Вазъи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ чӣ гуна аст?

Дар соҳаи маориф «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» амал мекунад. Барномаи мазкур барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани омӯзиши технологияи замонавӣ ва боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд.
Бо мақсади шинос шудан аз рафти иҷрои барномаи мазкур ва вазъи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, ҳолати пайвастшавӣ ба шабакаи интернет ва истифодабарӣ аз он дар раванди таълим аз якчанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дидан намудем.

МТМУ №87-и ноҳияи Сино

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №87 ба номи Шодӣ Ҳаниф дар ноҳияи Сино бо фарогирии 2808 хонанда фаъолият мекунад. Дар он хонандагон аз 3 синфхонаи фаннии информатика, синфхонаи лингофонӣ, лабораторияи физика ва биология истифода мекунанд. Директори муассиса Сабоҳат Муродзода зимни суҳбат иброз дошт, ки дар муассиса 126 компютер, 16 тахтаи электронӣ ва 12 принтер мавҷуд аст, ки аз ин шумора 9 компютер дар ҳолати корношоям қарор дорад.

Дар дарси технологияи иттилоотии хонандагони синфи 10 «а» иштирок намудем. Дар синфхона равшанӣ зиёд буда, барои кор бо компютер чандон мувофиқ набуд. Шумораи хонандагони синфи 10 «а» 30 нафарро ташкил дода, дар дарс 18 нафар ҳозир буд. 12 нафари онҳо бо сабабҳои номаълум иштирок надоштанд. Муаллима Меҳронаи Тоҷиддин дарсро аз саволу ҷавоби мавзуъҳои гузашта оғоз намуд. Ба дарс танҳо 3 нафар-Сафармо Носирзода, Фархунда Валиева ва Абдураҳмон Расулов омода буда, вазифаи хонагиро иҷро кардаанд. Омӯзгор баъди пурсидани вазифаи хонагӣ мавзуи дарси нав «Идентификатор, тағйирёбанда ва доимӣ дар С++»-ро ба хонандагон фаҳмонид. Дар ҷараёни дарс хонандагон умуман аз компютер истифода накарданд. Омӯзгор низ баёни мавзуи навро бе истифода аз компютер гузаронид. Хуб мешуд, агар дарсҳо бештар бо истифода аз компютер гузаронида шаванд, чунки бо истифода аз воситаҳои техникии таълим дарс диққатҷалбкунанда гардида, дар ташаккули тафаккури зеҳнии хонанда нақши муассир мегузорад.

Зимни суҳбат Меҳронаи Тоҷиддин иброз дошт, ки барномаи таълимии синфи 10, асосан, кор бо барномаҳои компютерӣ аз қабили Алгоритмсозӣ. Забони алгоритмӣ; Асосҳои барномасозӣ; Забони барномасозии Qbasic; Барномасозӣ дар Visual Basic; Ба кор омодасозии С++…-ро дар бар мегирад, аммо барномаҳои мазкур дар компютер насб нестанд. Аз ҳамин сабаб, дар ҷараёни дарс имконияти хонандагонро аз наздик бо барномаҳо ошно сохтан нест. Бояд қайд кард, ки хонандагон аз ҷиҳати назариявӣ дониши хуб доранд, вале ҳангоми фаъолияти амалӣ чандон фаъол нестанд.

МТМУ №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 4604 хонанда таҳсил намуда, аз фанни технологияи иттилоотӣ 7 нафар омӯзгор ба онҳо дарс мегӯянд. Тибқи иттилои директори муассиса Азизбек Боронов, дар мактаб 3 синфхонаи технологияи иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ, 185 компютер (аз инҳо 58-то компютери таълимӣ), 20 принтер, 20 сканер, 38 тахтаи электронӣ ва 39 проектор мавҷуд аст.

Омӯзгори технологияи иттилоотӣ Маҳмадёқуб Бобоев зимни суҳбат қайд кард, ки дар компютерҳо забонҳои барномасозии Qbasic, Visual Basic ва монанди инҳо мавҷуд аст. Маълум мешавад, ки хонандагон дар ҷараёни тадриси фанни технологияи информатсионӣ тавассути компютер аз рӯйи барномаҳои дарсӣ фаъолият мекунанд. Ғайр аз ин, компютерҳо бо интернет пайваст буда, дар вақти зарурӣ дастраси хонандагон мегардад.

— Якчанд компютер куҳна шуда, қисме аз барномаҳои навро қабул карда наметавонанд ва ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Ин омилро ба назар гирифта, барои муассиса таҷҳизоти наву замонавиро дархост намудем. Инчунин, барои гурӯҳҳои русӣ барномаи таълимӣ аз ин фан дастрас нест, аз ин рӯ, бо истифода аз интернет ва китобҳои электронӣ дарсро мегузаронем,-зикр кард М. Бобоев

Дар идома аз фаъолияти китобхонаи электронии муассисаи мазкур аз наздик ошно гаштем. Дар китобхона компютерҳо ва тахтаи электронӣ низ мавҷуд буда, як гурӯҳ хонандагон ба мутолиа машғул буданд. Дар компютерҳо шакли электронии китобҳои дарсӣ ва китобҳои бадеӣ ҷойгир буда, хонандагон дар вақтҳои холӣ метавонанд аз онҳо истифода намоянд.

МТМУ №23-и ноҳияи Шоҳмансур

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 968 хонанда дошта, аз фанни технологияи иттилоотӣ 4 омӯзгор ба онҳо дарс мегузаранд. Муассисаи мазкур дорои 2 кабинети технологияи иттилоотӣ, 91 компютер, 15 принтер, 4 ноутбук, 16 проектор, 16 тахтаи электронӣ буда, дар назар аст, 1 синфхонаи дигар муҷаҳҳаз бо воситаҳои техникии муосир омода гардад. Бояд қайд кард, ки ҳамаи компютерҳо ба шабакаи интернет пайвастанд.

– Дар муассисаи таълимии мазкур дарсҳо бо истифода аз проектор ва тахтаи электронӣ ҷараён мегиранд. Инчунин, барои хубтар ба роҳ мондани омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ ҳафтаҳои фаннӣ, конференсияҳо ва чорабиниҳо зери унвони «Наврасони асри технология» гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории конференсия ва чорабиниҳо бедор намудани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва дастгириву ҳавасмандгардонии хонандагон дар муассисаи таълимӣ ба ҳисоб меравад.

– Азбаски таваҷҷуҳ ба рушди технологияҳои муосир бештар аст, беҳтар мешуд соатҳои дарсии фанни технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ зиёд шаванд, то хонандагон тавонанд ин фанро боз ҳам хубтар омӯзанд, — қайд намуд директори муассиса Мунзима Нумонзода.

Бояд гуфт, ки истифодаи компютер ва технологияи муосир дар дарсҳо манфиатнок буда, ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки муҳтавои дарсро ба хонандагон на танҳо бо суханони якрангу дилгиркунанда, балки ба таври аёнӣ фаҳмонида, дар ташаккули тафаккур ва дарки мазмун ба онҳо кумак намоянд.

Ирода ТИЛАБОВА,
«Омӯзгор»