Нақши такмили ихтисос дар рушди касбияти омӯзгори муосир

Дар аҳди муосир, ки онро асри ахбору технология ва замони таҳаввулоти буҳронсози илмӣ меноманд, низоми маориф беш аз ҳар вақти дигар ба пешрафту навсозӣ ниёз дорад. Ҷомеаи имрӯза дигар танҳо бо интиқоли дониши назариявӣ қаноатманд шуда наметавонад, зеро иттилоот ва дониш бо суръати кайҳонӣ афзоиш ёфта, дастрасӣ ба онҳо аз ҳарвақта осонтар гардидааст. Дар чунин шароит нақши омӯзгор низ амиқан тағйир меёбад: муаллими муосир танҳо сарчашмаи ахбор ё ноқили маводи дарсӣ нест, балки роҳнамои маънавӣ, ташкилкунандаи раванди фарҳангиву фикрӣ ва раҳнамои шогирдон дар уқёнуси беканори иттилоот мебошад.

Рушди касбияти омӯзгор ва садоқати ӯ ба масъулияти бузурги тарбияи насли наврас талаб мекунад, ки ӯ ҳеҷ гоҳ бояд дар як ҷо қарор нагирад. Агар дониш такомулу ташаккул наёбад, раванди таълим ба як амали шакливу беруҳ табдил меёбад. Маҳз ба ҳамин хотир, такмили ихтисос ва бозомӯзии пайваста ба рукни ҷудогона ва ҷузъи ҷудонопазири фаъолияти касбии ҳар як педагог мубаддал гаштааст. Ин раванд на танҳо имкония­ти аз худ кардани усулҳои нави таълимӣ, балки воситаи дар ҳолати бедор нигоҳ дош­тани завқи эҷодӣ ва масъулияти касбии омӯзгор мебошад.

Такмили ихтисос танҳо гузаштани курсҳои навбатӣ ё гирифтани ҳуҷҷати расмӣ (шаҳодатнома) нест. Ин раванди амиқи зеҳнӣ ва психологӣ буда, омӯзгорро аз чорчӯбаи қолабҳои куҳнаи таълимӣ берун мекашад. Донишкадаи такмили ихтисос ва марказҳои бозомӯзӣ ҳамчун майдони мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам хидмат намуда, ба муаллим имкон медиҳанд, ки раванди кории худро аз нав арзёбӣ кунад, ба фаъолияти касбияш худ аз нигоҳи нав назар андозад, камбудиҳои методӣ ва фаннии худро бартараф созад. Низоми дуруст ва самарабахши такмили ихтисос ба омӯзгор чанд имконияти муҳимро фароҳам меорад:

1. Баробаршавӣ бо стандартҳои нави таҳсилот. Мутобиқ сохтани дарсҳо ба талаботи барномаҳои муосири таҳсилоти кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ.

2. Мутобиқати тафаккури педагогӣ бо ниёзҳои хонанда. Гузариш аз фаҳмиши куҳнаи «омӯзгор – танҳо сухангӯ» ба фаҳмиши муосири «омӯзгор – роҳбалад ва роҳнамои раванди омӯзиш».

3. Ғанигардонии маҳорати амалӣ. Шиносоӣ бо техникаҳои нави идоракунии синф, санҷиши сифати дониш ва ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодии хонандагон.

Дар шароити имрӯза, ки насли наврас дар муҳити рақамӣ ва ҷаҳони ахбори босуръат ба воя мерасад, усулҳои анъанавии дарсгӯӣ – истифода аз тахтаву бӯр ва нақли шифоҳии мавод дигар наметавонанд таваҷҷуҳ ва шавқи хонандагонро пурра ҷалб созанд. Хонандаи муосир ба аёният, робитаи мутақобила (интерактивӣ) ва роҳҳои амалии татбиқи дониш ниёз дорад. Ин ҷо нақши курсҳои такмили ихтисос дар омӯзонидани маҳорати рақамӣ ва усулҳои инноватсионии таълим беназир аст.

Гузаштани омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки дар раванди дарс воситаҳои зерини муосири технологиро ба таври самаранок татбиқ намоянд:

1. Воситаҳои аёниву рақамӣ. Истифодаи тахтаҳои мултимедӣ, муаррифиҳои ҷолиби электронӣ, видеодарсҳо ва аёниятҳои виртуалӣ, ки мавзуъҳои мураккаби илмиро барои хонанда содаву фаҳмо ва хотирмон мегардонанд.

2. Усулҳои фаъоли таълим. Татбиқи усулҳои «кор дар гурӯҳҳо», «баҳсу мунозира», «харитаи зеҳнӣ», «омӯзиш тавассути лоиҳаҳо» ва ғайра, ки хонандагонро аз шунавандаи пассив ба иштирокчии фаъоли дарс табдил медиҳанд.

3. Платформаҳои бозиву санҷишӣ. Истифода аз барномаҳо ва платформаҳои таълимӣ барои супоридани тестҳо ва саволу супоришҳое, ки раванди баҳодиҳиро шаффоф ва барои хонандагон ҷолиб месозанд.

Такмили ихтисос ба омӯзгор нишон медиҳад, ки технологияи рақамӣ ҷойи муаллимро гирифта наметавонад, балки он танҳо як воситаи пуриқтидор дар дасти устоди соҳибмаҳорат аст. Омӯзгоре, ки ба нозукиҳои ин технологияҳо ва усулҳои нави педагогӣ мусаллаҳ аст, метавонад дарси худро ба як майдони ҷолиби кашфиёт ва эҷодкорӣ табдил диҳад.

Курсҳои такмили ихтисос ба омӯзгорон кумак мекунанд, ки малакаҳои зеринро дар худ сайқал диҳанд:

Фаҳмиши психологияи кӯдак ва наврас – шиносоӣ бо хусусиятҳои синнусолӣ, равонии насли нав ва тарзи дурус­ти муошират бо кӯдаконе, ки ба диққату равиши махсус ниёз доранд.

Идоракунии низоъ ва фазои синф – омӯхтани усулҳои пешгирӣ ва ҳалли осоиштаи низоъҳо дар байни хонандагон ва фароҳам овардани муҳити солиму дӯстона дар синфхона.

Созмондиҳии кори тарбиявӣ – тарҳрезии чорабиниҳои тарбиявӣ ва ахлоқӣ, ки ба боло бурдани ҳисси ватандӯстӣ, инсонпарварӣ, эҳтироми калонсолон ва дорои тафаккури мустақил гардидани хонандагон нигаронида шудаанд.

Омӯзгори муосир, ки мар­ҳалаҳои такмили ихтисосро мегузарад, маҳорати муоширатро бо падару модарон низ беҳтар месозад. Ӯ метавонад пайванди мустаҳкаме дар байни мактаб ва оила эҷод намуда, дар тарбияи ҳаматарафаи хонанда ба натиҷаҳои баланд дастрасӣ пайдо кунад. Маҳз тавассути чунин рушди мутаносиби касбиву равонӣ омӯзгор ба пешвои ҳақиқии маънавии шогирдон табдил меёбад.

Аз баррасии амиқи мавзуъ бармеояд, ки такмили ихтисоси омӯзгорон на як раванди муваққатӣ ё формалӣ, балки талаботи ҳатмии замон ва кафолати асосии сифати таҳсилот мебошад. Омӯзгори муосир танҳо тавассути омилҳои бозомӯзӣ, сайқали дониш ва аз худ кардани усулҳои нави таълиму тарбия метавонад насли навро ба талаботи аҳди рақамӣ ва рақобатҳои ҷаҳонӣ омода созад.

Барои боз ҳам самараноктар ва мукаммалтар гардонидани раванди такмили ихтисоси омӯзгорон дар кишвар амалӣ намудани пешниҳодҳои зерин мувофиқи мақсад хоҳад буд:

1. Афзоиши курсҳои аҳаммияти амалидошта. Кам кардани ҳаҷми маводи назариявӣ дар курсҳои бозомӯзӣ ва бештар эътибор додан ба дарсҳои амалӣ, мастер-классҳо ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам.

2. Густариши таълими гибридӣ ва рақамӣ. Истифодаи платформаҳои онлайнӣ барои такмили ихтисос, то омӯзгорони деҳот ва минтақаҳои дурдаст низ бидуни канда шудан аз раванди таълим дониши худро такмил диҳанд.

3. Ҳавасмандгардонии омӯзгорони навовар. Ҷорӣ намудани механизми махсуси дастгирии моддиву маънавӣ барои он муаллимоне, ки баъд аз гузаштани курсҳои такмили ихтисос усулҳои навро дар муассисаҳои таълимӣ бомуваффақият татбиқ менамоянд.

Набӣ ҚОДИРОВ,

омӯзгори калони кафедраи табиӣ-риёзии ДҶТИБКСМ

Добавить комментарий