Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, нақши илм ва маориф дар таъмини рушди устувори кишвар торафт аҳаммияти бештарро касб менамояд. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) ҳамчун санади муҳимми сиёсӣ ва стратегӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва илмиро фаро гирифта, илму маориф, бахусус, илмҳои дақиқ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ пояи асосии иқтисоди рақамӣ, саноатикунонӣ ва инноватсия арзёбӣ гардид.
Илмҳои дақиқ – математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ асоси ташаккули тафаккури мантиқӣ, қобилияти таҳлил дар раванди ҳалли масъалаҳои мураккаб ба ҳисоб мераванд. Аз нуқтаи назари илмӣ, маҳз фанҳои дақиқ имкон медиҳанд, ки равандҳои табиӣ, техникӣ ва иҷтимоӣ бо истифода аз амсилаҳои математикӣ ва технологияҳои рақамӣ таҳқиқ ва ояндабинӣ карда шаванд.
Дар Паёми Президенти кишвар таъкид мегардад, ки бе ислоҳоти амиқ дар низоми маориф ва баланд бардоштани сифати таълими фанҳои дақиқ рушди устувори илм ва технология ғайриимкон аст. Ин нукта ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки илмҳои дақиқ на танҳо ҷузъи муҳимми низоми таълим, балки омили калидии рушди иқтисод дар амалисозии ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд.
Таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ реша дар таҳаввулоти амиқи илмӣ дошта, дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ ба омили асосии баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, рақобатпазирии бозори меҳнат ва таъмини амнияти миллӣ мансуб меёбанд.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад».
Дар ҳақиқат, аз дидгоҳи стратегӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ имкон медиҳанд, ки равандҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо истифода аз таҳлили маълумот, амсиласозии математикӣ ва низомҳои худкор ояндабинӣ шаванд. Ин равандҳо барои соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, тандурустӣ, маориф ва идоракунии давлатӣ аҳаммияти хос доранд. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат рушди ин самтро яке аз воситаҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар дар саноатикунонии босуръат, рушди иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ арзёбӣ менамоянд.
Пешвои миллат таъкид намуданд: «Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд».
Технологияҳои иттилоотӣ ба рушди сармояи инсонӣ мусоидат намуда, омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, то ҷавонон ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ мутобиқ гардида, иқтидори зеҳнии ҷумҳурӣ рушд намояд. Ба ин ваҷҳ, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими таълими фанҳои дақиқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар низоми маориф хусусияти стратегӣ дорад.
Инчунин, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар таъмини амнияти иттилоотӣ ва коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ низ нақши калидӣ дорад.
Аз нуқтаи назари илмӣ, амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ аз технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ вобастагии зич дорад. Истифодаи низомҳои худкори ватанӣ, рушди платформаҳои миллӣ ва татбиқи самараноки зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки вобастагӣ аз технологияҳои хориҷӣ коҳиш ёфта, амнияти иттилоотии кишвар таъмин гардад. Ин омилҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар ба технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ на як иқдоми муваққатӣ, балки ҷузъи таркибии сиёсати дарозмуддати рушди миллӣ арзёбӣ гардидааст.
Омодасозии кадрҳои баландихтисос дар самти илмҳои дақиқ, технологияҳои иттилоотӣ, барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ яке аз масъалаҳои калидии рушди устувори ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки бе ташаккули захираҳои инсонӣ ва рушди иқтидори илмӣ-техникӣ татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла, саноатикунонии босуръат ва иқтисоди рақамӣ ғайриимкон аст.
Бояд қайд намуд, ки бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, дар самти омодасозии кадрҳо як қатор мушкилоти объективӣ ва субъективӣ низ ҷой доранд. Яке аз мушкилоти асосӣ, нокифоя будани ҳамгироии ҷанбаҳои назариявӣ бо амалӣ дар раванди таълим ба ҳисоб рафта, дар бисёр маврид танҳо ҷанбаҳои назариявӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, татбиқи амалии масъалаҳо аз мадди назар дур мемонад. Вақти он расидааст, ки барои амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат мо-аҳли маориф камари ҳиммат баста, роҳи ҳалли масъалаи ҷойдоштаро ҷустуҷӯ намоем. Дар шароите, ки технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ босуръат рушд меёбанд, таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ ва фарсуда гардидани таҷҳизот метавонад монеаи ҷиддиро дар омодасозии кадрҳо пеш орад. Илова бар ин, масъалаи такмили ихтисоси омӯзгорон аҳаммияти хосса дорад. Дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ тағйирот бо суръати баланд ба амал меоянд ва омӯзгор бояд пайваста донишу малакаи худро такмил диҳад.
Ҳамин тариқ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки илмҳои дақиқ дар татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди кишвар мавқеи калидӣ доранд.
Исроил САИДЗОДА,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент, декани факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон













