Мушкилоти таълим осон мегардад

Возможно, это изображение 1 человек

Мусоҳиба бо директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Комрон Муҳаммадраҷабзода

 

Технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия яке аз унсурҳои пешбарандаи ҷомеаи муосир ба шумор рафта, имрӯз дар самтҳои ҳаёт мавриди истифода қарор мегирад. Дар ҷумҳурӣ «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул шуда, иҷрои он омили баланд гардидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мегардад. Дар ин хусус суҳбате доштем бо директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Комрон Муҳаммадраҷабзода, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

– Дар оғоз мехостем, ки дар хусуси вазъи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ чанд сухан мегуфтед.

– Дар асоси таҳлили «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» ва «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» вазъи кунунии кабинетҳои технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дар ҳолати рушд қарор дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника, ворид намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) ба низоми маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар доираи амалигардонии барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ шумораи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ба 3931 адад расидааст.

– Ба андешаи шумо, то кадом андоза истифода аз интернет дар раванди таълим ба сифати таълим таъсири мусбат мерасонад?

– Шабакаи интернет муҳити фарогири таълимӣ мебошад, ки даҳҳо миллион манбаъҳои муосири илмӣ, фаннӣ ва методиро дар бар мегирад. Истифодаи интернет имкон медиҳад, ки омӯзгорону хонандагон ба китобҳои дарсии электронӣ, мақолаҳо, курсҳои онлайнӣ ва видеодарсҳои босифат дастрасӣ пайдо кунанд. Ин имконот таълимро аз қолабҳои анъанавӣ берун мебарад ва онро ба раванди пайвастаи худомӯзию пажуҳиш табдил медиҳад.

Бо дарназардошти таҳлили «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», истифодаи интернет дар шароити имрӯзаи кишвар аҳам­мияти ҳаётан муҳим пайдо намудааст. Дар барнома қайд мешавад, ки феълан танҳо 16 фоизи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошанд, ки ин нишондиҳанда барои татбиқи пурраи таҳсилоти рақамӣ кифоя нест.

Ҳамзамон, масъалаи таъмини шабакаи ягонаи таълимии миллӣ ва бунёди портали ягонаро аз вазифаҳои асосӣ меҳисобем. Чунин тадбирҳо имконият фароҳам меоранд, ки омӯзгорон ва хонандагон ба захира­ҳои рақамии таълимӣ дастрасии баробар пайдо кунанд.

– Иҷрои Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар кадом сатҳ қарор дорад?

– «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» дар марҳалаи ибтидоии амалишавӣ қарор дорад. Соли 2024 вазорат нақшаи амалии барномаро барои солҳои 2024-2026 тасдиқ намуд. Ҳамзамон, қарорҳои дахлдори раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ин бора қабул шудааст. Ин раванд нишон медиҳад, ки барнома аз лиҳози ташкиливу ҳуқуқӣ ба таври ҳамоҳанг фаъол гаштааст ва тибқи нақша ҷараён дорад.

Беш аз 96 ҳазор компютер ва 6539 тахтаи электронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор доранд. Танҳо дар нуҳ моҳи соли 2024 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 6059 компютер ва 432 тахтаи электронӣ харидорӣ гардидаанд. Дар 209 мактаб шабакаҳои дохилӣ ва дар 444 муассиса китобхонаҳои электронӣ таъсис ёфтаанд. Марҳалаи пайвас­ти интернет дар муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Дар баробари ин, барои баланд бардоштани саводи рақамии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф низ як қатор чорабиниҳо роҳандозӣ гардиданд. Семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар гузаронида шуда, омӯзгорон тарзи дурусти истифодаи интернет ва барномаҳои рақамиро азхуд кардаанд. Дар доираи барнома, инчунин, таҳияи стандартҳои салоҳиятҳои рақамии омӯзгорон анҷом ёфта, дар асоси онҳо се сатҳи тахассус барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян карда шудааст.

Барнома дар бахши таҳияи маводи таълимии рақамӣ корҳои муҳимро анҷом додааст. Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия китобхонаи электрониро дар сомонаи www.marifat.tj фаъол намудааст, ки дар он зиёда аз 3000 маводи таълимӣ, аз ҷумла, китобҳои дарсӣ, видео ва мултимедиа ҷой дода шудаанд. Илова бар ин, платформаҳои нави рақамии таълимӣ, аз ҷумла, «Сандуқчаи зулбиё» ва «eTalim» таҳия шудаанд, ки имкони омӯзиши босифатро фароҳам меоранд. Дар самти ҷорӣ намудани таҷрибаи байналмилалӣ низ корҳои таҳлилӣ ва мутобиқсозии лабораторияҳои виртуалӣ, ба мисли PhET ва Olabs оғоз ёфтааст. Чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани сифати таълим ва таъмини муҳити интерактивии омӯзиш равона гардидаанд.

– Маълум аст, на ҳамаи муассисаҳои таълимӣ бо технологияи муосир ва интернет таъминанд. Аз ин рӯ, раванди иҷрои барномаи мазкур чӣ гуна амалӣ мегардад?

– Дар шароити кунунӣ, ки на ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар пурра ба шабакаи интернет пайвастанд ва на ҳамаашон бо таҷҳизоти муосири технологияи иттилоотӣ таъминанд, ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК) бо дарназардошти воқеиятҳои мавҷуда ва имкониятҳои воқеии инфрасохторӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ҳамин асно пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет давра ба давра амалӣ гашта, дар доираи дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда мешаванд.

Дар баробари ин, муассисаҳои таълимие, ки ҳоло пурра бо интернет пайваст нестанд, тавассути истифодаи китобхонаҳои электронӣ бо дастрасии дискҳо, маводи чопшуда ва курсҳои омӯзишии ҳузурӣ метавонанд ба мазмуни барнома мутобиқ гарданд. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо истифода аз имконот курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳои махсус мунтазам баргузор мегарданд, ки мақсади асосии онҳо баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим мебошад.

– Оё ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ воситаҳои техникиро самаранок истифода мекунанд?

– Ба таври умум, метавон гуфт, ки бо мақсади омӯзонидани асосҳои корбарӣ бо технологияҳои иттилоотӣ миёни омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ҳамасола корҳои зиёде ба сомон расонида мешавад.

Бо дарназардошти ин, ба масъалаи баланд бардоштани маҳорату малакаи техникии омӯзгорон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ҳамзамон, дар доираи барнома таъсиси низоми доимии омӯзиш, дастгирии методӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорони эҷодкор пешбинӣ шудааст.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора талош менамояд, ки шароити мусоид барои такмили дониши рақамии тамоми омӯзгорон фароҳам оварда шавад.

Мусоҳиб Хуршеда АЗИЗОВА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий