Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти хаттӣ, Наврӯз ва таҷлили он таърихи хеле қадима дорад. Дар бораи ин рӯзи фархунда дар навиштаҳои пешин омадааст, ки онро нахустин бор шоҳ Каюмарс ва набераи ӯ шоҳ Ҷамшед ҷашн гирифтаанд.

Мусо Ибни Ал-Кисравӣ дар асараш «Китоб-ал-маҳосин-в-ал-одоб» овардааст: «Нахуст касе, ки Наврӯзро оин гузоштааст, подшоҳиро бунёд ва рамзи давлатдориро барқарор ва нуқраву тилло ва дигар маъданҳоро ба даст оварда, аз оҳан силоҳ сохт, асп ва дигар ҳайвонотро ром кард, садафу мушку анбар ва дигар накҳатҳоро пайдо кард, қасру кушкҳо сохт, коррез ва обёрӣ мекард – Ҷамшед писари Виванҷаҳону, яъне, нигаҳдорандаи олам, писари Арфархшод, писари Сом, писари Нуҳ буд. Ва Наврӯзро асос гузошт, бад-он сабаб, ки ӯ дар ин рӯз оламро ба даст даровард ва кишвари Эроншаҳр, яъне, замини Бобулро барқарор кард. Наврӯз оғози барқароршавии ҳокимияти ӯ буд. Ва дертар шакли мувофиқ гирифта, расму одат шуд».
Мувофиқи маълумоти бархе аз олимон, ҷашни Наврӯз таърихи 6000-сола дорад. Пайдоиши ҷашни мазкур ва бунёд гузоштани он одатан ба қаҳрамонони асотирии эрониён нисбат дода мешавад.
Ба Ҷамшед нисбат додани ин ҷашн ва анъанаҳои наврӯзӣ ва ҳамосаву эҷодиёти шифоҳии халқ маълум аст. Муаллифи «Зайн-ул-ахбор» Абусаид Абдулҳай бини Ал-Заҳҳок Маҳмуди Гардезӣ дар китоби худ қайд мекунад, ки «ин рӯзро «Наврӯз» гӯянд, зеро ки сари сол бошад ва шаб ба рӯз баробар бошад. Ва аз расми муғон андар рӯзгори подшоҳии Ҷамшед чунин буд, ки хироҷҳо андар ин рӯз иттифоқ карданд ва аҷамиён чунин гӯянд».
Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ васфи ҷашни Наврӯз, таърихи он ва анъанаҳои он қаламдод шудаанд. Абулқосими Фирдавсӣ низ пайдоиши ҷашни Наврӯзро таърихан ба Ҷамшед нисбат медиҳад. Ҷамшед баъд аз он, ки як қатор корҳои муфидро барои одамон анҷом дод, Наврӯзро бунёд мегузорад. Фирдавсӣ чунин фармудааст:
…Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд.
Сар соли нав Ҳурмузи Фарвадин,
Баросуда аз ранҷ тан, дил зи кин.
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Бимонда аз он хусравон ёдгор.
Дар «Наврузнома»-и Умари Хайём низ пайдоиши ҷашни Наврӯз ба Ҷамшед нисбат дода шудааст. Дар ин китоб қайд шудааст, ки «сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа битвонад омадан, чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфт».
Аз мисолҳои боло оид ба пайдоиши ҷашни Наврӯз якчанд хулоса баровардан мумкин аст. Пеш аз ҳама, тамоми сарчашмаҳо аз қадимӣ будани ҷашни Наврӯз шаҳодат медиҳанд. Ташаккули ҷашни Наврӯз аз расмӣ шудани он ба давраи пеш аз Зардушт, тахминан ба асрҳои XX-XVII пеш аз мелод рост меояд.
Ҷашнгирии иди Наврӯз маҳз дар аҳди Сосониён (асрҳои III-VII мелодӣ) ба пояи баланд бардошта шуд. Сосониён, ки дар инкишофи фарҳанг ва сарватҳои маънавӣ бештар мекӯшиданд, ба танзими ҷашнгириҳо дар заминаи сиёсати давлатдориашон корҳои бузургеро анҷом доданд. Подшоҳони Сосонӣ ҷашни Наврӯзро бисёр азизу гиромӣ доштаанд ва баҳри густариши он корҳои муҳимро анҷом додаанд. Дар давраи Сосониён вобаста ба соли нав ва кишту кори баҳорӣ донҳоро месабзониданд. Мардум дар ҷойҳои махсус 15 рӯз пеш аз Наврӯз ҷав, гандум, нахӯд, адасу наск ва ғайра кошта, онҳоро то Наврӯз сабз мекарданд.
Ҳамин тавр, пос доштани Наврӯз ва анъанаҳои наврӯзӣ эҳтироми хотири гузаштагонамон аст.
Дилфуза РАҲМОНОВА,

омӯзгори МТМУ №34-и ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий