«Шоҳнома»-ро истиқбол бигиред!

Китоби «Шоҳнома»-и шоири бузурги халқи тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз номи Пешвои миллат ба ҳар хонадони ҷумҳурӣ тақдим гардид, барои баланд бардоштани завқи бадеии халқамон, тарғиби ғояҳои олии ватандӯстию ифтихори миллӣ имконият фароҳам меорад. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор карда мешавад. Низомномаи ин озмун низ эълон шуд. Бо ин мақсад, аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Барои таълифи «Шоҳнома» Фирдавсии волосухан сӣ сол заҳмат кашидааст. Чунонки худ мегӯяд:
Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Воқеан, барои эҷоди ин шоҳасар шоири тавоно ва меҳнатпараст заҳмати зиёде ба харҷ дода, аз сарчашмаҳои зиёди асотирӣ ва таърихию воқеӣ истифода бурдааст.
Бо гузашти айём шуҳрати «Шоҳнома» боз ҳам афзунтар гашт ва он ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шуд.
Дар асоси «Шоҳнома» кинофилмҳо, асарҳои мусиқӣ ва санъати тасвирӣ офарида шудааст, либреттоҳо, роман ва қиссаҳо, шеъру достонҳо навишта шудааст ва ин кор то ҳозир давом дорад. «Шоҳнома», пеш аз ҳама, асари ватандӯстона аст ва ҳамагонро ба ҳимояи Ватан ва арҷгузории миллат даъват менамояд.
Рустам қаҳрамони асосии «Шоҳнома» буда, ватанашро дӯст медорад ва ба ҳимояи он ҳамеша омода аст. Вай такягоҳ ва неруи Эрон аст.
Дар симои Рустам руҳи муборизи халқҳои ориёинажод таҷассум ёфтааст.
Қаҳрамони дигари марказии асар Суҳроб мебошад. Ӯ низ мисли падараш ҷавонмард ва баҳодур аст. Суҳроб ба ҷанг нафрат дорад, сулҳро мепарварад.
Дар «Шоҳнома» «Рустам ва Суҳроб» достони фоҷиавӣ буда, касро ба андеша вомедорад. Аз муҳтавои достон ба ҷанг нафрати зиёд доштани Фирдавсӣ равшан мушоҳида мешавад.
Зи ҷанг оштӣ бегумон, беҳтар аст,
Нигаҳ кун, ки говат ба чарм андар аст.
Шоир инсондӯстиро тарғиб ва бадиро маҳкум мекунад. Бояд накукор буд ва ҳатто мӯрчаеро набояд озор дод:
Маёзор мӯре, ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин х(в)аш аст.
Ҳар касе, ки «Шоҳнома» мехонад, ба хулосае мерасад, ки бояд аз бадӣ, торикӣ ва аз зулмат дур бошад.
Достони «Коваи оҳангар» низ аз беҳтарин қисматҳои «Шоҳнома» ба ҳисоб меравад.
Дар ин достон қувваҳои зишту бадниҳод сахт маҳкум мешаванд. Шоир таъкид мекунад, ки дар ниҳоят ҳамеша некӣ бар бадӣ ғолиб хоҳад омад. Ҳамин гуна, тамоми қисматҳои «Шоҳнома» саршор аз ғояҳои волои ватандӯстию инсонпарвариянд.
Ин ҷо воқеае ба ёдам омад. Чанд сол пештар набераам, ки дар синфи 8-ум мехонд, аз ман китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро пурсида буд. Муаллим аз ҳамин достон чанд пора аз ёд карданро ҳамчун вазифаи хонагӣ супорида будааст. Хайрият дар ҷевони китобхонаи оилавиамон як нашри дерини «Шоҳнома» ҷой дошт. Китобро ба набераам додаму ба андеша фурӯ рафтам: нашри куҳна бошад ҳам, «Шоҳнома» дар китобхонаи шахсии ман будааст, вале афсӯс, ки дар бисёр хонадон ин китоби шоири бузурги миллат вуҷуд надорад. Ҳамон вақт орзу карда будам: «агар «Шоҳнома» дар ҳар як хонадон мебуд, чӣ кори хубе мешуд». Имрӯз он орзуи ман ва ҳазорҳо нафар китобдӯсти дигар амалӣ гашт. «Шоҳнома» аз номи Пешвои миллат ба ҳар як хонадон туҳфа шуд.
Сулаймон ЭРМАТОВ,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Добавить комментарий