Истифодаи самарабахши китобҳои дарсии электронӣ

Дар асри XXI истифодаи техникаву технологияҳои рақамӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти инсон, аз ҷумла, маориф муҳим арзёбӣ мегардад. Истифодаи технологияҳои муосир имкон медиҳад, ки раванди таълим на танҳо осон ва муассир ба роҳ монда шавад, балки ба талаботи ҷомеаи имрӯза ҷавобгӯ бошад. Рушди илму техника барои хонандагон имконоти нав фароҳам овард, то дастрасии баробар ба маълумот дошта бошанд. Интернет ва технологияву платформаҳои таълимии электронӣ (мисли Moodle, Googlе Classroom, Coursera, Khan Academy, YouTube ва ғайра) ба рушди маърифат ва илму донишу ҷаҳонбинии насли наврас ва ҷавон мусоидат мекунад. Ҳамчунин, бо ёрии тахтаҳои электронӣ, дастгоҳу воситаҳои гуногуни аккосиву наворбардорӣ, омӯзгорон метавонанд мавзуъҳои таълимиро фаҳмо ва ҷолиб ба хонандагон фаҳмонанд.

Ҳамин тавр, дар рафти машғулиятҳои таълимӣ хонандагон ба ғайр аз дониши назарӣ, инчунин, маълумотҳои амалӣ низ ба даст меоранд, ки ин имкон медиҳад, сатҳу сифати таълим дар мактабҳо беҳтар гардад. Дар заминаи ин ҳама таҳаввулот, имрӯз дар давлатҳои мутараққӣ дар рафти машғулиятҳо ба воситаи дастгоҳҳои технологӣ: планшету ноутбук ва компютер аз китобҳои электронӣ хонандагон васеъ истифода мебаранд. Бояд зикр намуд, ки ҳангоми ба роҳ мондани машғулиятҳои таълимӣ китоби дарсӣ нақши асосӣ ва муҳимму ҳалкунанда мебозад. Маҳз тавассути китоби дарсӣ, ки таълими мавзуъҳо дар он дар асоси барномаи таълимӣ пешниҳод мешавад, омӯзгорон хонандагонро сабақ медиҳанд, донишу маълумот ва ҷаҳонбиниашонро тақвият мебахшанд. Бо рушди технология ва рақамикунонии соҳаи маориф, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баҳсҳо перомуни интихоби шакли китоб – электронӣ ё чопӣ афзоиш ёфтанд. Ҳарду навъи китоб дорои афзалият ва маҳдудият мебошанд. Аммо кадоме аз онҳо барои хонандагони мактаб беҳтар аст?

Гарчанде китобҳои чопӣ то ҳол василаи асосии таълим дар бисёр давлатҳо боқӣ мондаанд, кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, мамлакатҳои Аврупо дар баробари он истифодаи китобҳои электрониро низ ба таври фаъол дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардаанд. Дар кишварҳое, ба мис­ли Англия, Нидерландия,­ Шветсия, Фаронса, Дания, Олмон ва Швейтсария муассисаҳои таълимӣ дар самти рақамикунонии соҳаи маориф пешсаф мебошанд, лекин дар ин мамолик низ дар масъалаи истифодаи китобҳои чопиву электронӣ ақидаҳо мухталифанд. Масалан, дар Англия, ки аз рӯйи сифати таҳсилоти миёна ва умумӣ байни давлатҳои Аврупо бо 78,2 нишондод дар ҷойи аввал меистад, дар муассисаҳои таълимӣ бештар аз китобҳои чопӣ истифода мекунанд. Таҳқиқот ҳангоми пандемияи COVID-19 маълум сохт, ки дар ин кишвар танҳо 5-10 дарсадӣ хонандагон дар мактабҳои давлатӣ ва то 54 дарсад дар мактабҳои хусусӣ дастрасии комил ба интернет ва дастгоҳҳои рақамиро доштанд. Ин нобаробарии рақамӣ истифодаи барномаҳои таълимии онлайнӣ ва китобҳои дарсии электрониро маҳдуд месозад. Мувофиқи гузориши OECD Digital Education Outlook 2023 дар мактабҳои давлатӣ (ибтидоӣ ва дуюмдараҷа)-и Англия 63% омӯзгорон аз китобҳои чопӣ истифода карда, тан­ҳо 30% хоҳиши истифодаи китобҳои элек­тронӣ (digital versions of textbooks)-ро доранд.

Дар Нидерландия сифати таҳсилот тибқи нишондод 70,3 буда, аз ҷониби ҳукумат барои пешбурди соҳаи маориф миллиардҳо евро маблағ мас­раф мегардад. Аз ҷумла, танҳо барои харидории дастгоҳҳои рақамӣ зиёда аз 24 млн евро ва барои озмоишгоҳи AI 80 млн евро маблағ харҷ шудааст. Дар Нидерландия суръати интернет баланд буда, 95% дастгоҳҳои технологӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба он пайвастанд. Таҳқиқотҳо нишон медиҳанд, ки бештари омӯзгорон дар рафти дарс ба китобҳои дарсии чопӣ такя мекунанд. Китобҳои электронӣ ҳамчун маводи иловагӣ истифода мешаванд.

Дар Шветсия, ки яке аз кишварҳои пешқадами Аврупо дар ҷодаи таълим маҳсуб меёбад, ҳолати истифодаи китоб­ҳои электронӣ андаке дигаргунтар аст. Аз соли 2009 Шветсия пурра ба таълими электронӣ гузашт. Аммо имрӯз кишвар қарор қабул кард, ки истифодаи китобҳои чопӣ аз нав барқарор карда шавад. Сабаб ин аст, ки дар соли 2023 60 миллион ва дар соли таҳсили 2024-2025 45 миллион евро дар ин самт маблағ ҷудо гардид. Омӯзгорон дар Шветсия бештар маводи чопии анъанавиро авлотар медонанд, чун он диққати хонандаро бештар ҷалб намуда, дарки матнро барояш осон менамояд.

Дар соли 2021 дар Фаронса 19 миллион китоби электронӣ харидорӣ намудаанд, ки даромад аз он 123 млн евроро ташкил кардааст. Дар умум, фоизи аҳолие, ки дар ин давра китобҳои электронӣ мутолиа кардаанд, 26-33%-ро ташкил медиҳад. Дар мактабҳои ибтидоӣ, литсейҳо ва коллеҷҳо истифодаи он вобаста ба сатҳи таҳсил хеле фарқ мекунад. Аз соли 2000 то соли 2020 тақрибан 3000 китоби рақамӣ барои мактабҳо таҳия шудааст. Соли 2019 маблағи даромади фурӯши ин китобҳо ба 24 млн евро расид, ки тақрибан 8% ҳаҷми умумии бозори китобҳои мактабиро ташкил дод. Дар мактабҳои ибтидоии Фаронса истифодаи китобҳои электронӣ назар ба коллеҷу донишгоҳҳои олӣ хеле паст мебошад, яъне, ҳамагӣ 2%. Бо вуҷуди 100% фарогирии коллеҷҳо бо китобҳои электронӣ, аз он ҳамагӣ 15% донишомӯзон истифода мекунанду халос.

Дар муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи ИМА истифодаи китобҳои электронӣ бо суръат рушд дорад. Дар соли таҳсили 2023-2024 тақрибан 83% омӯзгорон дар дарсҳо аз китобҳои электронӣ ва 60% ҳам аз китоби чопӣ ва ҳам рақамӣ истифода кардаанд. Нисбат ба соли 2021, ки 32%-ро ташкил мекард, дар соли 2023-2024 ҷойгоҳи китобҳои чопӣ 19%-ро фаро гирифт. Дар муассисаҳои таълимии иёлоти Техас, Ню Йорк, Калифорния нисбат ба дигар музофотҳо бештар аз китобҳои электронӣ истифода мебаранд. Бо вуҷуди истифодаи хуби васоиту дастгоҳҳои технологӣ, омӯзгорон мегӯянд, ки хонандагон китобҳои чопиро бештар мутолиа мекунанд ва зарари экранро пайгирӣ менамоянд. Ҳудуди 59% омӯзгорон бовар доранд, ки хонандагон дарсро тариқи китоби чопӣ хуб меомӯзанд, 55%-и онҳо бошанд, мегӯянд, ки худи хонандагон китобҳои электрониро барои омӯзиш интихоб мекунанд.

Чин стратегияи миллии Education Informatization 2.0-ро амалӣ мекунад, ки ҳадафаш рақамигардонии пурраи муҳтавои таълим, аз ҷумла, китобҳои дарсӣ ва дигар манбаъҳо мебошад. Соли 2020 мактабҳои ибтидоӣ ва миёнаи Чин ба таври комил ба интернет пайваст шуданд, ки имрӯз аксари донишомӯзон дар шаҳрҳо синфхонаҳои мултимедиа ва дастрасӣ ба шабакаҳои баландсуръатро доранд. То декабри соли 2021 аз ҷониби Вазорати маориф ва нашриётҳои ин кишвар зиёда аз 900 номгӯй китобҳои электронӣ таҳия ва пешниҳод шудаанд. Дар беш аз 99% мактабҳо инфрасохтори зарурӣ (проектор, планшет ва компютер) барои истифодаи китобҳои электронӣ ва ресурсҳои рақамӣ мавҷуд аст. Назарсанҷӣ нишон дод, ки 69% хонандагон хоҳиши бештар истифода бурдани дастгоҳҳои рақамиро дар синфхонаҳо доранд. Аммо дар баробари чунин пешрафт, дар марказҳо, дар минтақаҳои камтараққӣ ҳанӯз мушкилот боқӣ мемонад. 39% бо мушкилоти техникӣ ва интернети суст рӯ ба рӯ мешаванд, бахусус, дар манотиқи аз марказ дур.

Аз соли ҷорӣ дар муассисаҳои таълимии Кореяи Ҷанубӣ ҷорӣ намудани китобҳои дарсии электронӣ ва дастурҳои рақамӣ оғоз меёбад. Гузариши мукаммал то соли 2028 ба назар гиифта шудааст. Гузариш аз фанҳои математика, информатика ва забони англисӣ оғоз гардида, тадриҷан дигар дарсҳоро низ фаро мегирад.

Дар Ҷопон истифодаи китобҳои электронӣ (digital text­books) дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна ҳанӯз дар марҳалаи тадриҷӣ ва озмоишист. Бо вуҷуди он, ҳукумати кишвар ҳадаф дорад, то соли хониши 2030 истифодаи китобҳои электронӣ барои тамоми фанҳо маъмул гардад. Бояд қайд кард, ки китобҳои электронӣ аз соли 2019 ҳамчун маводи алтернативӣ барои истифода ба мактабҳо пешниҳод шудаанд.

Дар доираи барномаи «GIGA School Concept», то соли 2021 фоизи мактабҳои бо планшет ва ноутбукҳо дастрасидошта, аз 63% ба 96% ва ба интернет таъмин аз 87% ба 98% афзоиш ёфт. Бо вуҷуди ин, танҳо 30-40%-и мактабҳо метавонанд аз интернет бидуни душворӣ истифода кунанд, чун мушкилоти пайвастшавӣ ҳанӯз вуҷуд дорад.

Як қатор давлатҳои ИДМ низ дар ҷараёни рақамикунонии таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қарор доранд. Дар мактабҳои Федератсияи Россия ин раванд аз соли 2015 ба таври расмӣ оғоз ёфт. Аз ҳамон сол то соли 2024 дар Феҳрасти федералӣ 415 китоб ба формати электронӣ баргардон шудааст. Яке аз ҳадафҳои лоиҳаи «Муҳити электронии таълим» низ аз ҳамин иборат буд, ки то соли 2018 тамоми мактабҳои Москваро бо китобҳои электронӣ таъмин намояд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, беш аз 1 млн толибилми муассисаҳои таълимии кишвар дар соли 2018 аз китобҳои электронӣ истифода мекарданд. 80% омӯзгорон бовар доштанд, ки истифодаи ин адабиёт ҳеҷ манфиате ба бор нахоҳад овард. 33% волидони хонандагон аз китобҳои электронӣ ҷонибдорӣ менамуданд.

Солҳои охир масъалаи ҷорӣ намудани китобҳои электронии дарсӣ дар Россия ба таври ҷиддӣ муҳокима меёбад. Баъзе аз мутахассисон бар он ақидаанд, ки китобҳои дарсии чопӣ вазнинанду бардоштани он барои кӯдак душвор. Дастгоҳҳои рақамӣ раванди таълимро муосир ва интерактивӣ мекунанд. Аммо маълум шуд, ки давлат дар интихоб бештар ба ҷиҳати бехатарии ин раванд аҳаммияти хосса додааст. Муддати мадид дар паси экран нишас­тан ба кӯдак зиён дорад. Дастгоҳи рақамӣ ба нигоҳ доштани тамаркуз дар дарс халал расонида, парешониро зиёд мекунад. Китоби дарсӣ аз ҷиҳати стандарт ва мундариҷа бояд ба талаботи стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯй бошад, аз ин рӯ, Вазорати маорифи ин кишвар тасмим гирифтааст, ҳудуди технологияҳои рақамиро дар раванди таълим ба таври қатъӣ муайян кунад ва танҳо китобҳои чопиро чун воситаи асосии таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нигоҳ дорад. Аз соли нави хониш дарс дар ин муассисаҳо тавассути китобҳои дарсии маъмулии чопӣ сурат мегирад. Гаҷетҳо ва дигар дастгоҳҳои рақамӣ танҳо ҳамчун як воситаи таълимии ёрирасон дар рафти дарс истифода карда мешаванд, ки хонандагон метавонанд тавассути он маълумотҳои иловагӣ ё наворҳои гуногунро оид ба мавзуи зарурӣ дарёфт кунанд.

Мувофиқи иттилои Хадамоти матбуоти Вазорати маорифи Қазоқистон, соли 2024 китобҳои дарсӣ барои ҳамаи синфҳо пурра, яъне, 100% рақамӣ карда шуданд. Ин китобҳо аз ташхиси давлатӣ гузашта, ба сифати маводи таълимӣ тасдиқ гардиданд. Дар кишвар китобҳои дарсии рақамӣ дар 11 платформаи 13 нашриёт таҳия шуданд. Аз ҷумла, платформаҳои BilimLand, Kundelik, EDUS бо соҳаи маориф ҳам­кории зич доранд, то истифодаи китоб­ҳои электронӣ ва заминаҳои онро васеъ созанд.

Дар қатори давлатҳои болозикр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар соҳаи маориф таҳаввулот ва пешравии ҷиддӣ ба назар мерасад. Дар баробари бунёди мактабҳои нав, таҷдиди инфрасохтори таълим, гузаштан ба низоми ҷадид, ҳамчунин, муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосири таълим, рақамикунонии соҳа бо маром идома дорад. Шуруъ аз соли 2019 бо иқдоми Вазорати маориф ва илм ҳамаи китобҳои дарсии синфҳои аз 1 то 11 барои муассисаҳои таълимӣ дар шакли электронӣ (PDF) таҳия ва дар сомонаи вазорат барои дастрасӣ ва истифодаи омӯзгорону хонандагон ҷой дода шуданд.

Айни замон дар сомонаи Вазорати маориф ва илм (maorif.tj) замимаҳои платформаҳои «Китобхонаи электронӣ», «Мактаб мобайл» ва «Китобдӯст» барои хонандагон, омӯзгорон ва волидон фаъол аст. Дар бахши «Адабиёти мактабӣ»-и замимаи «Китобхонаи электронӣ» тақрибан 135 номгӯй китоби дарсӣ ва дар бахши «Дарс ва сенарияҳои видеоӣ» 1761 намунаи дарс аз фанҳои гуногун мавҷуд аст.

Хулоса, истифодаи китобҳои электронӣ имкони васеи омӯзиш, аз қабили дастрасии бевосита ба маълумот, бо воситаи заминаҳои аудиоию видеоӣ ба таври содаву фаҳмо тавзеҳ бахшидани мавзуи дарсӣ ва нархи дастрасро фароҳам меоварад. Дар замоне ки илму технологияи навин бо суръати кайҳонӣ дар ҳоли рушд аст, умед аст, ки истифодаи китобҳои электронӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ба таври комил роҳандозӣ мегардад.

Таҳияи

Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,

«Омӯзгор»

 

Добавить комментарий