Устод Мирзо Турсунзода шоири маҳбуби миллат буда, эҷодиёташро на танҳо халқи тоҷик, балки бисёр халқҳои Осиёву Африқо низ писандидаву дӯст доштаанд. Устод бештар тавассути ашъори ватандӯстона ва андешаҳои башарпарваронааш ба дили мардум маъво гирифтааст. Аз ин лиҳоз, худи шоир мефармояд:
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад.
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Вақте номи устод Турсунзодаро ба забон меорем, бевосита асарҳои оламшумулаш ба хотир меоянд, ки ҳама моломоли ситоиши рафоқату дӯстианд. Хусусан, имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии ҷаҳон ноустувор аст, эҷодиёти шоир баландтар садо медиҳад. Устод ҳамеша таъкид мекард:
Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
Дӯстӣ ҳамеша нишотбахш аст. Ҷангу ҷидол танҳо харобиву қашшоқӣ, сарсониву саргардонӣ, нодориву бечорагӣ ба бор меораду халос. Ин аст, ки устод ҳикматомез садо баланд мекунад:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Аҳли татқиқ дар он назаранд, ки ашъори ин устоди бузурги назм ҳама ба гунаи саҳли мумтанеъ гуфта шудаанду басо дилкашу оммафаҳманд. Ин аз тавоноӣ, хирадмандӣ ва ҳунари волои эҷодкории устод дарак медиҳад.
Маълум, ки Мирзо Турсунзода дар давоми фаъолияташ ба мамолики гуногуни ҷаҳон сафар карда, барои дӯстию рафоқат ва барқарории сулҳ кӯшишҳои зиёде намудааст. Шеърҳои пурмазмун ва сулҳҷӯёнаи устод ӯро ҳамчун шахсияти тарғибгар ва паҳнкунандаи ғояҳои сулҳпарварӣ дар ҷаҳон муаррифӣ намудаанд ва ашъори безаволаш то ба ин рӯз сари забонҳост.
Тараннуми сулҳу дӯстӣ дар эҷодиёти шоир мавқеи муҳим дорад. Достонҳо ва ашъори алоҳидааш бештар ба мавзуи сулҳу дӯстӣ ва ҳамраъйии халқҳо бахшида шудаанд. Ҳар мисраъ ё байте, ки шоир дар он сулҳро васф намудааст, имрӯз аз ҷониби мардумон ҳамчун шиори зиддиҷангӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» дар мавриди ҳаёт ва фаъолияти ин шоири номвар таъкид намудаанд: «Шахсияти шоири ватандӯст дар он зоҳир мешавад, ки дар ҳар шеъри ӯ меҳру муҳаббати Тоҷикистон баръало ба мушоҳида мерасад… Мавзуи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯсти мо ҷилои тоза мебахшад».
Муҳаббати поки устод Мирзо Турсунзода ба сарзамини аҷдодӣ, ба обу хоки Ватан барои наслҳои зиёди миллат ҳамчун намунаи олии ибрат ва пайравию садоқат хидмат менамояд.
Гулшан РАҲИМЗОДА,
омӯзгори МТМУ №8-и шаҳри Ваҳдат













