Нигоҳе ба зиндагиномаи Закариёи Розӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 масъалаи таҷлили 1150-солагии Абубакри Розиро таҳрезӣ намуда, дар ин замина ибтикороти ҷиддие рӯйи даст гирифта буд. Бар асоси ибтикороти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои марбутаи давлатӣ, аз ҷумла, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соири мақомоти дахлдор нақша-чорабиниҳоро дар заминаи таҷлили 1150-солагии Абубакри Розӣ таҳия намуданд. Дар ин асос, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ маҳофили илмӣ баргузор гардид. Ҳамчунин, бар мабнои қарори Сессияи 38-уми конференсияи генералии ЮНЕСКО аз 2 ноябри соли 2015 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷашни 1150-солагии Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар чаҳорчӯбаи рӯзҳои тақвимии ЮНЕСКО дар солҳои 2016-2017 18 октябри соли 2016 дар толори Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ» баргузор шуд. Дар ин миён, файласуфи номвар, академик Мусо Диноршоев бо забони русӣ монографияи «Плюралистическая философия Абу Бакра ар-Рази» (2013) ба табъ расонда, дар он роҷеъ ба шахсият, андеша, оро ва афкори ин файласуфи бузурги асримиёнагии форсу тоҷик иттилооти муфид ироа доштааст. Ҳамчунин, дар фазои илмии ватанӣ дар робита бо афкору орои Закариёи Розӣ таҳқиқоти арзишманде анҷом гирифта, мақолоту матолиби омӯзанда нашр гардидаанд.

Дар Эрон ҷиддитарин таҳқиқот дар заминаи зиндагинома ва меросу андешаи Абубакри Розӣ ҳамоно таълифи устоди Донишгоҳи Теҳрон, доктор Меҳдии Муҳаққиқ бо номи «Файласуфи Рай» аст, инчунин, мақолаи хуби Ҳушанг Муинзода таҳти унвони «Розӣ – ситораи дурахшони осмони фарҳангу тамаддуни башарӣ» дар шинохти шахсияти файласуф ва дидгоҳи ӯ ба унвони мадраки ҷолибу муассири илмӣ ба ҳаводорону ихлосмандони фалсафаи миллию ҷаҳонӣ кумак мекунад. Бар илова, мақолаи муфассали ду тан аз донишмандони Эронӣ – Сурайё Мансурӣ ва Аббосалӣ Мансурӣ таҳти унвони «Муҳаммад бинни Закариё Розӣ файласуфи дигарандеш ё табиби файласуфнамо» дар таҳқиқи масъала ба мо мусоидат намуд.

Абубакр Закариёи Розӣ (865-925) ба сифати симои номдору бузургтарини илму фалсафаи миллию ҷаҳонӣ дар кишвари мо ҳанӯз ба муаррифии ҷиддии илмию амалӣ ва фарҳангӣ ниёз дорад. То имрӯз, аксаран дар бораи иқдомоти Закариёи Розӣ дар улуми кимиё, тиб, пизишкӣ, гиёҳдармонӣ, риёзӣ, заминшиносӣ ва амсоли инҳо огоҳӣ дорем. Ҳол он ки Закариёи Розӣ ба ҷуз иқдомоти ҷиддие дар заминаи улуми табиатшиносию риёзӣ, дар фалсафа ва андешаи фалсафӣ низ талошҳои қобили таҳсин анҷом додааст. Мероси Абубакр Закариёи Розӣ, махсусан, дар бозкушоии мушкилоти фикрӣ, боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоию маърифатӣ, тақ­вияти руҳи интиқодгарӣ, таҳ­кими ҷараёни озодандешӣ, шеваи арзёбиҳои фалсафӣ, нақду бознигарии мантиқӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ дар ҷомеа аз ҳар ҷиҳат мусоиданд.

Барои рӯшан шудани матлаб дар қадами аввал, аз зиндагиномаи Абубакр Закариёи Розӣ ба таври мухтасар ёд мекунем. Ба қавли муҳаққиқон, номи ӯ Муҳаммад, номи падараш Закариё, номи бобояш Яҳё, кунияаш (куния – лақаби эҳтиромии одамон ба расми арабҳо, ки дар қолиби «аб», «абу», «абӣ», «ибн», «ум» ва ё «бинт», мисли Абу Алӣ, Умми Гулсум, Ибни Сино ва амсоли инҳо) зуҳур мекунад. Абубакр ва нисбаташ ба зодгоҳи худ Рай «Розӣ» аст. Ба Розӣ, бо таваҷҷуҳ ба бузургии шахсиятӣ, нубуғи касбӣ ва тавоноиҳои эҷодӣ унвонҳое назири «Ҷолинуси араб», «Файласуфи араб», «Табиби мористонӣ (мористон-бемористон, касалхона – Н. Н.), «Табиби мусулмонон», «аллома дар улуми авоил» додаанд. Ононе, ки осори Розиро ба забони лотинӣ тарҷума кардаанд, бештар ӯро ба шакли «Rhazes», баъзе маворид дар қолаби содаи «Razi» ва «Abubater» ишора намудаанд.

Розӣ дар моҳи шаъбони соли 251 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 865 мелодӣ дар Рай ба дунё омадааст. Рай, ки имрӯз аз он қариб, ки ному нишоне намондааст, дар он рӯзгор аз ҷумлаи шаҳрҳои номдори минтақа ба шумор рафта, бузургони зиёдеро ба таърих ҳадия намудааст. Аз замони наврасию ҷавонии Розӣ дар ин шаҳр иттилооти зиёде ҷуз таъкидоти андаки мутарҷимони осори ӯ чизе дар даст нест. Мегӯянд, ки дар ибтидо заргарӣ мекардааст, баъдан ба умури саррофӣ (заршиносӣ) пардохта, дар заминаи илми кимиё таҷриботе андӯхтааст. Аммо дар натиҷаи таҷриботу таҳқиқоти кимиёӣ ва кимиёгарӣ чашмаш осеб бармедорад ва ба куҳҳол (чашмпизишк) муроҷиат карда, 500 динор харҷи табиб дода, аз ин боис ба илми тиб рӯ меоварад. Донишмандони дигар таваллуди Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розиро дақиқтар дар 28 августи соли 865 дар шаҳри Райи Эрон гузориш дода, вафоташро 26 октябри соли 925 дар шаҳри Рай дақиқ кардаанд.

Тибқи тазаккуроти муҳаққиқон, аз ҷумла, Меҳдии Муҳаққиқ, Розӣ дар чиҳил­солагӣ ба омӯзиши китобҳои пизишкӣ ва фалсафӣ пардохта, қисмати зиёди умр ва зиндагиашро ба мутолиаву мурури кутуб ва навиштан сарф кардааст. Яъне, дуруст он замоне ки ба лиҳози синнию фикрӣ ба як мақому ҷойгоҳе расидааст, ба омӯзиши улуми тиббию фалсафӣ таваҷҷуҳ намудааст. Ин маънои онро дорад, ки Закариёи Розӣ дар ибтидо хуб мулоҳиза фармуда, сониян, ба дарку фаҳми масоил расида, дар ҷустуҷӯйи ҳақоиқи табиату ҳастию инсон шуда, ковишҳояшро бар мабнои ҷаҳоншиносии фалсафӣ ва таҷриботи тиббӣ-пизишкӣ таҳаққуқ бахшидааст. Муҳимтар аз ҳама, Розӣ аз нодиртарин мутафаккиронест, ки аз улуми таҷрибӣ ба фалсафӣ гузашта, назариёти фалсафии хешро аз тариқи улуми кимиё, пизишкӣ, тиббӣ ва табиатшиносӣ собит кардааст. Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи фарогирии донишу иттилоот ва табаҳҳури ӯ дар улуми замонӣ ӯро бузургтарин файласуф ва донишманди асримиёнагии башарӣ донистаанд.

Бад-ин тартиб, Розӣ ба Бағдод, ки он замон маркази тамаддуну фарҳанги исломӣ маҳсуб мешуд, меравад ва дар бемористонҳои шаҳр ба табобати беморон ва муолиҷаю муоинаи онҳо пардохта, донишу таҷриботашро дар заминаи улуми пизишкӣ тақвият медиҳад. Дар илми пизишкӣ ва маҳорати табобатӣ ончунон муваффақ мегардад, ки ба мақоми раҳбарии бемористонҳои Бағдод пазируфта мешавад. Ӯро амирону ҳокимони дарбор ба ҳамкорӣ даъват карда, бобати муолиҷа зиёд муроҷиат намудаанд. Мутарҷимону муҳаққиқон бар онанд, ки Розӣ охируламр ба зодгоҳаш Рай бармегардад ва бар асари бемории чашм он ҷо вафот мекунад. Тибқи ахбори сарчашмаҳо ва манобеи зарурӣ, дар охири кор шогирдаш барои муолиҷаи ӯ ба Рай меояд, вале Розӣ ба ӯ таъкид мекунад, ки умраш ба поён расида, раво нест, ки ба муолиҷа бипардозад. Ҳамин тариқ, шаъбони соли 313 ҳиҷрӣ (925 мелодӣ) Розӣ дар 60-солагӣ аз дунё чашм мепӯшад.

Н. НУРЗОДА

Добавить комментарий