Нақши Пешвои миллат дар бунёди муассисаҳои нави таълимӣ

ё барномае, ки инфрасохтори соҳаи маорифи Хатлонро ба марҳалаи нав ворид мекунад

Оғоз

Соҳаи маориф дар сиёсати давлатӣ дар меҳвар қарор дошта, баҳри пешрафти ҳамаҷонибаи он корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Дар ин замина, сохтмони муассисаҳои таълимӣ вусъат пайдо кард, ки ин омил имкон фароҳам овард, ки аз як тараф, хонандагон дар беҳтарин шароит таҳсил намоянд, аз ҷониби дигар, ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) таъкид карданд: «Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла, 170 литсейю гимназия, яъне, муассисаҳои таълимии типи нав фаъ­олият менамоянд. Шумораи умумии хонандагони онҳо беш аз 2 миллиону 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст». Ҳамчунин, бо зиёд гардидани аҳолӣ ва таъмирталаб шудани иддае аз муассисаҳои таълимӣ зарурати сохтмони мак­табҳо дар гӯшаву канори мамлакат ба миён омада, корҳои зиёде дар ин ҷода ба анҷом расонида мешавад. Ба ин мазмун, ҳоло раванди бунёди сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар кишвар гус­тариш ёфта, дар доираи барномаҳо дар ин самт тадбирҳои судманд андешида шудааст.

Вусъати сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар кишвар

Хонандагон дар мактабҳои муҷаҳҳаз бо технологияи муосири таълимӣ ҳамчун мутахассисони варзида ба камол расида, дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Аз ин ҷост, ки дурнамои сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи баланд тарҳрезӣ шуда, бо иҷрои он ҳам фарогирӣ ба кӯдакистонҳо зиёд гардида, ҳам мактабҳои ҷавобгӯ ба замони муосир бунёд мешавад. Ба ин маънӣ, бо мақсади дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯ­дакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» омода гардида, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор дорад. Ба таъкиди муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода, мақсади асосии барнома баланд гардидани нишондиҳандаи фарогирии кӯдакони синни 3-6-сола, хусусан, дар деҳот, то соли 2030 ба сатҳи на камтар аз 55 фоиз маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин, ҷиҳати ба нақша гирифтани сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар панҷ соли оянда ба унвони мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дархост ирсол шуда, маълумот ҷамъоварӣ гардид. Дар асоси маълумоти мазкур дар панҷ соли оянда сохтмони 950 муассиса ба нақша гирифта шудааст, ки ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 89, вилояти Хатлон 387, вилояти Суғд 216, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе 258 муассиса рост меояд. Бо бунёди муассисаҳои мазкур имкон ба вуҷуд меояд, ки хонандагон дар шароити созгор ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

— Соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 94 122 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири соли равон қисми зиёди иншооти мазкур мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар ин самт, дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои 31 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 4026 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд, — зикр кард Б. Музаффарзода.

Барномае, ки мушкилотро бартараф мекунад

Шоистаи таъкид аст, ки барои рушди сохтмони муассисаҳои таълимӣ барномаҳои махсуси давлатӣ қабул гардидааст, ки амалӣ шудани он соҳаи маорифи кишварро ба марҳалаи нав ворид мекунад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вобаста ба сохтмону азнавсозии иншооти соҳаи маориф ва норасоии ҷойи нишаст дар вилояти Хатлон, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 қабул гардида, марҳалаи якуми он барои солҳои 2022-2024 иҷро шуд. Дар марҳалаи якум барои солҳои 2022-2024 фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаи маорифи вилоят, аз ҷумла, гирифтани таҳсилоти босифат дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва ба сатҳи маорифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон наздик намудани низоми маориф мебошад.

Б. Музаффарзода қайд намуд, ки тибқи нақшаи амали барнома дар марҳалаи якум барои солҳои 2022-2024 сохтмон ва таъмиру азнавсозии 173 бинои муассисаи таҳсилоти уму­мӣ барои 52 850 ҷойи нишаст бо маблағи 693 миллиону 800 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид. Дар ин давра, ҷиҳати иҷрои барнома дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои 105 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 24 670 ҷойи нишаст бо маблағи 384 миллиону 683 ҳазор сомонӣ сохтмону азнавсозӣ гардид, ки 60,7% иҷрои барномаро ташкил медиҳад. Илова ба ин, сохт­мону азнавсозии 33 бинои муассисаи таълимӣ барои 10 236 ҷойи нишаст (19,1%) идома дорад ва бо ба истифода додани онҳо иҷроиши барнома дар марҳалаи якум 79,8%-ро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ дар 11 (6,3%) муассисаи таълимӣ корҳои лоиҳакашӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, барои оғози корҳои сохтмонӣ тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳалаи дуюм, солҳои 2025-2027» тасдиқ гардид. Дар асоси барномаи мазкур сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд, муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолиашон зиёд шудааст ва муассисаҳои таълимие, ки биноҳои онҳо ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд, ба нақша гирифта шудаанд. Мактабҳои навбунёд бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, бо беҳтарин шароит дар ихтиёри муҳассилин қарор мегиранд. Ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур сарчашмаҳои асосии маблағгузорӣ зикр шудааст, ки ба таъмини иҷрои он мусоидат мекунад. Ба таъкиди Б. Музаффарзода, дар асоси нақшаи маблағгузории қисматҳои лоиҳа дар ҳаҷми 92 миллион сомонӣ (9,6%) аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, ба андозаи 276 млн 350 ҳазор сомонӣ (28,85%) аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон, буҷетҳои маҳаллӣ ва соҳибкорон ва дар ҳаҷми 589 миллиону 515 ҳазор сомонӣ (61,55%) бо ҷалби сармояи хориҷӣ бояд амалӣ карда шаванд. Бо татбиқи босамари барномаи мазкур, дар вилояти Хатлон бинои 165 муассисаи таълимӣ барои 53 303 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 957 миллиону 850 ҳазор сомонӣ сохтмону азнавсозӣ мегардад.

Вазифаҳои аҳли маориф

Мусаллам аст, ки сохтмону азнавсозии биноҳои нави таълимӣ имкон фароҳам меоранд, ки хонандагон дар беҳтарин шароит таҳсил намоянд. Ҳадафи Давлат ва Ҳукумати кишвар низ ба он равона гардидааст, ки наврасону ҷавонон дар муассисаҳои муосири таълимӣ таҳсил намоянд, дорои донишу ҷаҳонбинии пешрафта гарданд ва дар рушди бомароми кишвари азизамон саҳми арзанда гузоранд. Аз ин рӯ, аҳли маорифро мебояд бо ин ҳама ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат масъулияти хешро дар таълиму тарбия бештар намуда, дарсҳоро рангину ҷолиб роҳандозӣ намоянд ва хонандагонро ба омӯзишу мутолиа, аз худ кардани техникаву технологияи муосир, забонҳои хориҷӣ, китобҳои бадеӣ шавқманд гардонанд. Зеро ин омил метавонад онҳоро ҳам аз ҷиҳати дарку маърифати илмҳои замон ва ҳам бо ихтироъкориву навоварӣ водор кунад.

Дар баробари ин, бояд ба муҳассилин гӯшзад намуд, ки ба қадри созандагиҳо дар кишвар бирасанд ва он биноҳои наву замонавии таълимие, ки сохта шудаанд, мисли хонаи хеш нигоҳубин намоянд ва дар зимн, аз воситаҳои техникии на­ви таълимӣ, озмоишгоҳҳои замонавӣ, синфхонаҳои лингафонии барои онҳо фароҳамшуда самаранок истифода намуда, ба омӯзиши илмҳои бунёдӣ бештар машғул шаванд, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд ва ҳамчун мутахассиси варзидаву навовар кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Омӯзгорону устодонро зарур аст, ки дар баробари таълим ба тарбия низ диққати махсус зоҳир намуда, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи фарзанд» ҳамкориро ба роҳ монда, мутахассисонеро ба камол расонанд, ки ҳам дорои одобу ахлоқи ҳамида ва ҳам дониши фарогири замон бошанд.

Анҷом

Бо оғози соли нави таҳсил дар гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иддае аз иншоот бевосита ширкат варзида, дар вазъияти тантанавӣ онҳоро ба истифода медиҳанд ва бо аҳли маориф суҳбат меороянд. Чанде пеш Сарвари давлат танҳо дар шаҳри Душанбе се бинои нави таълимиро бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки далели равшани вусъати сохтмони мактабҳо мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар гӯшаву канори мамлакат аз ҳама зиёд иншооти соҳаи маориф бунёд мешавад, ки ин ба як маъност, то инфрасохтор ва низоми соҳаи маориф мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ нагардад, наметавон дар дигар соҳаҳо ба комёбиҳои чашмгир ноил шуд. Аз ин рӯ, ба масъалаи мазкур бояд аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ намоянд, дар бунёди муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити созгор барои таҳсилу омӯзиш талош кунанд. Дар зимн, иҷрои «Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027, дар марҳалаи дуюм, солҳои 2025-2027» қадами устувор дар рушди маорифи як гӯшаи Ватани азизамон мебошад. Аз ин рӯ, бояд ҳамвора талош намуд, ки тамоми бандҳои он иҷро гардад ва муассисаҳои нави таълимӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор гиранд.

Насриддин ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий