МАЪРИФАТМАНДӢ, ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)

Муқаддима
Дар шароити муосир, ки давлатҳо на танҳо бо мушкилоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки бо буҳронҳои маънавӣ, ҳувиятӣ ва ҷаҳонбинӣ рӯ ба рӯ шудаанд, матнҳои расмии сиёсӣ аҳаммияти нав пайдо мекунанд. Буҳронҳои зикршуда танҳо воситаи иттилоъ ё эъломи сиёсати давлатӣ набуда, балки ба майдони ташаккули ғоя, арзиш ва худшиносии миллӣ ворид мешаванд. Аз ин нуқтаи назар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ метавонад ҳамчун як матни бисёрсамта ва дорои арзиши назариявӣ таҳлил гардад, ки дар худ унсурҳои фалсафаи давлатдорӣ, этикаи иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии инсонмеҳварро гирд овардааст.
Ба ибораи дигар, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ танҳо як санади сиёсӣ ё ҳисоботи солона нест. Ин матн, пеш аз ҳама, матни маърифатӣ, фалсафии давлатдорӣ ва ҳуҷҷати худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Дар он на танҳо натиҷаҳои иқтисодӣ ё иҷтимоӣ ҷамъбаст мегарданд, балки манзараи фалсафаи роҳи тайкардаи миллат, дарки таҷрибаи таърихӣ ва тарҳи ояндаи давлат баён мегардад.
Аҳаммияти илмии Паём дар он зоҳир мешавад, ки он ҳамчун санади роҳнамо на танҳо натиҷаи таҷрибаи амалии идоракунии давлатӣ, балки бозтоби марҳалаи муайяни худогоҳии миллӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар он масъалаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг, амният ва сиёсати хориҷӣ ҳамчун соҳаҳои ҷудогона баррасӣ нашуда, балки дар доираи консепсияи ягонаи сиёсию ғоявӣ таҳлил ва натиҷагирӣ карда мешавад. Ин андешаю ғоя ба фаҳмиши давлат ҳамчун падидаи зинда ва раванди иҷтимоӣ такя мекунад, ки мавҷудияти он на танҳо бо нишондиҳандаҳои моддӣ, балки бо сатҳи маърифат, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандон муайян мегардад.
Паём ҳамчун матни фалсафӣ
Дар анъанаи фалсафаи сиёсӣ баъзе матнҳо на танҳо ҳуҷҷат, балки ҳамчун рӯйдоди ҷамъиятӣ шинохта шудаанд. Ин аснод воқеиятро на танҳо тавсиф мекунанд, балки онро тафсир ва самт медиҳанд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин навъи матнҳо тааллуқ дорад. Онро наметавон танҳо ҳамчун гузориши сиёсӣ, маҷмуи дастурҳо ё барномаи иқтисодӣ хонд. Паём ҳуҷҷати дорои қутбияти фалсафист, ки дар он таърих, инсон ва давлат дар як фазои маъноӣ ба ҳам мепайванданд.
Аз дидгоҳи герменевтика (яъне, илми тафсири матн), Паём шакли махсуси гуфтугӯи давлат бо ҷомеа аст. Ин гуфтугӯ аз таҷрибаи таърихӣ ба шуури имрӯз сурат мегирад. Дар ин матн давлат на танҳо ҳамчун низоми маъмурӣ, балки ба сифати субъекти хирадманд зуҳур мекунад. Пешвои миллат давлатро ба сухан меоранд, вале сухани давлат дар ин ҷо андеша аст. Маҳз ҳамин фарқият Паёмро аз бисёр суханрониҳои расмии сиёсӣ ҷудо мекунад.
Дар фалсафаи сиёсӣ (аз Арасту то замони муосир) қудрат танҳо он гоҳ пойдор шуморида мешавад, ки бо маъно ва эътимод бастагӣ пайдо кунад. Паём маҳз чунин пайванду бастагии мантиқӣ ва ғояи сиёсиро дар бар мегирад. Қудрат дар ин ҷо на ҳамчун зӯр, балки ҳамчун масъулияти таърихӣ маънидод мегардад. Аз ин ҷост, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари имрӯз, балки ҳомии пайванди гузашта ва оянда муаррифӣ мешаванд. Ин мавқеъ аз сатҳи маъмурию вазифадорӣ болотар рафта, ба сатҳи фалсафаи давлатдорӣ мерасад.
Матн аз оғоз то анҷом бо як идеяи калидӣ ҷараён меёбад: давлат танҳо бо иқтисод ё артиш пойдор намемонад, балки он бо хотира, маърифат ва ахлоқ зинда аст. Ҳамаи бахшҳои Паём – иқтисод, энергетика, маориф, фарҳанг, амният, сиёсати хориҷӣ дар асл шохаҳои як дарахти маъноянд. Он дарахт давлати соҳибмаърифати миллӣ аст.
Дар ин замина, дар оғози Паём ишора ба интихобот, ҳаллу фасли масъалаҳои сарҳадӣ ва эътирофи байналмилалии ташаббусҳои Тоҷикистон танҳо рӯйдодҳои сиёсӣ набуда, балки онҳо нишонаҳои ба камол расидани давлатанд. Давлате, ки масоилу мушкилоти сарҳади худро бо роҳи гуфтугӯ ҳал мекунад, давлатест, ки зӯровариро ба ақлу хирад иваз намудааст. Ин гузариш дар фалсафаи сиёсӣ нишонаи баромадан аз ҳолати «давлати ҷавон» ба марҳалаи «давлати масъул» мебошад.
Истиқлол дар Паём на танҳо ҳамчун мафҳуми ҳуқуқӣ, балки фалсафӣ корбаст мешавад. Яъне, истиқлол танҳо набудани вобастагӣ не, балки қобилияту дарки худандешӣ аст. Пешвои миллат борҳо таъкид мекунанд, ки истиқлол бидуни худшиносӣ ба осонӣ аз даст меравад. Аз ин рӯ, Паём пайваста ба ҳофизаи таърихӣ муроҷиат мекунад. Таърих дар ин ҷо на танҳо бардошт аз гузашта, балки сарчашмаи ҳувият аст.
Дар фалсафаи таърихнигорӣ таъкид мешавад, ки ҷомеа танҳо он гоҳ худро дарк мекунад, ки гузаштаи худро тафсир ва натиҷагирӣ кунад. Паём маҳз чунин тафсир аст. Ҷанги шаҳрвандӣ, фурӯпошии иқтисодӣ, бесуботӣ ҳамчун захмҳои таърихӣ ба ёд оварда мешаванд, вале на барои ангезиши эҳсосот, балки чун ҳушдор ва огоҳӣ аз он воқеоти фоҷеабор. Давлате, ки аз рухдодҳои фалокатбори худ сабақ намегирад, аз эҳтимол дур нест, ки онҳоро такрор мекунад.
Дар ҳамин замина, Ваҳдати миллӣ дар Паём ҳамчун арзиши фалсафӣ зуҳур мекунад. Ваҳдат танҳо созиши сиёсӣ нест, балки фарҳанги ҳамзистист. Пешвои миллат ваҳдатро шарти ҳама гуна рушду пешрафт мешуморанд. Ин мавқеъ ба назарияи фалсафии шартномаи иҷтимоӣ такя мекунад, ки дар он ҷомеа танҳо бо дарки масъулияти муштарак вуҷуд дошта метавонад.
Ҳамин тавр, Паём ба сифтаи матни яклухти маъноӣ муаррифӣ мегардад, ки дар он ҳар бахш идомаи мантиқии бахши дигар аст. Ин ягонагии дохилии матн нишонаи сатҳи баланди фикрӣ ва ҷаҳонбинии пешрафта мебошад.
Давлат, иқтисод ва инсон
Яке аз хатарҳои ҷиддии тафаккури сиёсӣ дар ҷаҳони муосир, редуксионизми иқтисодист, яъне, дарку фаҳмиши давлат ва ҷомеа танҳо тавассути нишондиҳандаҳои иқтисодӣ. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври возеҳ аз ин редуксионизм канора мегирад ва модели дигареро пешниҳод мекунад, ки онро метавон фалсафаи рушди масъулият номид.
Дар ин модел иқтисод марказ нест, балки миёнарав ё худ восита аст. Пешвои миллат рушди иқтисодиро ҳамеша дар пайванд бо сатҳи зиндагии мардум, адолати иҷтимоӣ ва суботи ҷомеа арзёбӣ мекунанд. Рақамҳо ва нишондиҳандаҳое, ки дар Паём оварда мешаванд, худ ба худ арзиш надоранд, агар онҳо ба беҳтар шудани ҳолати инсон ва беҳбуди некуаҳволии ӯ оварда нарасонанд.
Дар Паём таъкид мешавад, ки иқтисоди миллӣ тайи даҳсолаи охир ба марҳалаи нави сифатӣ ворид шудааст. Аммо муҳимтар аз худи ин гузариш, тафсири батафсил ва дурандешонаи он аст. Пешвои миллат рушдро ҳамчун натиҷаи сиёсати пайваста, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ маънидод мекунанд. Дар ин ҷо иқтисод аз сиёсат ҷудо нест, вале сиёсат низ ба иқтисод вобаста намешавад. Ин таносуб нишонаи давлатдории болиғ аст, ки дар он бахшҳо ба ҳам тобеъ нестанд, балки ба ҳам мутаносибанд.
Ба ибораи дигар, дар Паём давлат ҳамчун субъекти фаъол ва масъул зуҳур мекунад, ки на танҳо шароит фароҳам меорад, балки самти рушду пешрафтро низ муайян мекунад. Пешвои миллат масъулиятеро ошкоро ба дӯш мегиранд, вақте масъалаҳои маош, нафақа, ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазирро ҳамчун вазифаи бевоситаи давлат муаррифӣ мекунанд.
Дар ин ҷо иқтисод бо ахлоқ низ бастагии мантиқӣ пайдо мекунад. Ин пайванд хусусияти фалсафӣ дорад. Дар анъанаи фалсафаи шарқӣ иқтисод ҳамеша зерсистемаи ахлоқӣ буд. Паём ба таври ғайримустақим ба ҳамин анъана бармегардад. Сарфаю сариштакорӣ, ба исрофкорӣ роҳ надодан, масъулияти иҷтимоӣ ва адолат ҳамчун арзишҳои иқтисодӣ муаррифӣ мешаванд ва ин омилҳо нишон медиҳад, ки иқтисоди миллӣ бояд фарҳанг дошта бошад.
Саноатикунонӣ, ки дар Паём ҳамчун ҳадафи стратегӣ таъкид мешавад, низ дар ҳамин доираи фалсафӣ қарор дорад. Саноат дар ин ҷо танҳо истеҳсоли мол нест, балки шакли мустақилияти иқтисодист. Давлате, ки ашёи хом мефурӯшад ва маҳсулоти тайёр мехарад, дар асл қисми иродаи иқтисодии худро аз даст медиҳад. Пешвои миллат ин нуктаро ба таври равшан дарк мекунанд ва аз ҳамин лиҳоз, ба коркарди амиқи захираҳои табиӣ, афзоиши маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот аҳаммияти хос медиҳанд. Ин сиёсати иқтисодӣ дар асл сиёсати истиқлол аст.
Дар ҳамин замина, рушди энергетика дар Паём на танҳо ҳамчун масъалаи соҳа, ҳамзамон, ба ҳайси пояи ҳастии иқтисодӣ ва сиёсӣ баррасӣ мешавад. Неругоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ ва иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳамчун унсурҳои як фалсафаи бузургтар зуҳур мекунанд, ки онро метавон фалсафаи истиқлоли қобили амал номид. Истиқлол дар ин ҷо на танҳо як матни «эълон», балки қобилияти таъмини давлат бо захираҳои ҳаётан муҳим аст.
Дар таҳлили иқтисодии Паём ҳузури пайвастаи инсон ҳамчун коргар, соҳибкор, омӯзгор, деҳқон, мутахассис ва шаҳрванд дар меҳвар қарор дорад. Пешвои миллат иқтисодро бидуни инсон маънидод намекунанд. Ҳар як дастоварди иқтисодӣ бо заҳмати мушаххаси инсон пайванд мехӯрад. Ин мавқеъ аз фалсафаи марксистии редуксионӣ низ фарқ мекунад, зеро инсон дар ин ҷо танҳо «қувваи меҳнат» нест, балки субъекти дорои шараф ва арзиш аст.
Дар Паём масъалаи сармоягузорӣ дар заминаи ҳамин мантиқ таҳлил мешавад. Сармоя танҳо маблағ нест, балки эътимод аст. Давлате, ки субот, қонун ва дурнамои рушд дорад, сармояро ҷалб мекунад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат иқтисодро аз амният ва қонун ҷудо намекунанд. Ин робитаи сеҷониба – иқтисод, қонун ва субот пояи рушди устувор аст.
Ниҳоят, дар Паём рушди иқтисодӣ бо дурнамои тараққиёту пешрафт пайванд мехӯрад. Барномаҳои миёнамуҳлат ва дурнамо ҳамчун абзори банақшагирии хирадмандона муаррифӣ мешаванд. Ин ҷо давлат аз фаҳмиши мантиқи «рӯзмаррагӣ» берун меравад ва ба дарки моҳияти таърих ворид мешавад. Давлате, ки ояндаро тарҳрезӣ мекунад, давлатест, ки ба худ бовару эътимод дорад.
Ҳамин тавр, таҳлили иқтисодии Паём нишон медиҳад, ки сухан на аз сиёсати одии рушд, балки аз фалсафаи рушди инсонмеҳвар, ки дар он иқтисод ба инсон хидмат мекунад, меравад. Давлат масъулияти ахлоқӣ низ дорад ва рушду пешрафт танҳо он гоҳ арзиш пайдо менамояд, ки ба таҳкими озодӣ, адолат ва шарафи инсон мусоидати ҳамаҷониба мекунад.
Маорифу маърифат ва мубориза бо хурофот
Дар заминаи тафаккури сиёсие, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, маорифу маърифат ба сатҳи фалсафии ҳастии давлат маънидод мегардад. Ин ҷо сухан аз он меравад, ки давлат на танҳо дорои қаламрав, захира ва низоми ҳуқуқӣ мебошад, балки молики шуури ҷамъиятӣ аст ва ин шуур бевосита аз сатҳи маърифати ҷомеа вобаста мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, масъалаи маориф дар Паём ҳамчун меҳвари сиёсати дарозмуддати давлат баррасӣ мешавад.
Дар анъанаи фалсафии ҷаҳон аз Афлотун то Кант, давлат танҳо дар сурате одилона ва пойдор ҳисобида мешавад, ки шаҳрвандони он қобили андешидан ва тафаккури пешрафта бошанд. Паёми Пешвои миллат маҳз ба ҳамин анъана пайванд мехӯрад. Маърифат дар ин ҷо васила ё абзори техникӣ барои бозори меҳнат нест, балки роҳи озодсозии инсон аз ҷаҳолат, вобастагӣ ва таассуб аст. Ин фаҳмиш маорифро ба сатҳи сиёсати маънавӣ мебардорад.
Мубориза бо хурофот, ки дар Паём бо таъкид ва масъулияти баланд матраҳ мегардад, дар доираи ҳамин фалсафа ҷой дорад. Хурофот на танҳо ҳамчун хатари тасодуфӣ ё маҳдуди фарҳангӣ, балки ҳамчун падидаи системавӣ баррасӣ мегардад, ки аз камбуди маърифат, нуқсу норасоӣ дар заифии тарбия ва тафаккури интиқодӣ ғизо мегирад. Пешвои миллат ба таври равшан нишон медиҳанд, ки хурофот танҳо мушкили динӣ ё суннатӣ нест, он мушкили фалсафаи зиндагӣ аст. Ҷомеае, ки одат кардааст, ба ҷойи фаҳмидан, бовар кунад, ба ҷойи таҳлил тақлид кунад ва ба ҷойи масъулият эҳсосро интихоб намояд, дар баробари ифротгароӣ ва бегонапарастӣ осебпазир мегардад.
Дар ин замина, даъват ба дурӣ аз таассуб ва ифротгароӣ дар Паём на танҳо чун як амали ахлоқӣ, балки ҳамчун стратегияи давлатӣ зуҳур мекунад. Ин мавқеъ аз фалсафаи классикии равшангароӣ бармеояд, ки бар асоси он торикӣ танҳо ба василаи нур бартараф мешавад. Маърифат дар ин ҷо нур аст, нуре, ки ҷомеаро аз дарун тағйир медиҳад.
Нақши омӯзгор ва мактаб дар Паём махсус таъкид гардид. Ин таъкид дорои ҷанбаи фалсафӣ мебошад, зеро омӯзгор ҳамчун интиқолдиҳандаи дониш не, балки ҳамчун ташаккулдиҳандаи тафаккур муаррифӣ мешавад. Дар ин фаҳмиш, мактаб танҳо муассисаи таълимӣ нест, балки фазои ташаккули шаҳрванд ва маънавияти ӯст. Давлате, ки омӯзгорро қадр мекунад, дар асл ояндаи худро ҳимоя мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, афзоиши маблағгузорӣ ба маориф, такмили низоми таълим ва гузариш ба стандартҳои байналмилалӣ дар Паём ҳамчун сармоягузорӣ ба амнияти маънавии давлат маънидод мешавад.
Таваҷҷуҳ ба фанҳои дақиқ, илмҳои табиатшиносӣ, зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар Паём танҳо ҷавоб ба талаботи бозор нест. Он ҷавоб ба саволи фалсафист: оё ҷомеа мехоҳад субъекти тамаддун бошад ё объекти он? Пешвои миллат ба таври мушаххас нишон медиҳанд, ки ҷомеаи тоҷик бояд на танҳо истеъмолкунандаи дониш, балки офарандаи он бошад. Ин даъват ба худбоварӣ ва худшиносии илмӣ аст. Давлате, ки дониш истеҳсол мекунад, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи мустақил пайдо мекунад.
Дар ҳамин замина, масъалаи тарбияи насли нав дар Паём бо масъулияти хосса баррасӣ мешавад. Тарбияи дуруст танҳо вазифаи мактаб нест. Он аз оила оғоз меёбад ва дар ҷомеа идома меёбад. Пешвои миллат падару модаронро ба масъулияти ахлоқӣ даъват мекунанд, зеро бидуни ҳамкории оила ва давлат маориф самаранок шуда наметавонад. Ин фаҳмиш ба фалсафаи иҷтимоии шарқӣ такя мекунад, ки дар он оила пояи асосии ҷомеа аст.
Мубориза бо хурофот дар Паём, инчунин, бо масъалаи қонун ва фарҳанги ҳуқуқӣ пайванд мехӯрад. Ҷомеаи маърифатнок ҷомеаи қонунмеҳвар аст. Он қонунро на аз рӯйи тарс, балки аз нигоҳи дарку фаҳмиш риоя мекунад. Пешвои миллат аз ҳамин лиҳоз ба маърифати ҳуқуқӣ аҳаммияти хос медиҳанд. Қабули ташаббусҳо дар сатҳи байналмилалӣ дар бораи маърифати ҳуқуқӣ нишон медиҳад, ки давлат мехоҳад шаҳрванд на танҳо итоаткунанда, балки огоҳу фаъол ва созанда бошад.
Ҳамин тавр, маориф ва маърифат дар Паём ба як низоми фалсафии воҳид табдил меёбанд, ки ҳадафи он ташаккулу такомул ва таҳаввули инсони озод, масъул ва худогоҳ аст. Инсонест, ки ба доми хурофот гирифтор намешавад, ба ифротгароӣ роҳ намедиҳад ва тақдири худро ба дасти дигарон намесупорад. Давлате, ки чунин инсонро тарбия мекунад, на танҳо имрӯзро идора мекунад, балки фардоро месозад.
Фарҳанг, хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг на ҳамчун соҳаи ҷудогона баррасӣ мешавад, он ба масобаи механизми амиқи ҳастишиносии миллат зуҳур мекунад. Ин равиш аз фаҳмиши сатҳии фарҳанг, ки онро ба анъана, ҷашн ё ёдгориҳои моддӣ маҳдуд мекунад, фаротар меравад ва фарҳангро ба сатҳи фалсафаи ҳувият мебардорад. Пешвои миллат фарҳангро на ҳамчун гузаштаи зебову зиннатбахш, балки шарти зинда мондану бақои ҳастии миллат дар ҷаҳони пуртазод маънидод мекунад.
Дар фалсафаи иҷтимоӣ ва таърихӣ, махсусан, дар андешаҳои М. Ҳалбвакс ва П. Рикёр, хотираи таърихӣ ҳамчун омили шаклдиҳандаи ҳувияти ҷамъиятӣ баррасӣ мешавад. Миллате, ки хотираи таърихии худро гум мекунад, ба осонӣ ба объекти таъсири дигарон табдил меёбад. Паём маҳз бар зидди ҳамин хатар равона шудааст. Ёдоварӣ аз тамаддуни бостонӣ, мероси ориёӣ, хусусан, ҷашнҳои миллӣ ва дигар рамзҳои фарҳангӣ дар Паём на аз рӯйи эҳсос, балки ниёз ба тафсири маънавии имрӯз бармеояд.
Дар ин матн, хотираи таърихӣ шакли муқовиматро мегирад. Муқовимат на бо силоҳ, балки бо маъно. Пешвои миллат ба ҷомеа нишон медиҳанд, дар шароите, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ арзишҳоро яксон муаррифӣ мекунанд ва фарҳангҳоро ба қолабҳои стандартӣ ё ба нестӣ мекашанд, ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ ба амнияти миллӣ баробар аст. Дар ин вазъ худшиносӣ ба сиёсати давлатӣ табдил меёбад.
Фарҳанг дар Паём ҳамчун низоми арзишҳо маънидод мешавад. Ин арзишҳо танҳо гузашта нестанд, балки меъёрҳои зиндагии имрӯзанд. Таъкид ба суннатҳои сарфаю сариштакорӣ, эҳтиром ба меҳнат, оила, забон ва либоси миллӣ танҳо масъалаи зоҳирӣ нест. Ин омилҳо шакли муқовимат ба истеъмолгароӣ, исрофкорӣ ва бегонапарастӣ мебошанд. Дар ин ҷо фарҳанг вазифаи танзимкунандаи ахлоқ аст.
Масъалаи бегонапарастӣ дар Паём бо назокати хоссаи фалсафӣ баррасӣ мешавад. Пешвои миллат ҷомеаро ба шинохти худ талқин мекунанд, ки ин равиш ба фалсафаи муколамаи тамаддунҳо такя мекунад, ки бар асоси он танҳо ҷомеае метавонад бо дигарон табодули афкор анҷом диҳад, ки худ дорои ҳувияти равшан бошад. Таъкид ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ дар Паём ба ҳамин мантиқ хидмат мекунад.
Дар ин замина, таваҷҷуҳ ба бунёди муассисаҳои фарҳангӣ, театрҳо, осорхонаҳо ва марказҳои тамаддунӣ сармоягузорӣ ба рушди шуури миллӣ аст. Пешвои миллат фарҳангро ҳамчун захираи стратегӣ муаррифӣ мекунанд. Давлате, ки фарҳанги худро ҳифз мекунад, на танҳо худро мешиносад, балки ба дигарон низ дастоварду пешрафти худро дар ин самт муаррифӣ мекунад.
Ҷашнҳо ва оинҳои миллӣ низ дар Паём моҳияти фалсафӣ пайдо мекунанд. Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон танҳо ҷашн нестанд, балки шаклҳои тафаккури инсонгароии ниёгонанд. Ин ҷашнҳо ба эҳтиром бар табиат, меҳнат, адолат ва ҳамзистӣ такя мекунанд. Пешвои миллат бо таъкид ба ин оинҳо нишон медиҳанд, ки фарҳанги тоҷик дорои потенсиали ахлоқии ҷаҳонӣ аст.
Дар Паём забон ҳамчун пояи асосии ҳувияти миллӣ ба таври ғайримустақим, вале равшан ҳузур дорад. Он танҳо воситаи иртибот набуда, шакли фикр кардан аст. Ҳифзи забон дар ин ҷо ба ҳифзи тарзи андешидан баробар аст. Давлате, ки забони худро ҳифз мекунад, тафаккури худро ҳифз мекунад.
Ҳамин тавр, фарҳанг ва хотираи таърихӣ дар Паём ба низоми фалсафии муқовимати маънавӣ табдил меёбанд. Муқовимат ба маънои ҳифзи худ дар баробари ҷаҳонишавӣ фаҳму дарк мешавад. Пешвои миллат ҷомеаро ба худогоҳӣ даъват мекунанд, зеро танҳо ҷомеаи худогоҳ метавонад дар ҷаҳони муосир боқиву пойдор бимонад, рушд кунад ва саҳми худро дар тамаддуни башарӣ гузорад.
Амният, қонун ва субот
Дар фалсафаи сиёсӣ масъалаи амният ҳамеша бо масъалаи озодӣ дар таниш қарор доштааст. Пешвои миллат борҳо таъкид мекунанд, ки бе сулҳу субот ҳеҷ гуна барнома, ислоҳот ва рушд амалӣ намешавад. Аммо ин таъкид шакли маъмурӣ ё таҳдидомез надорад. Он аз таҷрибаи таърихии худи ҷомеа бармеояд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта дар Паём на ҳамчун ҳодисаи сиёсӣ, балки ҳамчун фоҷиаи маънавӣ ва тамаддунӣ ҳузур дорад. Ин таҷриба ба ҷомеа сабақи фалсафӣ додааст: озодӣ бе тартибу низом ба бесарусомонӣ табдил меёбад ва ин омил озодиро нобуд мекунад.
Дар ҳамин замина, қонун дар Паём мақоми махсусро доро мебошад. Қонун танҳо маҷмуи меъёрҳо нест, он шакли расмии иродаи умумӣ аст. Пешвои миллат волоияти қонунро ҳамчун кафили адолат ва амнияти ҷамъиятӣ муаррифӣ мекунанд. Дар ин ҷо қонун на абзори ҷазо, балки механизми танзими зиндагии муштарак аст. Ин равиш ба фалсафаи давлатдории ҳуқуқбунёд такя мекунад, ки қонунро аз иродаи шахсӣ болотар мегузорад.
Мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккил дар Паём дар доираи ҳамин фалсафа баррасӣ мешавад. Ин мубориза танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа аст. Пешвои миллат равшан нишон медиҳанд, ки ифротгароӣ танҳо таҳдиди амниятӣ не, балки нишонаи буҳрони маънавию маърифатист. Аз ҳамин лиҳоз, амният дар Паём ҳамеша бо маориф, фарҳанг ва маърифат иртибот мегирад.
Масъалаи амнияти миллӣ дар Паём, инчунин, бо сиёсати хориҷӣ пайванд дорад. Ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои фаромиллӣ рӯ ба рӯст, ки онҳоро танҳо дар доираи як давлат ҳал кардан мумкин нест. Тоҷикистон дар ин раванд худро ҳамчун шарики масъули ҷомеаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, аммо ин ҳамкорӣ бар пояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол сурат мегирад. Ин тавозун байни ҳамкорӣ ва ҳифзи мустақилият нишонаи давлатдории рушдёфта аст.
Ҳамин тавр, амният ва қонун дар Паём ба фалсафаи баландғояи пурмуҳтаво табдил меёбанд. Тартибу низоме, ки озодиро маҳдуд намекунад, балки онро имконпазир месозад. Қонуне, ки тарс намеоварад, балки эътимод месозад ва давлате, ки на танҳо муҳофиз, балки кафили зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Паём ҳамчун синтези фалсафии давлатдорӣ
Дар таърихи давлатдорӣ на ҳар сухани расмӣ ба матни таърихӣ табдил меёбад. Танҳо он матнҳое, ки на фақат тасвир, балки тафсири воқеиятро дар бар мегиранд, қудрат доранд ба санади маънавии замон мубаддал шаванд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин гуна матн тааллуқ дорад. Онро метавон ҳамчун шакли худшиносии давлат дар марҳалаи камолоти сиёсӣ арзёбӣ кард: давлате, ки дигар танҳо дар ҷустуҷӯи субот нест, балки дар ҷустуҷӯи моҳияти устувории худ гомҳои мустаҳкам мегузорад.
Фалсафаи сиёсӣ давлатро на танҳо ҳамчун ниҳоди идорӣ, балки ба ҳайси падидаи маънавӣ мешиносад. Давлат дар ин фаҳмиш маҷмуи қонунҳо ва идораҳо нест, балки фазои зиндагии муштаракест, ки дар он инсон дар ҳамбастагӣ бо дигарон моҳияту маънои ҳастии худро месозад. Дар он давлат на ҳамчун ҳокими болоистода, балки ҳамчун низоми масъулият муаррифӣ мешавад: масъулияти таъмини шароит, масъулияти ҳифзи арзишҳо ва масъулияти роҳнамоӣ дар ҷаҳони пуртазод.
Дар маркази ин низом инсон ҳамчун субъекти ахлоқӣ ва маърифатӣ меистад. Паём инсонро ба мавқеи фаъол бармегардонад: инсон бояд биандешад, биомӯзад, интихоб кунад ва ҷавобгар бошад. Дар ин ҷо озодӣ аз масъулият ҷудо намешавад. Озодие, ки дар он инсон масъулиятро эҳсос намекунад, ба худсарӣ табдил меёбад, масъулияте, ки озодӣ надорад, ба маҷбурият. Синтези Паём маҳз дар пайвас­тани ин ду мафҳум ифода меёбад: инсон озод аст, то масъул бошад ва масъул аст, то озодии худро ҳифз кунад.
Мафҳуми «маъно» дар Паём нақши калидӣ дорад, ҳатто агар мустақим номбар нашуда бошад. Ҳамаи самтҳои баррасишуда – иқтисод, маориф, фарҳанг, амният дар ниҳоят ба ин саволҳо бармегарданд: Рушд барои чӣ? Субот барои кӣ? Истиқлол бо кадом ҳадаф? Агар ин саволҳо беҷавоб монанд, давлат ба як сохтори холии техникӣ табдил меёбад. Паём нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ на танҳо ба афзоиши нишондиҳандаҳо, балки бояд ба зиндагии шоиста оварда расонад. Амният бояд ба эҳсоси эътимод табдил ёбад, на ба тарс. Истиқлол бояд ба худшиносӣ бирасад, на ба шаклпарастӣ.
Аз ҳамин нуқтаи назар, мубориза бо хурофот ба сатҳи фалсафии худ мерасад. Хурофот дар Паём танҳо ҳамчун мушкили иҷтимоӣ ё динӣ баррасӣ намешавад, балки ҳамчун нишонаи буҳрони маънавист. Вақте инсон маъною моҳияти зиндагии худро дар дониш, меҳнат ва арзишҳои инсонӣ намеёбад, ӯ ба тафсирҳои сода, эҳсосотӣ ва гоҳе хатарнок рӯ меорад. Хурофот дар асл ҷои холии маърифатро ишғол мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, мубориза бо хурофот дар Паём мубориза барои барқарор кардани робитаи инсон бо ақл, фарҳанг ва масъулияти шахсӣ мебошад. Ин мубориза бо фармон ҳал намешавад, он бо тарбия, маориф ва эҳёи фарҳанг роҳандозӣ ва амалӣ мешавад.
Маориф дар ин синтез на танҳо соҳа, балки шарти ҳастии давлат аст. Давлате, ки мехоҳад оянда дошта бошад, бояд инсонеро тарбия карда тавонад, ки дар ҷаҳони мураккаб худ қарор қабул кунад. Тафаккури интиқодӣ, дониш, қобилияти фарқ кардани ҳақиқат аз фиреб – инҳо на танҳо малакаҳои инфиродӣ, балки пояҳои амнияти миллӣ мебошанд. Паём маорифро ба ҳамин сатҳ мебардорад: маориф ҳамчун сиёсати пешгирӣ аз хурофот, ҳамчун сипари маънавӣ аз ҷаҳолат ва ҳамчун заминаи истиқлоли фикрӣ.
Фарҳанг ва хотираи таърихӣ дар Паём нақши сутуни ҳувиятро мебозанд. Дар фалсафаи ҳувият таъкид мешавад, ҷомеае, ки гузаштаашро намешиносад, ояндаро бо хатару нигаронӣ месозад. Ҳамин аст, ки худшиносӣ дар Паём раванд аст, на ҳолат: равандест, ки инсон ва ҷомеаро аз бегонагӣ муҳофизат мекунад ва онҳоро дар муколамаи тамаддунҳо баробар месозад.
Ниҳоят, мафҳуми «оянда» дар Паём шакли фаъол мегирад. Оянда на чизи сохта, балки натиҷаи интихоби имрӯз аст. Ин интихоб дар сатҳи давлат сиёсати дуруст, дар сатҳи ҷомеа масъулияти ҷамъиятӣ ва дар сатҳи шахс интихоби маърифат ба ҷойи хурофот, меҳнат ба ҷойи тақлид ва хирад ба ҷойи эҳсосотро талаб мекунад. Паём ҷомеаро ба интизорӣ даъват намекунад, балки барои иштирок дар сохтани оянда фаро мехонад.
Ҳамин тавр, Паём ҳамчун синтези фалсафии давлатдорӣ як андешаи марказиро пешниҳод мекунад: пойдории давлат, пеш аз ҳама, масъалаи маърифат ва арзишҳост. Нақши Пешвои миллат дар ин раванд нақши раҳбаре мебошад, ки давлатро на танҳо бо қарорҳо, балки бо ҷаҳонбинӣ роҳнамоӣ мекунад. Ҷаҳонбинӣ, ки дар он инсон марказ аст, маърифат меъёр аст, фарҳанг сипар аст, қонун кафили адолат аст ва оянда уфуқи масъулияти муштарак мебошад.
Хулоса
Паёми Пешвои миллат дарси воқеан ватандорӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва шинохти асолати таърихӣ буда, дӯст доштани Ватан, ифтихор аз таърихи пурғановат ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ дар меҳвари он қарор дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ маҳз ҳамин омилҳо арзишҳои миллиро ҳифз намуда, ҷомеаро устувор месозанд, сулҳу ваҳдат ва истиқлолро пойдор нигоҳ медоранд ва давлатро ба пешрафтҳои назаррас ноил мегардонанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон ҳамчун оинае дид, ки дар он давлат на танҳо дастовардҳои худро нишон медиҳад, балки ба худ савол мегузорад: мо кистем, аз куҷо меоем ва ба куҷо меравем. Қудрати воқеии ин санади сиёсӣ дар он аст, ки он пояҳои давлатдориро устувор мегардонад, рушди ҷомеаву миллатро ба маърифат, худшиносӣ ва масъулияти инсонӣ пайванд медиҳад. Паём нишон медиҳад, давлате пойдор мемонад, ки на танҳо иқтисод месозад, балки инсонро тарбия мекунад, на танҳо қонун қабул мекунад, балки ҷомеаи маърифатмандро ба камол мерасонад ва на танҳо имрӯзро идора мекунад, балки уфуқҳои фардоро мушаххас менамояд.
Эҳсон САФАРЗОДА,

номзади илми филология

Добавить комментарий