Луғатомӯзӣ – як роҳи асосии забономӯзӣ

Яке аз унсурҳои муҳимми омӯзиши забони англисӣ азёд кардани луғат аст. Луғат на танҳо воситаи асосии фаҳмидани матн ва суханронии шифоҳӣ, балки заминаи асосии инкишофи нутқи хонандагонро низ фароҳам месозад. Луғат заминаи асосии забондонӣ мебошад ва бе он омӯхтани дигар унсурҳои забон душвор мегардад. Аз ин рӯ, кор бо луғат яке аз самтҳои муҳимтарини дарси забони англисӣ ба ҳисоб меравад.

Захираи бойи луғавӣ ба хонанда имкон медиҳад, ки матнҳоро фаҳмад ва фикри худро баён намояд. Аксари хонандагон ҳангоми хондан ё шунидан маҳз бо сабаби надоштани захираи кофии луғавӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Бинобар ин, омӯзгор бояд дар ҳар дарс вақт ҷудо намуда, бо истифода аз усулҳои гуногун омӯзиши луғатро ба як ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълим табдил диҳад. Масалан:

Омӯзиши луғат дар контекст: Ба ҷойи омӯзиши ҷудогонаи калимаҳо истифодаи онҳо дар ҷумла ва матнҳо бештар самранок аст. Ба хонанда кумак мекунад, ки маъно ва истифодаи дурусти калимаро беҳтар дарк намояд.

Истифодаи бозиҳои луғавӣ: Бозӣ бо калимаҳо, мисли «Memory game», «Bingo» ва «Hangman» барои ҷалби диққат ва шавқи хонандагон мусоидат мекунад.

Истифодаи луғатнома: Омӯзиши маъно, талаффуз, шаклҳои грамматикӣ ва тарзи истифодаи калима бо кумаки луғатномаҳо малакаи худомӯзии хонандаро инкишоф медиҳад.

Доштани дафтари ало­ҳида барои луғат: Ташкили дафтари инфиродӣ, ки дар он хонанда калимаҳои навро бо тарҷума, талаффуз ва мисол сабт мекунад, имкон медиҳад, ки луғатҳо дар хотир нигоҳ дошта шаванд.

Гурӯҳбандии калимаҳо: Масалан, гурӯҳбандии калимаҳо аз рӯйи мавзуъҳо: «Food», «Family», «School» ва ғайра.

Ҳамарӯза аз ёд кардани 10 калимаи нав (Оғоз аз вожаҳои асосии рӯзмарра масалан, development, opportunity).

Тамошои филмҳои англисӣ бо субтитрҳои тоҷикӣ.

Кор бо луғат яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани савияи забондонии хонандагон мебошад. Агар ин раванд ба таври мунтазам ва эҷодкорона амалӣ карда шавад, на танҳо захираи луғавии хонандагон бой мегардад, балки сатҳи умумии дониши забонии онҳо афзоиш меёбад. Дар раванди омӯзиши забони англисӣ кор бо луғат на танҳо ба такмили захираи вожаҳо, балки ба дарки контексту ис­тифодаи онҳо дар муҳити воқеӣ мусоидат мекунад.

Хулоса, қобилияти забондонии хонанда бевосита ба захираи луғавиаш вобаста мебошад. Агар омӯзгорон кор бо луғатро дар маркази диққат қарор диҳанд ва онро ба таври мунтазаму эҷодкорона амалӣ намоянд, сатҳи дониш ва малакаи забондонии хонандагон боло меравад. Луғат на танҳо воситаи омӯзиш, балки калиди фаҳмиш ва муоширати босамар аст.

Мавзуна ТУРДИАЛИЕВА,

омӯзгори забони англисии гимназияи №6-и ноҳияи Ашт

Добавить комментарий