Наврӯзи гулафшони Ватан

Эҳё шудани Наврӯз ва ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфтани он, ки боиси боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид, моро водор менамояд, ки суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва иҷтимоии фарҳанги миллиро минбаъд низ инкишоф дода, ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Бояд гуфт, Наврӯз ҷашнест табиӣ ва шукӯҳманд. Бо фарорасии он оламу одам тағйир меёбад, замину замонро суруру шодмонӣ фаро мегирад. Ҳаво гарму мувофиқ ба кишту кор ва табиат бедор мешавад, аз бӯю таровати гулҳо ҷаҳонро зебоӣ фаро мегирад, парандаю чарандаҳо ба гардиш меоянд, одамон ҳарфи шукрона бар лаб аз хонаҳо берун ва аз муҳосираи сармо озод мешаванд.
Муҳимтар аз ҳама, дар остонаи иди Наврӯз мардум бо меҳру шафқат ба якдигар оғӯш мекушоянд, беморону ранҷурон ва пирони барнодилро зиёрат мекунанд, ба ятимону бепарасторон ёрӣ мерасонанд ва амалҳои писандидаро ба сифати вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии хеш ба сомон мерасонад.
Баҳор, ки худ фасли тозаву покист ва шукуфоию эҳёи табиат аст, аз инсон низ покиро талаб менамояд. Аз ин хотир, инсон бояд бо омадани баҳор ва айёми Наврӯз сиришти худро аз тамоми олудагию кудурат, кину адоват, нафсу одатҳои бад пок кунад.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат, аз вусъати амалҳои созандагию ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои зиндагӣ на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯйи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст. Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам дар шароити ҷаҳонишавӣ тамоми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад.
Наврӯз дар осори ниёгон посдори ҷавонии ҷаҳон ва хушрӯзию хушбахтии мардумон маҳсуб ёфта, ҷашни пояндаву безавол аст, ки оламро саршор аз ҳусну тароват ва фараҳу шодмонӣ мекунад. Наврӯз ифодагари ормонҳои башарист ва дар меҳвари он тарғиби ғояи олии инсони комил қарор гирифтааст.
Бо ҳусну тароват, шукӯҳу шаҳомат ва неруву азамати хеш Наврӯз ҳазорсолаҳост, ки ҳамагонро мамнуну мафтун мекунад. Ҳар фарди дилогоҳ мекӯшад, ки сухане чанд аз сидқи дил дар ситоишу тавсифи ин ҷашни хуҷаста бигӯяд. Ин аст, ки адабиёти тоҷик моломол аз ашъору гуфтори наврӯзист ва ба тасдиқи манбаъҳои муътамад ситоиши Наврӯз ҳатто аз бостонитарин осори хаттии тоҷикон – «Авасто» ибтидо мегирад. Дар ин китоб Наврӯз чун рӯзи пирӯзии нур бар зулмот, тантанаи Аҳуромаздо ва мағлубии Аҳримани бадниҳод ва оғози киштукор тавсиф ёфтааст.
Яке аз рамзҳои Наврӯз, оростани дастархони идона ва ба намоиш гузоштани навъҳои гуногуни таому хӯришҳои гуногун, ба бар намудани либосҳои миллии идона ва пешкаш кардани дастранҷи ҳунармандони чирадаст ба ҳисоб меравад, ки инъикосгари фарҳанги ғании рӯзгордорӣ, фарҳанги либос ва ҳунармандии тоҷикон мебошад.
Дар бораи таъриху пайдоишу баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумоти зиёде зикр гардидаст, ки донишмандони тоҷику форс дар асоси онҳо мақолаву рисолаҳои арзишманд таълиф намудаанд. Маълумоти пураҳаммиятро дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия» ва «Ат-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абусаиди Гардезӣ ва чанде дигар метавон пайдо кард, ки Ҷамшеди пешдодиро бунёдгузори ҷашни Наврӯз номидаанд.
Шоир ва ситорашиноси машҳур Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш оид ба бунёд гузоштани ҷашни «Наврӯз» чунин навиштааст: «Сабабаи ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чӣ ҳар сол аз муддат ҳам кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд. Ва қиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном ниҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Ин ном Наврӯз буд, яъне, иборат аз исми «нав» ва сифати «рӯз».
Наврӯз аз идҳои хеле дӯстдоштании мардуми ориёинажод аст. Он таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, то ин дам ба шак­лу намудҳои гуногун таҷлил мегардад.
Айни замон Наврӯз дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Туркия, Эрон, Озарбойҷон, Албания, Афғонистон, Курдистони Ироқ, Ҳиндустон ва Македония ҷашни давлатӣ аст. Он дар сатҳи маҳаллӣ дар Тотористон, Бошқирдистон, Ҷопон ва Чин ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 2010 Наврӯз дар Гурҷистон ҷашни миллӣ эълон шудааст.
Дар ҷумҳурии мо он ба таври хеле фарогиру бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Ин аз он далолат мекунад, ки Тоҷикистони маҳбуби мо Ватани Наврӯз аст.
Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий