, олим ва тарҷумон» аксҳои ӯ бо шахсиятҳои шинохта, ҳуҷҷатҳои гуногуни ба ҳаёту фаъолияти ӯ вобаста, нусхаи номаҳои мавсуф ба устод Садриддин Айнӣ ва дигар адибони номвари тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.
Ҳамзамон, дар чанд машғулияти устодони донишгоҳ ширкат варзидем. Дарси низоъшиносӣ дар курси сеюм аз тарафи номзади илми фалсафа, дотсент Аслиддин Салимов ҷараён дошт. Мавзуи матраҳгардидаи дарси амалӣ тибқи барномаи таълимӣ сурат мегирифт, ки «Зуҳуроти низоъ дар ҷомеа» ном дошт. Омӯзгор А. Салимов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.
Фанни экологияро дар факултети тарҷумонии забонҳои Шарқ номзади илми география Гулчеҳра Назарзода, ки таҷрибаи омӯзгории 27-сола дорад, дарс медод. Мавзуи дарси ӯ барои курсҳои якум «Гуногунии организмҳо» ном дошт, ки он ба таври амалӣ иҷро мегардид. 23 нафар донишҷӯ (ғайр аз як нафар бо сабабҳои узрнок) дар дарс иштирок доранд. Ғайриинтизори мо диққатамонро донишҷӯе ба худ ҷалб кард, ки симои ғайритоҷикона дошт. Ҳайрати моро омӯзгор Г. Назарзода пай бурда, гуфт, ки донишҷӯи мазкур ҷопонӣ буда, Катсютоши Оушиман ном дорад. Вай ба таври ихтиёрӣ ба ҳамин гурӯҳ дохил шудааст. Бо иҷозати муаллима андаке бо Катсютоши суҳбат оростем. Вай забони тоҷикиро хуб азбар кардаву бо атрофиёнаш озод суҳбат мекунад. Ӯ андаке дар бораи ҷумҳурии мо, забони тоҷикӣ ва чанд намояндаи адабиёти классикии форсу тоҷик маълумот дод. Гуфт, ки агар мумкин бошад, порае аз «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсиро қироат кунад. Катсютоши аз шуруи «Шоҳнома» байтҳои зиёдеро азёд хонд, ки барои мо боиси ифтихор гардид.
Омӯзгор Суман Мирзоева соли сеюм аст, ки дар ин мактаби олӣ фаъолият менамояд. Ӯ ассистенти кафедраи забони англисӣ барои ихтисосҳои ҳамгирост. Муаллима ба донишҷӯёни курси сеюм дарси забони англисӣ мегузашт. Мавзуи дарс «Маълумот дар бораи сифат» ном дошт.
Дар ҳарду бино – қаблӣ ва бинои нави панҷошёнаи донишгоҳ ду толори китобхона мавҷуд аст. Мудири китобхона Мория Сайфиддинова хатмкардаи факултети китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, таҷрибаи кории 19-сола дорад. Ду нафар китобдори ин толор – Парвина Наҷмакова ва Парвина Одинаева мебошанд, ки аввалӣ хатмкардаи факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода будаву таҷрибаи кории 18-сола дорад ва дуюмӣ хатмкардаи факултети филологияи руси ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакист. Аз суҳбат маълум гардид, ки П. Наҷмакова таҷрибаи кофии китобхонашиносӣ дошта, вазифаи худро хуб медонад. Вай ба он назар аст, ки аз ҳама аввал муомилаи хуш бо хонандагон – аъзоёни китобхона дар ҷойи аввал меистад.
– Хидматрасонӣ дар ин ҷо мувофиқи мақсад аст,-мегӯяд ӯ. – Толори хониш бештар ҳангоми танаффусҳо пур аз мутолиакунандагон мегардад. Ғайр аз ин, агар рафту китобҳои даркорӣ ёфт нашаванд, муштариёнамон ба китобхонаи электронӣ муроҷиат мекунанд.
Ду нафар китобдор – Дилафрӯз Раҷабзода ва Туҳфамоҳ Раҷабова, ки ҳарду ҳам мутахассиси соҳаи китобдорианд, дар бинои толори дигари китобхона ба мизоҷон хидмат мерасонанд.
Дар толори хониши китобҳои электронӣ бошад, 4-5 нафарӣ донишҷӯён машғули китобхонӣ буданд. Бо мудири он Хуршед Абдулов суҳбат намудем. Ӯ дорои ихтисоси ҳуқуқшинос-китобдор буда, соли дуюм аст, ки ин ҷо фаъолият менамояд. Ба гуфти ӯ, ҳамарӯза тақрибан то панҷоҳ нафар меоянд. Дар толори китобхонаи электронӣ 31 компютер дар хидмати аъзои китобхона мебошад.
– Ҳоло,-мегӯяд ӯ,-дар ин ҷо беш аз панҷоҳ ҳазор нусха китобҳои электронии дарсӣ, илмӣ, бадеӣ ва ғайра бо забонҳои гуногуни халқҳои олам мавҷуд аст.
Бино ба иттилои сардори раёсати илм ва инноватсия Шамсиддин Ҳайбуллоев, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди иқтисоди рақамӣ ва ҷомеаи донишбунёд қарор дорад, ки шомил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ рисолати навро ба миён мегузорад. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода технологияҳои рақамӣ ҷузъи ҷудонашавандаи таълим, илм ва идоракунӣ шудаанд. Ин таҳаввулоти сифатан нав дар доираи сиёсати давлатии рақамикунонӣ ва навсозии сифати таҳсилот амалӣ мешаванд. Ихтисосҳои нав, аз ҷумла, педагогикаи рақамӣ, забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ, таълими компютерии забонҳо, ҳуҷҷатшиносӣ ва таъмини иттилооти идора ва кафедраҳои журналистика ва иттилооти рақамӣ, зеҳни сунъӣ таъсис дода шудаанд.
Хулоса, фаъолияти хуби самти муносибатҳои байналмилалӣ, таъсиси марказҳои омӯзишӣ, иштироки намояндагони донишгоҳ дар чорабиниҳои байналмилалӣ, мубодилаи академӣ ва байналмилалигардонии таҳсилот, ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳои ҳамкорӣ ва монанди инҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолияти назаррас дорад. Дарвоқеъ, азми дурусту саъйи комили кормандони ин даргоҳ онҳоро ба мақсад хоҳад расонд.
Ҳотам ҲОМИДЗОДА,